Дар бораи и гепатит б маълумот мехохам


Вазорати беҳдошти Тоҷикистон аз афзоиши беморони гирифтори гепатити А, Б, С хабар дод, ки дар 11 моҳи соли равон ба беш аз 6 ҳазор нафар расидаанд.

Вале омори ғайрирасмӣ теъдоди ин бемориро дар кишвар бештар рақам мезанад. Зеро на ҳамаи гирифторони ин беморӣ ба мутахассисон муроҷиат карда, худро номнавис мекунанд.

Собир, як сокини 31-солаи шаҳри Қӯрғонтеппаро мо дар дармонгоҳи бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе вохӯрдем. Ӯ мегӯяд, муддатест, ки дарди шадиди узвҳои дарунӣ ӯро азият медиҳанд. Пизишкон пас аз ташхис дар ӯ бемории гепатити С-ро пайдо намуда ва гуфтаанд, ки аз эҳтимол дур нест, вирус ҳангоми ҷарроҳӣ ба хуни ӯ ворид шуда бошад.

Собир дар сӯҳбат бо мо гуфт, "дар оилаи мо ягон кас ин бемориро надошт ва ягон бор ҷигарам дард намекард. Ҳамеша саломатиам хуб буд. Намедонам аз куҷо ин беморӣ дар ман пайдо шудааст."

Мусоҳиби дигари мо Зӯҳро Бобоназарова низ дар ин беморхона бистарӣ аст ва мегӯяд, "ҳамсарам барои дандонканӣ рафта буд, баъд аз ҳамон гепатит шуд. Ман аввал намедонистам, ки ин беморӣ гузаранда аст. Шавҳарам худаш табобат карда сиҳат шуд, лекин ман ҳоло ҳам табобат дорам."

ОМИЛҲОИ ПАЙДОИШИ ИН БЕМОРӢ КАДОМҲОЯНД?

Пизишкони Маркази бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт, бо изҳори нигаронӣ аз вазъи афзояндаи гепатити хатарзои Б ва С, чанд омил ва заминаҳои пайдоиши ин беморӣ ва сироятёбии одамонро номбар мекунанд.


Сироҷиддин Назаров, пизишки сироятшинос дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин беморӣ бештар тариқи табобати дандон дар марказҳои дандонпизишкӣ ва низ ҳангоми ҷарроҳиҳо тариқи хун мегузарад. Дар ҳамин маркази мо чандин нафарро мо табобат кардем, ки баъди дандон кандан ё ҷарроҳиҳои дигарро гузаронидан бемор шудаанд. Бештари ин беморон ба гепатити С ва Б, ки аз ҳама шадид ва хатарзо аст, гирифтор шудаанд. Мутаассифона хеле аз мардум бо ин беморӣ ба мо муроҷиат мекунанд. Рӯзе мешавад, ки то 10-15 нафар ҳам меоянд."

Бемории гепатит, ки ба гуфтаи мутахассисон дар сурати сари вақт пешгирӣ нашудан, ба саратони ҷигар табдил меёбад, солҳои ахир боиси нигаронии мардуми оддӣ гаштааст ва дар аксар нишасту меҳмониҳо, сухан дар мавриди паёмадҳои ногувори он меравад.

НАЗАРИ ТАБИБИ МАРДУМӢ

Латофат Каримова, табиби мардумӣ мегӯяд, нафароне, ки бо ин беморӣ ба ӯ муроҷиат мекунанд, нисбати чанд соли пеш ба маротиб афзудааст. Ӯ гуфт, "агар ин беморӣ нав сар шуда бошад, ман бо гиёҳҳо табобат мекунам, лекин агар гузашта бошад, онҳоро ба назди духтурон мефиристам. Ин бемории гепатит қаблан набуд. Онро худи духтурон мегузаронанд ба одамон. Домоди худи ман рафта дандонашро канда омад, гепатит шуд. Ҳоло табобат мекунад. Чаро роҳбарон ин хел духтурҳои бепарворо сахт намегиранд?"

Дар ҳоле мардум аз бепарвоӣ ва беназоратии марказҳои дандонпизикӣ шикоят мекунанд, ки духтурони сироятшинос яке аз омилҳои ба маротиб зиёд шудани ҳолатҳои сироятёбии одамонро дар чунин марказҳо, дар бемуҷозот мондани чунин духтурон медонанд.

ЧАРО ТАБИБОН МУҶОЗОТ НАШАВАНД?

Сироҷиддин Назаров, духтури беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе дар ин маврид чунин ибрози назар кард: "Ба назари ман, сабабаш ҳамин аст, ки мардуми мо аз Худо мебинад ва аз болои ин гуна духтурони бепарво шикоят намекунад. То кай сукут кунем. Бояд шикоят кунем. Бояд чунин духтурон муҷозот шаванд. То дигаронашон донанд, ки ин мардум бесоҳиб нест, охир."

Баҳодур, як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам дар суҳбат бо Озодӣ гуфт: "Ман гепатити В дорам. Медонам, ки агар табобат накунам, ҳолам бад мешавад. Рафтам ба клиникаи Мансуров, гуфтанд ташхис 900 сомонӣ мешавад. Баргашта омадам. Пул ёбам, меравам. Намешавад, ки ҳамин ташхисро арзонтар кунанд ё барои мардуми камбағал бепул кунанд? Ман кор намекунам, аз куҷо меёбам 900 сомониро?"

Дар ҳоли ҳозир, ягона дармонгоҳи бемориҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе, барои муайян кардани вируси гепатит ташхисгоҳ надорад. Ягона дармонгоҳе, ки чунин ташхисгоҳро дорад, Маркази гастроэнрология ё машҳур ба "Клиникаи профессор Мансуров" аст, ки ташхис ва табобат дар он аз 400 то 900 сомониро дар бар мегирад.

Вирус — программаи махсус тартибдодашудаи зараррасони хачман начандон калоне мебошад, ки ба раванди мукаррарии кори компютер дахолат намуда, ноаён ба таркиби диску файлхои системавии компютер дохил мешаванд ва программаю хуччатхоро несту хароб месозад. Кариб хар сол намудхои нави вирусхо, ки дарачахои гуногуни сирояткунй доранд, ихтироъ карда мешаванд ва ба воситаи барандагони гуногуни информатсия бо роххои мухталиф ба компютерхо пахн карда мешаванд. Имруз микдори зиёди вирусхо маълум ва мавчуданд. Проблемаи вирусхои компютерй яке аз проблемахои раками якуми асри нав гаштааст.

Яке аз хосиятхои асосии вирусхои компютерй аз он иборат аст, ки онхо хангоми сирояткунй хар дафъа нусхаашонро афзун менамоянд ва ба таври махфй ба дохили файлхои дискхои компютерхо ва махсусан ба секторхои боркунандаи дискхояшон ворид мегарданд.

Агар вирус аллакай дар хотираи компютер мавчуд бошад, вай метавонад дар лахзаи дилхохи барояш кулай фаъол гардад ва компютерро ба ичрои хар гуна амалиёти барои истифодабарандагон номаълум мачбур созад. Фаъолшавии вирусхо метавонад бо ходисахои гуногун, аз кобили вакти муайяни ягон руз, рузи муайяни хафта, ба кор омодасозии программахо, кушодани хуччатхо ва гайра алокаманд карда шуда бошад.

Дангоми ба кор омода сохтани программаи сироятёфта, аввал вирус зуд идоракуниро ба ихтиёри худ мегирад. Баъд вай программаю объектхои дигарро кофта меёбад ва ба сирояткунии онхо шуруъ менамояд. Пас аз он вирус идоракуниро аз нав ба программае медихад, ки худ дар он чой гирифтааст. Ин программа бошад, ба таври муккаррари кори худро давом додан мегирад ва истифодабарандаи компютер дар аввал пай намебарад, ки бо программам сироятёфта кор карда истодааст. Окибатхои амалиёти (сирояти) вирусхо хеле гуногуну рангинанд.

Аз руйи дарачаи зараррасониашон вирусхоро ба намудхон зерин чудо менамоянд:

•Вирусхои бехатар. Чунин вирусхо ба раванди кори компютер таъсир нарасонида, танхо аз хисоби зудафзуншавиашон кисми озоди хотираи дискро ишгол менамоянд, ки ин ба сустшавии суръати кори компютер оварда мерасонад.

•Вирусхои дарацаи хатарнокиашон паст. Ин вирусхо низ ба раванди асосии кори комютер таъсир намерасонанд. Онхо ба экран хар гуна маълумотхои нолозим ва расму графикхои гуногунро бароварда ба асаби истифодабарандаи компютер мерасанд. Баъзеашон садою мусикй мебароранд, баъзеашон функсияи тугмахои клавиатураро тагйир медиханд ва баъзеашон компютерро хомуш мекунанд, вале онхо информатсияи хуччату программахоро хароб намесозанд.

•Вирусхои дарацаи хатарнокиашон миёна. Ин намуди вирусхо сабабгори бозистй ва кори нодурусти компютер ва программахо шуда метавоианд. Онхо махсусан информатсияи дар дискхо махфузбударо кисмаи хароб месозанд. Аксарияташон файлхои кисми иловагии номашон .com-бударо, ки дарозиашон 64000 байт аст, вайрон мекунанд.

•Вирус^ои дарацаи хатарнокиашон баланд. Фаъолшавии чунин вирусхо ба зуд-зуд аз кор баромадан ва нест шудани программаю додашудахо, тагйирёбй ё нестшавии файлу папкахо ва Faftpa оварда мерасонад. Дар чунин холатхо винчестер ё дигар дискхои компютерро аз нав форма! 1 кардан лозим меояд.

Аз руйи намуди объектной сирояткунанда, мухит ва мавкеи чойгиршавй вирусхоро ба вирусхои файлй, боркунанда, макро-(Вирусхо ва шабакавй чудо мекунанд.

■Вирусхои боркунанда. Ин намуди вирусхо нусхахои худро дар сектори боркунандаи (омодасозандаи кор) диски системавй зиёд менамоянд. Дангоми аз диски вирусдор ба кор омода сохтани системам оператсионй, вирусхо ба хотираи фаврии компютер дохил мешаванд ва ба мисли вирусхои файлй рафтор мекунанд. Мухофизати профилактики аз вирусхои боркунанда аз истифода набурдани дискетхои системавй иборат аст.

■Вирусной шабакавй. Ин намуди вирусхо ба воситаи шабакахои компютери пахн шуда, метавонанд хамаи компютерхои бо онхо пайвастро сироят кунанд. Чунин вирусхо бештар ба воситаи почтам элекронй ва шабакаи чахонии Интернет пахн карда мешаванд. Масалан, 5 майи соли 2000 миллионхо иетифодабарандагони Интернет маьлумоти дорой сарлавхаи дик; к, атчалбкунандаи I LOVE YOU-po гирифтанд, ки он аз як файлй вирусдор иборат буд. Ин файл баъди фаъолшавиаш цисми иловагии номи хамаи файлхои компютерро дигаргун месохт ва тамоми системаи файлии онро вайрон менамуд. Бинобарон хангоми кор бо Интернет ва почтам элсктронй, ягона мухофизати профилактики зхтиёткор будан аст.

Хатар — ин имконияти бо ягон восита вайрон кардани бехатарии информатсионй мебошад.

Ичроиши хатар хамла (атака) номида мешавад ва он шахсе, ки чунин амал менамояд бадхохчинояткор номида мешавад. Маркази ичрои хатарро манбаи хатар номида мешавад.

Дар бисёр маврид хатар бо мавчуд будани чои суст дар химояи системаи информатсионй ташкил карда мешаванд (ба монанди хатоги дар таъминоти барномавй….).

Давомнокии аз вакти истифодаи чои сусти химоя то тамомшавии вакти истифодаро оинаи хатар меноманд. То он вакте, ки ингуна оинахои хатарнок мавчуданд, эхтимолияти хамлахо ба системаи информатсионй зиёд мешаванд.

Дар бештари чойхои суст оинаи хатар вакти нисбатан зиёд фаъолият менамояд(якчанд руз, баъзан хафтахо), зеро дар ин вакт бояд ходисахои зерин ба вучуд ояд:

бояд воситаи муайян кунии нуксон, камбудии химояро интихоб кард; бояд дарбеххо(заплаты) сохта шаванд;

дарбех бояд дар химояи системаи информатсиони гузошта шавад.

Хатархоро бо чунин меъёрхо таснифот кардан мумкин аст:

Бо чанбаи(аспект) бехатарии информатсионй, ки ба мукобили он хамаи хатархо дар навбати аввал равона карда шудааст;

Бо кисматхои системаи информатсиони (маълумот, барномахо, аппаратура);

Бо воситаи ичрокунй;

Бо чойгиршавии манбаи хатар.

Хатари бештар пахн шуда ин дастрас шави мебошад.

Бештар хатархо аз тарафи коргарони муассиса, яъне ичро кунандагони системаи информатсиони мебошад. Дангоми ичрои кор онхо метавонанд бегаразона маълумотро бо хатогии худ аз базаи маълумот нест кунанд.

Чунин хатогихо аз тарафи коргарони муассиса аз руи хисоботи оморй аз хатарй сухтор ва дигар офатхо хам баландтар аст, ки ба 65% омада расидааст.

Эхтимол, чорахои катъи барои ба хатоги рох надодан ин автоматизатсия кардан ва назорати чидди намудан мебошад.


Дар моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Чин хурӯҷи пневмония сабт карда шуд, ки он бо таъсири намудани номаълуми коронавирус ба вуҷуд омадаст. Аввалин шахсони ба ин бемори дучоршуда, меҳмонони бозори маҳсулотҳои баҳрии ҳамин минтақа мебошанд ва баътар аниқ шуд, ки ин намуди вирус аз одам ба одам мегузарад.
Аз рӯйи охирон маълумотҳо моҳи феврал дар Чин зиёда аз 85000 одамон бемории коронавирус шуда, зиёда 2700 нафар фавт кардаанд. Берун аз Чин одамони ба коронавирус дучоршуда зиёда аз 4000 ташкил медиҳад, ки дар давлатҳои ба монанди Итолиё, Эрон, ИМА, Канада, Русия, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Австралия ва ғайра қайд карда шудаанд.

Синдроми респиратории осиёи наздик (СРОН) вируси бемории респираторӣ буда, бо тасири коронавируси нав ба амал омадааст, ки он бори аввал дар Арабистони Саудӣ соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд.
Коронавирусҳо оилаи калони вирусҳое, ки имконияти ба амал овардани бемориро аз шамолхурии одӣ то ба синдроми респиратории вазнин дорад.
Аломатҳои одии СРОН ин таби баланд, сулфа ва нафасгирӣ мебошад. Аммо, бисёр ҳолатҳои ин бемори дар лабораторияҳо ҳамчун бемориҳое, ки бе ягон аломатҳо ба вуҷуд омадаанд қайд шудаанд.
Тақрибан 35-40% беморони бо СРОН сабт шуда, фавт намудаанд. Бисёри ҳолатҳои гузариши ин вирус аз як шахс ба шахси дигар танҳо ҳангоми алоқаи зич, мисол ҳангоми расонидани тиббӣ бе воситаҳои муҳофизатӣ мегузарад.
Тахмин карда мешавад, ки хурӯҷи вирус бо расонидани ёрии тиббӣ вобаста, асосан дар Арабистони Садуӣ, АМА ва Кореяи Ҷанубӣ бисёр мебошад.

Аломатҳо (Симптомҳо)

Зуҳуроти клиникии сирояти СРОН аз набудани ягон аломатҳо ва ё аломатҳои респирптории сабук то бемории бемориҳои шадиди роҳи нафас ва фавт иборатанд.
Расми хоси СРОН ин асосан табларзаи баланд, сулфа ва нафасгирӣ меошанд ва одатан, аммо на ҳамеша пневмония ошкор карда мешавад. Аломатҳои гастроэнтрологӣ, аз ҷумла дарунравӣ низ сабт карда мешаванд. Дар ҳолати вазнини ин беморӣ ҳабси нафас пайдо мешавад, ки вентилятсияи механикӣ ва кӯмакро дар шаъбудаи реаниматсионӣ талаб мекунад. Ба назар расида истодааст, ки нн вирус асосан дар байни одамони калонсол, онҳое, ки систмеаи иммунитети паст дошта ва шахсони гирфитори бемориҳои музмин (хроникӣ), аз қабили саратон, бемориҳои музмини шуш ва диабет мебошанд бемории шадидро ба амал меоранд.

Сарчашмаи вирус

СРОН вируси зоонотикӣ, яъне вирусе, ки байни ҳайвоноту одамон мегузарад. Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки одамон тавассути алоқаи мустақим ва ғайримустақим бо шутурони сироятёфта сироят меёбанд.
Пайдоиши ин вирус то ҳол пурра маълум нест, аммо тибқи таҳлили геномҳои гуногуни вирус, чунин ҳисобида мешавад, ки он дар байни “кӯршапаракҳо” сарчашма гирифта, ба шутурҳои якпокка гузариш намудааст.

Роҳи гузариш

Гузариш аз ҳайвон ба одам: Маълумоти пурраи аниқ оиди гузариш вуҷуд надорад, аммо шутурони якпок мумкин аст, ки сарчашмаи асоси СРОН ва манбаи сироят ба одамон бошад. Дар шутурҳо дар якчанд кишварҳо, аз ҷумла Миср, Оман, Қатар ва Арабистони Саудӣ ташхис шудаанд.
Гузариш байни одамон: ин вирус ба одамон бо осонӣ гузариш намекунад, агар ягон алоқа вуҷуд надошта бошад, масалан ҳангоми расонидани ёрӣ бе воситаҳои муҳофизатӣ. Дар муассисаҳои тиббӣ гурӯҳҳо ба вуҷуд омадаанд, ки дар он ҷой гузариш байни одамон бештар аст, хусусан агар усулҳои пешигрӣ ва назорати сироят ба таври кофӣ иҷро нашуда бошанд. Гузариши сироят аз одам ба одам маҳдуд буда, дар байни аъзоёни оила, беморон ва кормандони соҳаи тиб рух медиҳад.

Пешгирӣ ва табобат

Айни замон ягон, доруи мушаххас ё ваксина барои ин беморӣ вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, якчанд ваксинаҳо ва доруҳо таҳия шуда истодаанд. Имрӯзҳо, табобат аз таъин кардани терапияи нигоҳубин, вобаста ба ҳолати бемор иборат аст.
Ҳамчун як чораи умумӣ, ҳар касе, ки ба фермаҳо, бозорҳо, говхонаҳо ва ё ҷойҳои дигар, ки намудҳои дигари ҳайвонтҳо ҳастанд, ҳангоми ба ин ҷойҳо ташриф овардан, бояд ҷораҳои мумии гигиениро риоя намуд, аз ҷумла шустани дастҳо пеш аз он ки ба ҳайвонҳо расидан мебошд.
Истеъмоли маҳсулоти хом ё нокифоя пухташудаи ҳайвонотӣ, аз ҷумла шир ва гӯшт, бо хатари сироятёбӣ бо микроорганизмҳои гуногун алоқаманд аси, ки аз он одамон метавонанд касал шаванд. Маҳсулоти дуруст пухта ё пастеризатсияшудаи ҳайвонот, ки хӯрдан бехатар аст истеъмол кардан мумкин мебошад.

Абдураимзода Ш., Сардори қисми тиббии факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.

Маълумот оид ба дастовардҳои соҳаи энергетика дар шаҳри Душанбе

аз давраи 1991 то ба давраи соли 2018.

Соли 1991 дар шаҳри Душанбе 20 адад зеристгоҳҳои барқӣ бо иқтидори умӯмии 640 мВА ба муштариён хизмат мекард. Ҳоло шумораи ин зеристгоҳҳо ба 34 адад расонида шуда, илова бар ин қисми зиёди онҳо таҷдид шуда, иқтидори умӯмӣ ба 1335,8 мВА баробар шудааст. Дар мувозинаи корхона зеристгоҳҳои барқии 110-35-6-10 кВ ба миқдори 34 адад қарор дошта, ба системаи ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ тавассути хатҳои баландшиддати 35-110 кВ пайваст мебошанд. Аз ин зеристгоҳҳои барқӣ 28 адад бо шиддати 110 кВ ва 6 адад бо шиддати 35 кВ фаъолият доранд. Тавоноии умумии зеристгоҳҳои барқӣ 1335,8 мВА–ро ташкил медиҳанд. Зиёда аз 30% зеристгоҳҳо бо сабаби солҳои тулонӣ дар истифода қарор доштанашон (аз 26 то 64 сол) таҷҳизотҳои сохторҳои тақсимотии 6-10 кВ фарсуда шуда, ба таҷдиду азнавсозӣ эҳтиёҷ доранд. Дар мавсими сармо бо назардошти афзун гаштани истифодабарии нерӯи барқ ва пайвасти иқтидорҳои нав трансформаторҳои ин зеристгоҳҳо дар ҳолати сарборӣ қарор дошта, аз бори максималии трансформаторҳои зикргардида аз меъёри номиналӣ аз 5 то 20 фоиз зиёд мебошанд, ки эътимоднокии таъминоти барқро паст намуда, сифати онро коҳиш дода, боиси норозигии муштариён мегардад.

Фарқият нисбати солҳои1991-2016 бо %

Хатҳои барқии ҳавоии 6/10 кВ

Хатҳои барқии ҳавоии 0,4 кВ

Хатҳои барқии ҳавоии 0,4 кВ бо ноқили худбари изолятсяшуда 1 кВ (СИП)

Хатҳои барқии зеризаминии 110 кВ

Хатҳои барқи изеризаминии 35 кВ

Хатҳои барқии зеризаминии 6/10 кВ

Хатҳои барқии зеризаминии 0,4 кВ

Истгоҳҳои трансформатории 6/10-0,4 кВ

Зеристгоҳҳои барқии 110/35/10-6 кВ

Нуқтаҳои тақсимтотии 6/10 кВ

Дар солҳои 1991-2016 бо ҷалби сармояҳои ташкилотҳои молиявии байналлмилалӣ тадбиқи як қатор лоиҳаҳо дар шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шудааст. Дар доираи тадбиқи лоиҳаи фонди Кувайт ба миқдори 15 млн. доллари ИМА корҳо ба сомон расонида шудаст. Аз ҷумла. ивази хатҳои барқии 0,4-6-10 кВ фарсудагашта ба миқдори 12 км гузаронида, таҷдиди истгоҳҳои трансформатории 6-10 кВ ба миқдори 77 адад дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Инчунин, дар доираи татбиқи лоиҳаи “Кам намудани талафоти неру” ва ба кор андохтани системаи нави ба ҳисобгирии неруи барқ “Биллинг”, корҳо дар ҳаҷми 16 млн. доллари ИМА анҷом дода шудаанд. Дар доираи ин лоиҳа зиёда аз 75 км ноқилҳои луч ба ноқилҳои худбари изолятсяшуда НХИ- 1 кВ иваз карда шудаанд. Аз ҳисоби лоиҳа 170 416 адад ҳисобгиракҳо ва таҷҳизотҳои ба онҳо алоқаманд, кабелу ноқилҳо, 3612 адад трансформаторҳои ҷараён, харидорӣ ва насб карда шудаанд. Бо мақсади пурра ба анҷом расонидани Лоиҳаи “Таъмини барқ дар давраи зимистон”, Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузории насби ҳисобгираҳоро дар соли 2015 аз ҳисоби пешпардохт пешбинӣ намуд. Дар ин раванд насби зиёда аз 40 ҳазор ҳисобгирак ба нақша гирифта шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд. Гузоштани ҳисобгиракҳои электронӣ дар зеристгоҳҳо, истгоҳҳои трансформаторӣ ва муштариён ба шабакаҳои барқӣ имконият дод, ки тавозуни (баланси) энергияи аз зеристгоҳ ба истгоҳҳои трансформаторӣ ва аз истгоҳҳои трансформаторӣ ба муштариён интиқолшаванда тартиб дода шавад.

Мувофиқи нақшаи бисёрсолаи таъмири асосии шабакаҳои барқӣ дар се соли оянда чунин таъмирҳо бояд гузаронида шаванд:

Ҳаҷми корҳои таъмирӣ

Дар солҳои 2005-2017 бо зиёд шудани талабот ба истифодаи нерӯи барқ аз ҳисоби зиёд шудани корхонаҳои саноатӣ ва аҳолӣ, бо мақсади таъмини талаботи шаҳрвандон бо барқи хушсифат дар зиёда аз 9 адад зеристгоҳҳои барқии баланшиддат иқтидори зеристгоҳҳо бо роҳи иваз намудани трансформаторҳои тавоноииашон паст ба баланд зиёд карда щуда, дар 5 зеристгоҳ навбати дуюм ва дар ду зеристгоҳ навбати сеюми трансформаторҳои қуввагӣ насб шуданд. Инчунин дар солҳои охир ду зеристгоҳи нав сохта ба истифода дода шуд. Зиёда аз 78 адад васлакҳои равғандори шиддаташон гуногун ба таҷҳизотҳои дорои технологияи муосир иваз карда шудаанд.

Ҳолати қабули нерӯи барқ дар ин давра.

Афзуншавии истифодаи барқ дар с.1991-2016

Қабули нерӯи барқ

Бо назардошти он, ки қисми зиёди таҷҳизотҳои барқии шабакаҳои тақсимотии 0,4-6-10-35-110 кВ зиёда аз чил сол дар истифода қарор дошта, фарсуда ва ба таъмир эҳтиёҷ доранд, дар истифодабарии техникӣ мушкилотҳои зерин ҷой доранд. Аз ҷумла, дар натиҷаи истифодаи тӯлонӣ хатҳои кабелии 6-10 кВ бори номиналии худро гирифта наметавонанд ва аз ин ҳисоб садамаҳои барқӣ ба амал меоянд. Бо мақсади аз байн бурдани мушкилотҳои ҷойдошта, дар доираи маблағҳои грантии Ҷумҳурии Ҷопон дар шаҳри Душанбе таҷдиди зеристгоҳи барқии “Промишленная” 110/35/10 кВ, ва сохтмони зеристгоҳи барқии нав дар назди иншооти Радиостансия ба нақша гирифта шудааст. Дар ҶСК “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” ба миқдори 1727,6 км хатҳои барқии зеризаминии 0,4-6-10 кВ мавриди истифода қарор доранд. Аз ҷумла хатҳои барқии зеризаминии 35 кВ - 9,9 км, хатҳои барқии зеризаминии 6-10 кВ – 935,1 км, хатҳои барқии зеризаминии 0,4 кВ - 778,6 км-ро ташкил медиҳанд. Бояд қайд кард, ки 346,3 км хатҳои барқии зеризаминии 0,4 зиёда аз 35 сол ва 133 км хатҳои зеризаминии 6-10 кВ зиёда аз 30 сол дар истифода қарор дошта, ҳангоми ба истифода додан бори ноқилҳои кабелӣ бо дарназардошти бори замони мавҷудбуда (солҳои 50-60-ум) пешбинӣ карда шуда буданд, ки қисми зиёди хатҳои барқии зеризаминӣ дар ин муддат ба садамаҳо дучор гашта, айни ҳол аз 10-15 бастак (муфта) зиёд доранд. Инчунин, дар мавсими сармо ин ноқилҳои кабелӣ иқтидори гузаронидани бори муқарраршударо надоранд ва ба таҷдиду азнавивазкунӣ эҳтиёҷ доранд. Ҳамагӣ дар шаҳри Душанбе ба миқдори 862,7 км хатҳои барқии ҳалқавӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад. Аз ҷумла ХБҲ-253,6 км, ХБҲ- 0,4кВ – 534,4 км, ХБҲ-0,4 кВ бо ноқили худбари изолятсияшуда 1кВ- 74,72 км-ро ташкил медиҳанд. Қисмати зиёди хатҳои барқӣ ҳавоии 0,4-6-10 кВ ба таҷдиду таъмир ва иваз эҳтиёҷ доранд. Дар як қатор хатҳои барқӣ симчӯбҳои чубин фарсуда гашта, ноқилҳои хатҳои барқӣ бо сабаби зиёда аз 30-40 сол дар истифода қарор доштан хосияти техникии худро гум кардаанд. Шумораи умумии истгоҳҳои трансформатории 0,4/6-10 кВ дар мувозинаи ҶСК “Шаакаҳои барқии шаҳри Душанбе” 1507 ададро ташкил медиҳанд. Асосан истгоҳҳои трансформаторӣ солҳои охир аз сабаби фаъолият надоштани дигар сохторҳои муҳандисӣ оид ба таъминоти манбаъи энергия (оби гарм, гармкунии биноҳо ва газ) дар фаслҳои сардӣ ба ҳолати сарборӣ мерасанд ва бинобар ин тез-тез садамаҳо руй дода, боиси қатъшавии барқ мегардад. Исгоҳҳои трансформатории дорои як трансформатор, ки зиёда аз си чил сол дар истифода қарор доранд, дар маркази шаҳр ҷойгир буда, ба талаботҳои архитектураи шаҳрӣ ва дар истифодабарии техникӣ ба талабоҳои имрӯза ҷавобгӯ нестанд. Ҳамзамон барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ, кам намудани талафот ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти барқ чунин таклифҳоро пешниҳод менамоем:

  1. Аз истифода баровардани трансформаторҳои тавоноии 1000-1600 кВА ба трансформаторҳои 630 кВА дар истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4кВ.
  2. Кашидани хатҳои кабелии 0,4 кВ ба биноҳои истиқоматии баландошёна аз истгоҳ ба ҳар бино дар алоҳидагӣ.
  3. Дар истифода қарор додани таҷҳизотҳо ва технологияи нав.
  4. Сохтмони зеристгоҳҳои 220-110кВ дар маркази шаҳр.
  5. Пурра гузаштан аз шиддати 6 кВ ба шиддати 10-20 кВ .
  6. Ивази хатҳои барқии ҳавоии 6-10кВ ба ноқилҳои изолиятсияшуда дар маркази шаҳр ба миқдори 26 км, хатҳои барқии ҳавоии кучаҳои М.Турсунзода, Ҷ. Расулов.
  7. Гузаштан аз ноқилҳои луч ба ноқилҳои НХИ (СИП)-1000В.
  8. Дар истифода қарор додани тунелҳои кабелӣ, таҷдиди шабакаҳои интиқоли 0,4-6-10кВ
  9. Марҳила ба марҳила таҷдиди истгоҳҳои трансформатории дорои як трансформатор дар маркази шаҳр.
  10. Ивази ноқилҳои биноҳои баландошёна, ки буришашон то 25мм 2 мебошад, инчунин мутобиқ кардани бори ҷараён бо худкор (автомат).
  11. Гузаштан ба системаи нави баҳисобгирии нерӯи барқ “Биллинг”.
  12. Таҷдиди пурраи шабакаҳои тақсимотии 0,4-6-10кВ ба таври замонавӣ-шаҳрӣ.

Оид ба вазъи воқеъӣ ва дурнамои рушди соҳаи энергетика

дар шаҳри Душанбе дар солҳои 2017-2025.

Ҳамагӣ миқдори трансформаторҳои қуввагии зеристгоҳҳои барқӣ 68 ададро ташкил медиҳад, ки мӯҳлати истифодабарии 50 фоизи онҳо гузаштааст. Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки қисми зиёди сохторҳои тақсимотӣ (ОРУ-110 кВ, 35 кВ) солҳои зиёд дар баҳрабардорӣ буда, дастрас намудани қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо ғайриимкон мебошад. Дар сурати таҷдид намудани зеристгоҳҳои барқӣ, ивази трансформаторҳои тавоноиашон паст ба баланд дар ин зеристгоҳҳо ва ивази сохторҳои тақсимотии 6-10 кВ бо намуди муосир, мушкилотҳои сарбории трансформаторҳо аз байн рафта, омилҳои рух додани садамаҳо дар таҷҳизотҳои барқӣ пешгирӣ карда мешаванд. Инчунин, таъминоти боэътимоди барқ ва сифати он ба талабот ва меёрҳо ҷавобгӯ мегардад. Илова бар ин, дар як қисми трансформаторҳои 6-10 кВ, ки бори воқеии онҳо аз меъёр зиёд мебошанд, эҳтиёҷ ба иваз намудани тавоноии паст ба баландро доранд.

Нишондиҳандаҳои омории

соҳаи энергетика дар шаҳри Душанбе дар солҳои 1991-2016.



Наргис — Ин гули хушбӯй ду навъ мебошад: яке қадаҳӣ, дигараш дутубақа. Гули навъи қадаҳии онро дар мобайнаш ба шакли қадаҳе ё пиёлачае, зардранг, баргҳои гулаш шаш адад, сафед ва моил ба гирдак. Инро наргиси нар ҳам мегӯянд ва навъи дутубақаро наргиси мода мехонанд. Баргҳои он зиёда ва бо рангҳои гуногун, аз ҷумла, бунафш. Бехреша, поя, барг ва тухмаш ба пиёзча монанд аст.

Пиёзаки наргиси қадаҳиро ба шакли салиб бурида, яъне каме чок карда бишинонанд, наргиси дутубақа мерӯяд. Мизоҷи гул ва пиёзаки он дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст, як қатор табибон инро мӯътадил дар гармию хушкӣ ва баъзеи дигарон дар дараҷаи дувум гарм ва хушк гуфтаанд.

Хислатҳои шифобахши он: гулашро бибӯянд, дарди сари балғамӣ ва савдовиро таскин медиҳад, гиреҳи майнаро мекушояд, инчунин назла ва зукомро, ки аз сардӣ бошанд, дафъ мекунад. Табиби номӣ Ҷабраили Бахтищуъ гуфтааст, ки ҳар кӣ хоҳад, ки дар зимистон зуком пайдо кунад, наргисро бардавом бибӯяд.

Агар инро кӯфта гузошта банданд, ширинчаро сиҳат мекунад ва назларо манъ месозад. Пиёзаки хушки онро маҳин соида бипошанд, пардаи дудмонанди ба чашм афтода ва нохунаки ин узвро дафъ мекунад.

Пиёзаки онро кӯфта, бо асал сиришта гузошта банданд, ҷингак шудани асабҳои чашмро ба ибро меоварад.

Ин пиёзакро хоида ё пухта бихӯранд, бағоят поккунандаи бадан мебошад, хусусан бо асал бихӯранд, таъсираш зиёдтар мегардад ва ҳар чӣ дар меъда ҷамъ шуда бошад, хориҷ менамояд, бачадонро аз моддаҳои зарарнок пок мекунад; бачаи занони ҳомиларо хоҳ зинда бошад ва хоҳ мурда, аз шикам меафтонад, инчунин захмҳои берунӣ ва ботиниро ба ҳам меоварад. 14 грамм пиёзаки онро бо шаҳдоб (асалоб) бихӯранд, ҳамаи намудҳои кирмҳои меъдаро ихроҷ мекунад, дардҳои гуногуни хичак ва бачадонро таскин медиҳад.

Ин пиёзакро се рӯз дар шир тар намуда, баъд хушконида, соида, ба закар гузошта банданд, боҳро қувват мебахшад, закарро ҳам калон мегардонад; бар поёнтари, яъне бехи закар гузошта банданд, агар аз қобилияти мардӣ нотавон гашта бошанд, ин хислати мардиро барқарор мекунад. Пиёзаки онро ба танҳоӣ гузошта банданд, боҳро қувват мебахшад ва закарро калон мегардонад.

Пиёзаки хушкро кӯфта бипошанд, хуни ҷароҳатро манъ мекунад ва худи ҷароҳатро ба ҳам оварда сиҳат менамояд. Кӯфтаи онро бо сирко ва асал хамир сохта гузошта банданд, захмҳоро пок месозад ва дубайла, яъне кӯряраҳои калонро, ки пухта шудани онҳо хеле душвор аст, мекафонад; инро бо орди гандум ё бо орди гандуми девона ва асал хамир карда гузошта банданд, тир, хор ва монанди инҳоро, ки ба ягон ҷойи бадан даромада бошанд, берун меоварад; варами асабҳоро таҳлил медиҳад. Пиёзаки онро кӯфта, бо сирко ва асал даромехта гузошта банданд, реш ва ҷароҳатҳои калон ва чуқурро аз риму чирк пок мекунад ва даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад ва торҳои гусастаи асабро ба ҳам пайваст менамояд.

Наргисро кӯфта, бо асал сиришта гузошта банданд, дарди кӯҳнаи асабҳо, пайвандҳо (буғумҳо) ва ниқрисро, ки дард ва варами ангӯштони дасту поҳо мебошад, ба ибро меоварад, инчунин шикастагии узвҳоро ба ҳам пайваст менамояд. Агар худашро танҳо кӯфта, гузошта банданд, ҷароҳатҳои узвҳои асабониро ба ҳам мечаспонад. Агар инро бо асал сиришта гузошта банданд, сӯхтагии оташро сиҳат мекунад. Агар кӯфтаи инро бо сирко сиришта гузошта банданд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад; доғҳои сафеди пӯст ва дигар доғҳои ин узвро дафъ мекунад.


Истеъмол кардани наргис барои одамони гарммизоҷ зарар дорад: онҳоро дарди сар мекунад. Давои ин зиёнаш бунафша ва кофур хӯрдан аст. Хислати гули он дар ҳама бобатҳои тиббӣ монанди пиёзаки он аст. Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз 7,5 грамм аст.

Аз гули наргис равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Дар шиша то нима равғани кунҷиди тоза андохта, даруни онро аз гули наргиси тару тоза пур мекунанду ба офтоб мегузоранд. Дар панҷ-шаш рӯз бӯй ва ранги гулҳо ба равған мегузарад. Он гоҳ гулҳоро фишурда аз равған дур мекунанду гулҳои нав дохил менамоянд ва ҳамин тариқ, то чил рӯз дар офтоб нигоҳ медоранд. Баъд гули охирин дохил кардашударо ҳам фишурда дур месозанд, ки ин равған равғани наргис ҳисоб меёбад.

Молидани ин равған дардҳои савдовӣ ва бодиро дафъ мекунад, инчунин дарди сарро, ки аз ҷамъ шудани бод ва дарди сари аз тарӣ ва савдовиро, инчунин ҳамаи дардҳоро, ки сабабашон сардӣ бошад, дафъ мекунад; барои бемориҳои асаб мувофиқ аст, даҳани бандгаштаи бачадонро мекушояд ва дарди онро ҳам таскин медиҳад. Вале одамони гарммизоҷро дарди сар мекунад.

Мизоҷи тухмаш то дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: 1,75 грамм тухми наргисро кӯфта, бо шири нандӯшида биёшоманд, боҳро (пушти камарро) бағоят ба ҳаракат меоварад. Кӯфтаи онро бо сирко сиришта гузошта банданд, доғи кунҷидак, доғи сафеди пӯст ва доғҳои сиёҳро аз пӯсти бадан дафъ мекунад.


10 декабри соли 2012 бо дастгирии ОБСЕ, ЕС, UNICEF, UNHR, Фонди Сорос ва HELVETAS дар маҳаллаи Ҳавузаки Поёни ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров, дар ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Ёвон, мактаби № 6 ҷамоати Арали ноҳияи Восеъ, мактаби № 13 минтақаи Чапаеви ҷамоати Калинини ноҳияи Ҷомӣ чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар гузаронида шуданд. Дар чорабиниҳои мазкур 170 нафар шаҳрванд иштирок варзиданд.

Мақсади асосии гузаронидани чорабиниҳои мазкур ин баланд бардоштани сатҳи дониши мардум бо роҳи шиносоӣ намудан бо ҳуҷҷатҳои байналмиллалие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, хусусан Декларатсияи умумии ҳуқуқи башар, Аҳдномаи байналмиллали оиди ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ, Аҳдномаи байналмиллаӣ оиди ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва ғайра.

Дар вақти баромад ҳуқуқшиносон қайд намуданд, ки имрӯз ҳуқуқҳои асосии инсон дар Декларатсия мустаҳкам карда шуда, аз тарафи ҳамаи давлатҳо аъзоёни СММ эътироф карда шудаанд ва барои баланд бардоштани таъсири он мусоидат намуда, аҳамияти ҳуқуқҳои инсонро дар зиндагии мо тасдиқ мекунад.

Эътироф намудани ҳуқуқҳои инсон на танҳо ҳуқуқ барои иҷрошавии он, балки иҷро намудани вазифаҳои муайянро маънидод мекунад. Мувофиқи ҳуқуқи байналмиллалӣ давлатҳо ба ӯҳдаи худ вазифаро оиди эҳтиром, ҳимоя ва иҷрои ҳуқуқи инсон мегиранд. Эҳтироми ҳуқуқи инсон дахолат накардани давлатро ба иҷрошавии ҳуқуқҳои инсон ва қаноатӣ аз маҳдуд кардани ҳуқуқҳоро дар назар дорад. Ӯҳдадорӣ оиди ҳимояи ҳуқуқҳои инсон аз тарафи давлат ин ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ надодан. Иҷрои ҳуқуқҳои инсон давлатро вазифадор мекунад, ки бемалол иҷрошавии ҳуқуқҳои асосии инсонро кафолат диҳад. Дар сатҳи алоҳида бошад, ҳар як инсон бояд ҳуқуқҳои дигаронро эҳтиром кунад.

Қайд карда шуданд намудҳои асосии ҳуқуқҳои инсон, ба монанди:

1. Шахс ӣ + сиёсӣ;

2. Иҷтимоӣ – иқтисодӣ;

3. Маданӣ + коллективӣ

Бо қабули Декларатсияи умумии ҳуқуқи башар аз тарафи Ассамблеяи Генералии СММ 10 декабри соли 1948 ҳаракати байналмиллалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон пурзӯр карда шуд.

Як қатор шартномаҳои байналмиллалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва дигар воситаҳои монанд, ки пас аз соли 1945 қабул карда шудаанд, ҳуқуқҳои инсонро қонунӣ мустаҳкам карда ба инкишофи механизми байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқхои инсон мусоидат намуданд.

Шартномаҳои байналмиллалиро дар соҳаи ҳуқуқи инсон тасдиқ намуда, давлат ба қабули чораҳои дохилӣ ва қонунҳо бо мувофиқат ба ин шартномаҳо вазифадор мешавад. Дар ҳолате, агар давлат аз ӯҳдаи вазъиятҳои вайроншавии ҳуқуқҳои инсон набарояд, дар сатҳи минтақавӣ ва байналмиллалӣ механизм ва тартиби баррасии шикоятҳои алоҳида, ки аз тарафи ҳокимияти маҳаллӣ ба таъмини риоя, татбиқ ва иҷрошавии ҳуқуқҳои инсон даъват карда шудаанд, дастрас мебошанд.

Ҳуқуқи байналмиллалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон меъёру талаботҳоро, ки давлатҳо барои риояи онҳо вазифадоранд, тасвият мекунад. Иштирокчии шартномаҳои байналмиллалӣ шуда, давлатҳо ба худ вазифа ва масъулияти эҳтиром, ҳимоя ва таъмини ҳуқуқҳои инсонро қабул менамоянд.

а) риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

б) барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд;

в) такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

г) баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи он;

д) ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

е) рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён фаъолона иштирок намуда саволҳо додаанд ва аз он ҳуқуқшиносон муайян намуданд, ки шаҳрвандон пештар дар бораи вуҷуд доштани ҳуҷҷатҳои байналмиллалӣ, ки аз тарафи давлати мо тасдиқ карда шудаанд, хабар надоштаанд . Ва дар навбати худ давлат ба зиммааш вазифаи мувофиқат намудани қонунгузории дохилӣ ва таҷрибаи татбиқи қонунҳоро ба талаботу меъёрҳое, ки шартномаҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқгардида муқаррар мекунанд, мегиранд. Ва инчунин қонунгузории миллӣ ба шахс ҳимояи асосии ҳуқуқии ҳуқуқҳои ӯро, ки меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ кафолат медиҳанд, имконият медиҳад.

Барои тасаввуроти возеҳ аз тарафи ҳуқуқшиносон дар ватман рӯйхат ва номгӯи ҳуҷҷатҳои байналмиллалӣ, ки аз тарафи давлати мо тасдиқ карда шуда ва ватман бо нақшу нигори ҳуқуқҳои инсон тайёр карда шуд. Барои мустаҳкам кардани маводи гузашта дар қоғазҳои қанд саволҳо аз рӯи мавзӯи гузашта пешниҳод карда шуданд, ки ба ҳар яки он иштирокчиён бо шавқи зиёд ҷавоб доданд. Ҳар як иштирокчии чорабинии мазкур дар бораи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ, ки дар ҳуҷҷатҳои байналмиллалӣ, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, хабардор гашт.

Читайте также:

Пожалуйста, не занимайтесь самолечением!
При симпотмах заболевания - обратитесь к врачу.