Хутба рузи чума ба забони точики фото

РУЗИ ЧУМЪА МУБОРАК.
Рӯзи ҷумъа аз он рӯзҳоест, ки Худованд дар каломи поки худ ин рӯзро бузург шуморида ва дар ин рӯзи муборак ду ракъат намозро барои ҳамаи мусалмонон фарз гардонидааст, ки намози ин рӯз ва рӯзаш дар таърихи Ислом мавқеъ ва мақоми хоссаеро доро мебошад. Рӯзи ҷумъа барои мусалмонон рӯзест, ки ҳар ҳафта онро чун иди исломӣ ҷашн мегиранд ва дар ин рӯз ба машғулиятҳои дунё камтар машғул шуда, бештар дар тоату ибодат ва зикру тиловати Қуръон мегузаронанд.

Инчунин, мардуми мусалмон аз рӯйи одобе, ки уламои Ислом баён намудаанд, таёрии гузаронидани ин рӯзро аз рӯзи панҷшанбе сар мекунанд. Ҳамин аст, ки Паёмбар (с) мефармояд: "Касе намози ҷумъаро се бор ба ғайри узр тарк менамояд, Худованд дар дили ӯ муҳри ҷаҳолатро мезанад".
Бартарӣ ва бузургии ин рӯз дар он аст, ки ин рӯз дар дини Ислом аз беҳтарин рӯзҳост, ки онро сайид-ул-айём меноманд ва намози ин рӯз аз беҳтарин намозҳост. Ғайр аз ин дар ин рӯзи муборак бештари воқеот ва ҳодисоти бузурги Ислом рух додаанд, ки дар ҳадиси Абуҳурайра (рз) чунин омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: "Беҳтарин рӯзе, ки дар он офтоб тулӯъ кардааст, рӯзи ҷумъа мебошад. Дар ин рӯз Одам (ъ) халқ шуда ва дар ҳамин рӯз дохили ҷаннат гаштаву дар ҳамин рӯз аз ҷаннат ба сабаби хӯрдани гандум ба замин фиристода шуд. Дар ҳамин рӯз Одам (ъ) дунёи фониро бо қазои илоҳӣ падруд гуфта, ба олами охират риҳлат намудааст. Ин рӯзест, ки дар ин рӯз қиёмат қоим хоҳад шуд ва дар ҳамин рӯз мардуми мусалмонеро, ки ҷаннат насибашон гардидааст, дидори худованд бар онҳо муяссар мегардад".

Аммо фарзият ва аслияти рӯзи ҷумъа ва намози он дар каломи поку муназзаҳи Худованд чунин шарҳу эзоҳ ёфтааст, ки мефармояд: "Эй ононе, ки имон доред бар Худованд, ҳар вақт ки даъват карда шудед ба намози ҷумъа, яъне баъд аз он ки шахси азондиҳанда шуморо садо мекунад, ба тарафи комёбӣ ва растагорӣ, яъне адои намоз, бишитобед ба тарафи масҷид, барои зикри Худованд ва боз доред худро аз машғулитҳои тиҷорат ва умури дунё…".

Аз ояти мазкур, ки Худованд бар бандагон намози ҷумъаро фарз гардонидааст, баён мегардад, ки намози ҷумъа аз ду рукни асосӣ иборат мебошад. Яке хондани хутба ва дигаре адои намоз. Бештари муфассирин дар шарҳи ин оят мақсад аз "зикри Худованд" хутбаро дар назар гирифтаанд, яъне хутба аз шартҳои асосии намози ҷумъа ба ҳисоб меравад, ки дар ғайри он намози ҷумъа барпо шуданаш имкон надорад.

Пас метавон гуфт, ки хутбаи намози ҷумъа яке аз фарзияҳои он мебошад, ки гӯш кардан ва адо намудани он аз ҷониби хатиб ҳатмӣ ва лозимӣ мебошад. Ҳазрати Умар ва модари мӯъминин Оиша (рз) дар ривояте гуфтаанд, ки: "Сабаби кӯтоҳ шудани намози ҷумъа ин хондани хутба мебошад". Сабаби дигари воҷибияти хутба он аст, ки Расулуллоҳ(с) дар ҳадиси шарифе иршод фармуда ки: "Намозҳоятонро ба он тарзе, ки ман намоз мехонам, адо намоед".

Ғайр аз ин тамоми уламо ва муҳаққиқони масоили шаръӣ бар онанд, ки Паёмбар (с) ҳеҷ гоҳ намозашро ба ғайр аз хондани хутба анҷом надодааст.

Маънои хутба, аслан, суханронӣ карданро гӯянд, аммо дар истилоҳи шаръ хутба иборат аст аз ҳамд гуфтани Худованд ва шукри ӯро ба ҷо овардан, дуруд фиристодан бар Пайғамбар (с), васият ва ёддоварӣ кардани мардум ба тарсу тақво аз Худованд ва қироату тиловати оёте чанд аз каломи поки илоҳӣ. Хутба дар намози ҷумъа аз ду қисмат иборат аст.

Яъне имом баъди хондани ҳамду санову дуруд бар Паёмбар (с) ва васияти мардуму тиловати оёти қуръонӣ ба як миқдори кӯтоҳе мешинад ва баъд аз бархостан боз ба хондани қисмати дуюм шурӯъ мекунад. Аммо муқтадӣ ё одамоне, ки барои адои намози ҷумъа ҷамъ омадаанд онҳо чи кореро бояд дар ин ҳолат анҷом диҳанд ва ба чӣ кор бояд худро машғул созанд, ки мақсади баҳси моро равшан месозад ҳамин аст. Ҳар чи ки дар боло дар бораи намози ҷумъа ва бузргию фазилат ва тарзи адои он баён гардид, ҳатмӣ ва зарурӣ аст.

Ғайр аз ин боз шартҳо ва фарзияҳое дар адои намози ҷумъа ҳатмӣ будан ва лозимиятро талаб менамоянд, ки аз тарафи намозгузорон бояд риоя шаванд. Хусусан, ҳангоми хондани хутбаи намози ҷумъа, ки аз шартҳои дурустии намози ҷумъа ба шумор меравад, дар он риояи чанде аз умур бар ҳамаи намозгузорон воҷиб аст. Аввал, ин ки хутбаи намози ҷумъа бояд гӯш карда шавад, яъне ҳангоми хондани хутба аз ҷониби хатиб ё имом, тамоми намозгузоронро воҷиб аст, то бар он чи хонда мешавад гӯш диҳанд ва аз суханронӣ бо ҳамдигар худдорӣ намоянд. Агар ин корро накунанд, тарки воҷиб мешавад, ки он гӯш кардани хутбаи имом аст.

Мутаассифона ин шабу рӯз ин амал дар мардум бештар ба назар мерасад ва онҳо дар ин вақт бештар ба сухан гуфтан машғул мешаванд. Ҳатто баъзеҳо дар вақти хондани хутба бо ҳампаҳлӯи худ дар бораи корҳое баҳс мекунанд, ки дар он бештар мавзӯъҳои дунёӣ ба гӯш мерасад, ҳол он ки дар ин ҳолат, яъне дар вақти хондани хутба зикри Худованд карданро иҷозат намедиҳанд. Зеро як қисмати хутбаи ҷумъаро тиловати оёти қуръонӣ дар бар мегирад, ки мувофиқи амри Худованд, гӯш кардан бар тиловати оёти раббонӣ воҷиб аст.

Пас чи гуна метавон дар ин ҳангом машғули суханҳое шуд, ки дар он не фоидае ҳасту на маъние, ҳол он ки умуман, дар масҷид аз рӯйи одоб суханҳои бемаънӣ ва бефоида гуфтан хуб нест. Инчунин, дар вақти хондани хутбаи намози ҷумъа боз мардумеро мебинем, ки дар ин ҳангом худро машғули хондани намоз мегардонанд, ки дар ин ҳолат ҳам аз ҷониби онҳо риоя накардани воҷибияти гӯш кардани хутбаи намози ҷумъа ба назар мерасад.

Яъне, умуман, дар вақти хондани хутбаи намози ҷумъа шуғл варзидани ҳеҷ касе иҷозат дода намешавад, магар ки ба гӯш кардани он, зеро воҷибияти он моро намегузорад, ки кори дигареро дар ин ҳангом иҷро кунем, чунонки Расули акрам (с) дар ривояте мефармояд, ки: "Ҳар вақте ки ба ҳампаҳлӯи худ, ки машғули гапзанӣ мебошад ва имом хутба мехонад, гуфта шавад, ки хап ё хомӯш бош, алаккай аз ҷониби шумо сухани лағву беҳуда гуфтан содир шуд".

Яъне то он дараҷае, ки ҳангоми хутбахонии имом мо ба ҳампаҳлӯи худ ҳаққи хомӯш шав, гуфтанро ҳам надорем. Ё дар ривояти дигар, ки аз Расулуллоҳ (с) ривоят гардидааст, чунин омадааст: "Касе агар дар вақти хондани имом хутбаро ба каси дигар гӯяд, ки хомӯш бош, пас лағв гуфтааст ва касе лағв ё сухани беҳуда мегӯяд, дар дуруст гардидани намози ҷумъаи ӯ халале пайдо мегардад".

Ҳамаи ин бериоятӣ дар ҳар намози ҷумъа ба назар мерасад, ки барои ислоҳи он хуб мешуд, ки имомон ва хатибони масҷидҳои ҷомеи ҷумъахонӣ рӯзеро дар баҳси намози ҷумъа ва моҳияту бузургӣ ва шартҳои лозимии он, ки риоя намудани он аз ҷониби намозгузорон ҳатмӣ мебошад ва хондани хутба ва моҳияти он дар ин рӯз ва ғ… мебахшиданд аз назари банда бисёр ба маврид буд.

Бояд гуфт, ки дар вақти хондани хутба намозгузор то анҷоми он гӯш бар хондани имом диҳад ва дар аснои хондани хутба худро машғули гапзанӣ ва хондани намозҳои нафлӣ ё дигар намозҳои маснун накунад, зеро аз гуфтаҳои боло ба мо возеҳу равшан баён гардид, ки дар ин вақт масруфи корҳои дигар шудан мумкин нест. Дуруст аст, ки хутбаи намози ҷумъа бо забони арабӣ қироат мегардад, аммо дар пайравӣ аз имоми бузурги шариати Ислом Абӯҳанифа (рҳ) хондани хутба ба забони фаҳмои қавм ҷоиз аст.

Бештари мардуми мусалмони мо аз фаҳми забони арабӣ танқисӣ мекашанд, пас хуб мешуд, ки хутба ба забони тоҷикӣ баён мегардид, зеро мақсад аз гӯш кардани хутба дарку фаҳми он дар назар аст, ё худ фаҳмидани он чи ки имом баён медорад бояд аз худ карда шавад.

Агар ин ҳам нашуд, хуб мешуд, ки ақаллан хомӯш будан ва риоя намудани шартҳое, ки хоси намозгузорон аст, баён мегардид. Умуман, хутбаи намози ҷумъа аз шартҳо ва қисматҳои асосии намози ҷумъа мебошад, ки мувофиқ бар дастурот ва иршодоте, ки аз ҷониби шаръ бар намозгузорон амр шудааст, бояд риоя шаванд ва кӯшиш бар он диҳанд, ки ин рӯзи иди мусалмонӣ, ки бо намозаш як бор дар ҳафта насиб мегардад, бо саломат буданаш аз нуқсонҳо адо шавад. Бо умеди ислоҳи нафси худ ва дигарон.

Забони тоҷикӣ ки дар Эрон Форсӣ, ва дар Афғонистон Дарӣ номида мешавад забони давлатии кишварҳои Тоҷикистон,Эрон ва Афғонистон аст ва дар Ӯзбекистон забони ақалияти Тоҷик мебошад. Ин забон аз хонаводаи забонҳои ҳинду-аврупоӣ дохил мешавад. Ба забони тоҷикӣ 44 миллион нафар гап мезанад. Забони точикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои 7-8 сар шудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург Рӯдакӣ, Фирдавcӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ,Мавлоно, Ҳофиз, Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода ва дигарон асарҳо эҷод кардаанд.

Забони точикӣ диққати олимон ва нависандагони оламро ба худ ҷалб кардааст. Ба омӯзиши забони порсӣ-точикӣ яке аз асосгузорони коммунизми илмӣ Фридрих Энгелс мароқ зоҳир карда буд. Забони тоҷикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва Садҳо вожаҳои нав ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ ворид мешаванд.

Забони тоҷикӣ забони модар мардуми тоҷик, ки аҳолии aсосии Ҷумҳурии Tоҷикистонро ташкил медиҳад, ба ҳисоб меравад. Берун аз марзи ин давлат забони тоҷикиро тоҷикони маҳалли дар бархе аз ноҳияҳои кишвари Узбекистон ба ҳайси забони модар xеш мешиносанд ва ҳамчун воситайи гуфтугузори ҳарруза истифода мебаранд. Бо забони тоҷики инчунин намояндагони миллатҳои дигар, ки маскуни Тоҷикистон ҳастанд, ҳангоми муомила бо тоҷикзабонон ҳарф мезананд. 27 дарсади аҳол Aфгонистон, ки аз лиҳози етнологи тоҷик ҳисоб мешаванд ва худро тоҷик меноманд, ҳарчанд бо забони аз тоҷик Oсиёйи Миёна фарқи бузург надошта гуфтугу мекунанд, валекин забони хешро расман форс дари ваё кобули ном мебаранд, на тоҷики. Тайи солҳойи охир забони тоҷикиро аз муҳочирони миллаташон тоҷик дар гусаҳойи гуногуни собиқИттиҳоди Шӯравӣ,махсусан Русия, дар шаҳрҳойи Эрон, Туркия, мамолики Иттиҳоди Аврупо ва дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикову Канада шунидан мумкин аст. Аз чиҳати забоншиноси забони тоҷики ба гуруҳи гарб забонҳойи ерон oилаи калони ҳиндуаврупои дохил карда мешавад. Бар ин гўруҳ аз забонҳойи имруз зинда ғайр аз тоҷики ду забони дигар, ин ҳам бошад, форс навин (теҳрони), яъне забони Ерони имруза ва забони дар кобули, ки дар боло аз он сухан рафт, тааллуқ доранд. Ҳарсейи ин забони имруза давомгирандагони бевоситайи забони форс нав, ки ҳамчунин бо номворҳойи порси (форси ин шакли арабикунондашудаи ин калима аст), форс классик aдаби ё форс дари маъруф аст, мебошанд. Он забон дар навбати худ аз забони форс миёна, ки дар аҳди Сосониён чаҳорсад сол роли забони давлат cунин империюми бузургро иҷро мекард ва имрузҳо дар байни забоншиносон чун забони паҳлави шинохта мешавад, сарчашма гирифта дар садсолаҳойи ҳастум ва нуҳум ба вучуд омад.Аз ҳамон вақт инчониб дар таркиби лугав забони форси аз калимаҳойи араби хеле васеъ истифода карда мешавад. Ҳиссайи лексикайи аз забони араби иқтибоссуда дар ба’зе матнҳойи насри классики то 80 фойизро таскил медиҳад. Дар забони форс классики дар давоми қарнҳойи 9-17 адабиёти бойи оламсумул ечод карда суд дар сарзаминҳойи Осиёйи Миёна, Ерон, Афгонистон, инчунин дар Озарбойчон, Покистон ва Ҳиндустон, ки дар давраҳойи гуногуни таърих забони давлатиясон форси буд. Гарчанде ки тули ин садсолаҳо забони классики, я’не забони адабиёт тагйири зиёде надид ва чун пестара дар тамоми олами форсизабон ягона буд, забони гуфтугуй мардум, забони зинда ба таври интенсиви дигаргуниҳойи нав мепазируфт ва аз забони адаби торафт дур месуд. Ба замми ин дар натичайи ба миён омадани фарқиятҳойи намоён дар инкисофи сиёси, дини ва ичтимой кишварҳойи олами форсизабон, хусусан ба’д аз қарни пуросуби 16ум дар байни севаҳойи ҳам адаби, ҳам гуфтугуй минтақаҳойи гуногун номонандиҳойи чиддийе пайдо гастанд. Одди карда гуйем, забони ҳар як давлат роҳи инкисофи хесро пес гирифт. Ҳаминтавр, аз асри сонздаҳ сар карда метавон дар борайи забони точики чун мафҳуми илми сухан гуфт. Ба ин маром забони точикиро забони аҳол fорсизабони Осиёйи Миёна аз садсолайи 16ум минба’д донистан чоиз аст. Аммо мисли он ҳоле ки дар боло ёдоварас судем, дар дохили худи забони точики низ фарқиятҳо арзи ҳасти кардан гирифтанд ва ба ин минвол ба асри 19 омада ҳам байни забони адабиёту забони омма, ҳам байни лаҳчаҳойи маҳалҳойи гуногун фарқияти бузурге ба миён омад. Ҳануз ҳамон вақт маорифпарвари Бухоро Аҳмади Донис кусис ба харч дод, то забони адабиро оммафаҳм ва аз ибораҳойи дусвору такаллуфомез бари гардонад. Лекин кори асосиро дар самти ба роҳ мондани нормайи ягонайи забон дар айёми Сурави олимон ва адибони точик бо сарвар Sадриддин Айни анчом доданд. Ҳамчун асоси забони адаби забони классик aсрҳойи 16-19 бидуни арабизмҳойи дусворфаҳми он гирифта суд, валекин сохти грамматики ва лексикайи забони навбунёди точикиро севайи мардуми точикзабони вод Zарафсон, аз чумла Бухорову Самарқанд таскил дод. Далели ин қарори забоншиносони онвақтайи тоҷик ин буд, ки дар ин минтақа тоҷик нисбатан асил ва тоза боқи мондааст. Дар ин забон, я’не забони расман тоҷики, дар солҳойи Шурави адабиёти

Фарқиятҳои гуишии тоҷикистон ва Aфғонистон ва Эрон


Намунаи содагии забони шеъри Рудакӣ нишон медиҳад, ки ў дар таърих и забону адабиёти мо ҳақиқатан хам накши босазо гузоштааст. Дар катори ў садҳо бузургони хирад дар барқарор гардидани забони точикӣ хидмати босазое намудаанд. Забони тоҷикӣ аз давраи ташаккули худ то, ба имрўз аз чиҳати луғат ва сохтори нахвию услубӣ кам ба дигаргуни дучор шудааст ва аз ҳамин лиҳоз, дар байни дигар забонҳо ягона забонест, ки тақрибан вазъи беш аз ҳазорсолаи хешро нигоҳ доштааст. Мо насли имрўз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи куҳан ва ганчҷинаи бебаҳост.

Имрўз забони модарии мо по ба пои истиқлоли Ватанамон ба давраи сифатан нави рушду густариш дохил шуда истодааст. Ин ҳолат моро ба андешидани иқдомоти нав дар ҷодаи рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии рушди забони модарӣ бо раванди ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ водор месозад. Мо бояд дар чунин шароит саъю кўшиш намоем, то рисолати забони модарии худро ҳифз намуда, ҷараёни таблиғу густаришу инкишофи онро таъмин намоем ва аз осори бузургу гаронбаҳои илмӣ, фалсафӣ, динӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии аҳли илму адаби гузаштагони мо, ки бо ин забони нобу шево ба мо мерос гузошта шудаанд, барои таҳким бахшидани пояҳои тамаддуниву фарҳангии давлати соҳибихтиёр, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоии Тоҷикистон ба таври самарабахш истифода намоем.

Забон ояд ба кас чун шири модар,
Аз ин рў асли ҷон аст асли ҷон аст.

Забони модарӣ лафзи бузург, ширину мукаддасест, ки барои хар як инсони комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад. Ҳанўз тифле, ки нав ба олами хастӣ чашм боз намудааст, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва тахти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад.

Сазовори навои баландмазмуни модарӣ азиз гардад. Зеро он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида ҷону дил ором мегирад, зеро он лафзи модарист. Он дилчаспу гуворост, он маҳбубу карин ва меҳрафзост. Аҷаб гуворост лафзи модар. Аҷаб ширину беолоиш ва қарини дилҳост. Аҷаб ҳаётбахш, суфтаю ба дил қарин аст забони модарӣ бузург. Забони баландҳиммате, ки Саъдию Хофизӣ бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомии зинатофарини ҳаёт, бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд, ки имрўз аз ҳастии бузургаш меболем.

Забони точикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрўз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомўзанд.

Инро дидаву шунида мо соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги модарамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамарўза саҳмгузор бошем: Зеро фармудаанд:

Забони модарӣ фархунда доред,
Шумо, ки ворисони рўзгоред.

Барои ҳар каломи поки модар,
Даруни синаҳо хайкал гузоред.

Вазифаи ҳар як тоҷикзабон пеш аз хама аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш ва орӣ аз камбудиву нуқсонҳои ғайр ё забони бегона сухан гуфтан алфози модарӣ хеш саҳмгузор бошем.

Ҳар як инсон пеш аз оне, ки бо забони дигар сухан ронад, пеш аз ҳама бояд донандаи забони модарии хеш бошад. Воқеан, агар кас забони худро донад, омўхтани дигар забонҳо барояш осон мегардад:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Пас, бе мулоҳиза метавон гуфт, ки забони точикӣ чун лафзи фасеҳу равон, содаву фаҳмо, ханўз дар замонҳои зиндагии Рўдакии бузург бо сухани бузург вуҷуд доштааст ва дар ташаккули забони порсии дарӣ- точикӣ ў саҳми босазое гузоштааст. Ў эътиқоди ҳам асрони худро нисбат ба анъанаи забони арабӣ тағйир дод ва назари илму адаби замонашро ба суй забони модарӣ нигаронд.

Намунаи содагии забони шеъри Рудакӣ нишон медиҳад, ки ў дар таърих и забону адабиёти мо ҳақиқатан хам накши босазо гузоштааст. Дар катори ў садҳо бузургони хирад дар барқарор гардидани забони точикӣ хидмати босазое намудаанд. Забони тоҷикӣ аз давраи ташаккули худ то, ба имрўз аз чиҳати луғат ва сохтори нахвию услубӣ кам ба дигаргуни дучор шудааст ва аз ҳамин лиҳоз, дар байни дигар забонҳо ягона забонест, ки тақрибан вазъи беш аз ҳазорсолаи хешро нигоҳ доштааст. Мо насли имрўз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи куҳан ва ганчҷинаи бебаҳост.

Бо карори Созмони Миллали Муттаҳид 21 феврали соли 2002 рўзи байналмиллалии забони модарӣ эълон гардидааст. Аз 22-июли соли 1989 бо қарори Шурой Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ - забони точикӣ -эълон гардид.

5 октябри соли 2009 тахти №553 Қонун дар бораи забон бори дигар қабул гардид, ки вазъи хуқуқии забонро муайян мекунад. Мувофиқи ин карор коргузории тамоми корхонаву муассисаҳо ва мактаб ва тамоми соҳаҳо бо забони давлатӣ сурат мегиранд.

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ў,
То забондор аст, бисёр аст ў.

- гуфтаи Бозор Собирро бо ифтихори миллӣ шиори бузурги забондўстон медонем. Хулоса, забони модарӣ, шаҳди ҳаёт аст, ки мо тоҷиконро бо шири модар бурун омада ва баробари ошомидани шири сафеду лазизи модар дар дилу дида ва мағзи устухону ҷон самар дода. Он муқаддасу гуворо ва азизу муътабар буда, тоҷиконро болу пар бахшидааст. Имрўз фарди тоҷик бо ин болу пари бузурги хеш дар парвозҳои баланд аст, зеро ин забонро ҷаҳониён эътироф мекунанд:

Забони модариам ифтихорам.

Саодатбахши халқи номдорам.

Дар олам аз хама ширинтарӣ ту,

Ба Синову Хайёмат саҷда орам

Меҳрангез Муҳаббатова
мутахассиси пешбари
Маркази такмили ихтисос

30.12.2018 Маданият ва санъат Comments Off on Дуои хатми Куръон ва фотиха барои гузаштагон 2,814 Показы

Парвардгоро, хидоят кун моёнро бо хидояти Куръон икром кун моёнро бо каромати Куръон, бошараф кун моёнро бо шарофати Куръон, осон гардон корхои диниву дунёии моёнро бо баракати Куръон, равшан гардон дилхои хастаи моёнро бо нури Куръон, бикушо синахои моёнро бо тиловати Куръон, зиннат дех ахлоки моёнро бо зиннати Куръон, бипушон чисмхои нотавони моёнро бо хилъати Куръон, биомурз гуноххои моёнро бо инояти Кръон, осон гардон азоби чонкандани моёнро бо фазилати Куръон, вазнин гардон паллаи тарозуи аъмоли неки моёнро бо бузургии Куръон, эмин дор моёнро аз чамеи балохои дунёву охират бо хурмати Куръон, рахмат кун ба чамеи уммати Мухаммад саллаллоху алайхи ва саллам ба рахматат, эй Бехтарини бахшояндагон. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

Илохо, омин, хадя кардем савобу самараи ин оятхои каломи Раббониро ба ризоии Хакк субхонаху ва таоло ба рухонияти чамеи анбиёи мотакаддам ва анбиёи мурсалин, хусусан ба рухи пурфутухи мутаххари мунаввари Хазрати рисолатпанохи саллаллоху алайхи ва саллам. Ва ба рухонияти хулафои рошидин ва чамеи сахоба ва тобиин ва табаа тобиин. Ва ба рухонияти чамеи мучтахидин, хусусан Имоми Аъзами куфиву суфи рахматуллохи алайх. Ва ба рухонияти падарону модарон ва чамеи муъминину муъминот ва муслимину муслимот, хусусан ба гузаштагони ин манзилу макон. Аллохумма-хфазно ё Файёз мин чамеъи-л-балоёи ва-л-амроз. Ва саллаллоху таоло ало хайри халкихи Мухаммадив-ва ало олихи ва асхобихи ачмаин. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

Ба номи Худованди Бахшояндаи Мехрубон. Аввал такя ба зоти поки Аллохи Ахаду Аллохи Самад ва ба ризогии Хак субхонаху таборак ва таоло. Бахшидем савобу самараи тиловати оятхои каломи Раббониро ба ризогии Худои азза ва чалла ба рухонияти чамеи пайгамбарони гузашта, алалхусус ба рухонияти Одам Сафийюллох, Нухи Набийюллох, Иброхими Халилуллох, Мусои Калимуллох, Довуди Халифатуллох, Исои Рухуллох ва алалхусус, ба рухи пурфутухи мутаххари мунаввари Хазрати рисолатпанох дастгири осиён дар рузи чазо-Мухаммади Расулуллох саллаллоху алайхи ва саллам ва ба рухонияти чамеи хулафои рошидин, сахобагону тобиин ва табаа тобиин, хусусан ба рухи Имоми Аъзам рахматуллохи алайх. Бахшидем ба рухи поки 124-хазор пайгамбарони мурсалин, ба рухи анбиёхои сихибмуъчиза ва авлиёхои сохибкаромоти мутакаддам. Бахшидем савоби каломи Раббониро аз Одам то ба Хотам[1] ва аз Хотам то ба ин дам ва ба рухонияти сайидону шахидон, гарибону бекасон ва мустамандону фотихачуёни ахли ислом. Бахшидем савобашро ба гузаштагони хамин манзилу макон аз падару модарон, бобову бибиён, пиру устодон ва хешу акрабоён, аз хафт пушт то хафтод пушташонро гарикаи рахмат ва шоистаи Чаннат кунад. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

Тиловати Куръон, халовати имон, хушнудии Холики Рахмон, камоли кудакон, бакои пиру чавон, сиххату саломатии мусофирони ахли ислом. Парвардгоро, бирасон савобу самарахои оятхои тиловатшудаи Куръони азимушшаънро ба Хазрати Одами Сафийюллох, ба Нухи Набийюллох, ба Шиси Набийюллох, ба Иброхими Халилуллох, ба Мусои Калимуллох, ба Довуди Халифатуллох, хусусан ба рухи пурфутухи Хазрати Мухаммади Мустафо саллаллоху алайхи ва саллам ва олу асхобу хонаводаашон. Хафт кори, чахордах рови, дах ёри бихишти, нух чуфти пок, азвочи мутаххирот, сахобагони кибор, табаа тобиин, чамеи мучтахидин, Имоми Аъзами куфиву суфи ва рахматуллохи алайх, хусусан шахидону гарибону бекасон, шахидони дашти Карбало, пирони тарикаи накшбандия, пирони тарикаи кодирия, хусусан падарону модарон ва бобоёну бибиён, фарзандону хешону акрабоён, гузаштагони ин манзилу макон, гузаштагони ин чамоати муслимин ва устодони илму касб. Ва саллаллоху таоло Мухаммадин ва ало олихи ва асхобихи тайибина ват-тохирин. Парвардгоро, биомурз тамоми уммати хабибатро ба рахмати файзбори Худ, зеро ки дарёи рахмати Ту бепоён аст. Омин. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

[1] Хотам – хотами пайгамбарон, яъне Хазрати Мухаммад(с).

Сделать свой сайт бесплатно

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

Добавлено 16.12.11 15:26

Добавлено 16.12.11 15:24

Добавлено 16.12.11 15:22

Добавлено 16.12.11 15:21

Добавлено 16.12.11 15:19

Эшони Нуриддинҷон

қисми суолу ҷавоб

Саҳифаи 9

Матни Суоли 20

савол. Домулои азиз. Ое мо метавонем 2 намозро як намоз карда хонем бо чамоат? Чун вакти байни намозхо кутох аст. Ва агар ман кор бароям эхтимоли казо шуданаст. Ман ронандаам мушкилоти мостхо мехезанду ва гайрахо.

Посух

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Бародари исломи, бале шумо дар чунин ҳолат метавонед ду намозро ҷамъ намуда хонед, модоме, ки зарурат бошад. Аммо кушиш кунед ин амалро одат накунед. Боз як бори дигар такрор мекунам ин ҷамъи намоз факат дар ҳолати зарурат мебошад. Худованд шуморо нигаҳбон бошад.

Салом бобои эшон, шахсеро, ки шайтон фиреб кунад метавонад обози накарда намоз бихонад.Ва дар охир дар хаки ман ва волидайнам дуо кунед.

Посух

На бародари исломӣ, он намоз дуруст нест ва агар касдан кунад гунаҳкор мешавад, ҳатто баъзе олимон ҳукм ба куфр кардаанд. Зеро дар ин бора Худованди Карим фармудааст: "Ва агар шумо ҷунуб бошед, пас ғусл намоед"- Сураи “Моида” ояи 6. Дар ин оят шахси ҷунуб (яъне ба ибораи шумо шайтонзада) амр ба ғусл шудааст.

Матни Суоли 18

Ассалому алайкум бобои Эшон!

Худованд хонадони шуморо аз бадии хасудону душманон дар хифзу амони худ нигах дорад. Аз Шумо эхтиромона хохиш менамоям ба ин саволи ман чавоб гуед.

Барои пешгирии сехру чоду чи амалро анчом бояд дод.

Каблам сипосгузории хешро баён менамоям.

Посух

Бародари азиз Худованд шуморо ҳам нигаҳбон бошад. Паёмбари ислом бар мову шумо барои пешгири аз сеҳру ҷоду чанд дуоҳо ва оятҳоро тавсия фармуда аст. Аз он ҷумла:

1. Ҳар субҳу шом ва баъд ҳар намоз хондани сураи “Ихлос”, “Фалақ” ва сураи “ан-Нос”

2. Хондани Ояталкурсӣ баъди ҳар намоз ва пеш аз хоб.

3. Ҳар субҳу шом ин доуро бихонад: (Бисмил-лоҳил-лази ло язурру маъа исмиҳи шайун фил арзи ва ло фиссамои ва ҳувассамиъул ъалим) - 3 бор.

Хулас хондани Қуръони карим ва ҳамеша забонро ба зикр тар нигаҳ доштан сабаби пешгири аз сеҳру ҷодуст иншоаллоҳ.

Матни Суоли 17

Ассалому алайкум варахматуллохи вабаракотуху.

Эшони Нуриддинчон саволхои ман чунин аст .

1. Агар зан 3 маротиба дугоник таввалуд кунад хукми у чист. аз руйи гуфтахои мардум никохи у тамом мешудаст.

2. Катъи рахм чист ва хукми он шахсоне, ки катъи рахм мекунанд чист. Чунки фарзанди маро аз ман мачбуран чудо кардаанд оё ин низ катъи рахм мешавад.

Худованд нигахдоратон бод.

Посух

Бародари исломи ин гуфтаҳо асоси шаръи надоранд. Бил акс зиёд таваллуд кардани зани мусулмон хуб аст. Паёмбари Худо алайҳиссалом дар ҳадисе умматашро ба издивоҷ ба зане, ки қобилияти тавалуди бештар дорад, ташвиқ намуда чунин фармуда аст: (бо занҳои зоё ва маҳбуб издивоҷ намоед. Зеро зиёд будани шумо дар рузи қиёмат байни дигар умматҳо боиси фахри манаст).

Аммо роҷеъ ба суоли дувум. Қатъи раҳм ин буридани пайванди хешовандӣ аст, ки қатъиян аз назари ислом ҳаром аст. Зеро Паёмбари Худо алайҳиссалом мефармояд: (ҳар касе, ки қатъи силаи раҳм кунад дохили ҷаннат нахоҳад шуд).

Аммо ҷудо намудани фарзандатон аз шумо ин қатъи раҳм маҳсуб намешавад. Ин масалаи шумо зикр карда тафсилот мехоҳад. Зеро модар фарзанди ба балоғат то (6 сола) нарасидаро ҳақ дорад назди худаш нигаҳ дорад, ба шарте ки шавҳар накарда бошад, аммо баъди 6 солаги падар ҳақ дорад фарзандашро назди худаш нигаҳ дорад.

Матни Суоли 16

az shumo khohish doram oidi masalai Бидъад камтар маълумот медодед , ва мехохам фахмам ки ДУОИ ФОТИХА дар хакки гузаштагон кардан аз кай ва аз давраи ки огоз шуд , агар бемалол мешуд номхои китоб ва е дар асоси кадом хадисхои сахех аст мегуфтед, ИНШОАЛЛОХ аз шумо умедвори чавобем .

Посух

Бидъат чизест, ки дар ислом дароварда шуд ва асли шаръӣ надорад

Дуо кардан дар ҳаққи гузаштагон бо оёт ва аҳодиси сиҳоҳ собит аст. Аз дар сураи ҳашр ояти 10 Худованд мефармояд:

"والذين جاؤوا من بعدهم يقولون ربنا اغفر لنا ولإخواننا الذين سبقونا بالإيمان"

Аммо аз аҳодис, ҳадиси бурайда гуфт: Паёмбар (алайҳиссалом) саҳобагонро таълим медоданд ин дуоро ҳаргоҳ ба зиёрати қабристон раванд хонанд:

السلام عليكم أهل الديار من المؤمنين ولمسلمين وإنا ان شاء الله بكم لاحقون أسأل الله لنا ولكم العافية - رواه مسلم رقم 2257

Аммо хондани Қуръон дар сари қабр дар ҳадиси Лаҷлоҷ ибни Холид омада аст, ки гуфт барои писараш: Ҳаргоҳ вафот кардам, пас лаҳад кун барои ман пас ҳаргоҳ гузошти маро дар лаҳад пас бигу (бисмиллоҳ ва ало миллати Расулиллоҳ) пас бипош бар ман хокро пас бихон дар назди сарам аввали сураи Бақара ва охирашро зеро ман шунидам расули акрам (алайҳиссалом) мегуфт онро. - رواه الطبراني ورجاله موثقون - مجمع الزوائد م 3 ص 44

Ва ин чунин аз ибни Умар разияллоҳу анҳумо ворид шуда аст бо ривояти Байҳақӣ جع الروح لابن القيم

Матни Суоли 15

asalomu alaikum hazrat eshoni nuridinjon ,avval az khudo duo mekunam ki umri daroz bined.man du savoli khudro mefiristam.hamsoyai mo qori quronai shogirdonash kudakon va mardon hast lekin vai kudakonro bo rezin sakht mezanad in korash durust hast e ne/ va suoli digaram man dukhtaru pisar doram cki kor kunam bainashon mehru dusti paido shavad yakdigarro chashmi didan nadorand oyo in aibi padaru modar meboshad iltimos javabashro bigued hudovand barakatsha shumo rasona omin..

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Модари азиз зарб ду намуд мешавад:

1) Зарби таъдиб, ки ба руймолча ва чизҳои сабук мезани ва адаб ёд медиҳӣ.

2) Зарби таъзиб, ки мавзиъи зарбро маҷруҳ ё сиёҳ мекунад. Ин намуд дар шариат ҷоиз нест, ки кудаконро зарби таъзиб кунӣ.

Масалаи бадбинӣ байни фарзандонатонда худи шумо ва шавҳаратон муқассирен. Кушиш кунен худатонро ислоҳ кунед ва фарзандонатонро таълими дини омузед, то ҳаққи падариро аз нигоҳи шариати исломӣ, донанд .

Матни Суоли 14

ba honavodai buzurgi Turajon.Dar hona nigoh doshtani sag az nigohi islom durust ast?

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоши вабаракотуҳ

Ҷоиз ҳаст ба шарте ки хона еҳтиёҷ ба посбон дошта бошад, ғайр аз ин сурат ҷоиз нест

Матни Суоли 13

assalamy alaykym va rahmatyllohi va barakatyh,ystodi aziz man yake az shogirdoni shymo az shahri isfara hastam,ystodi aziz man ryze ba kitob xonai shahriamon,ki ba nomi lohytist doxil shydam va kadom kitobero mejystam,ki nogahon yak marde taxminan 50-55 sola byd doxili kitob xona shyd va dar dastash kitobi zindagonii payomaramon ,ki myallifash haykalist byd, ba yak kitob xonashi zan pyrsid az y ,ki oyo kitobro xonded? shigyna bydaast kitob? ba on mard ,ki battar malymshyd,ki myallim bydaast dar javob shynin gyft,(ha xondam myhammadniz dyxtar boz bydaast,bisiyor zan doshtaast). va bad on kitobxonashizan ilova namyd va gyft (baroi hamin imryz javonon niz dyxtarboz shyda istodaand). ystodi aziz man badi hamin gap az kitobxona baromada ma masjid rafta bad az namozi jymma imom xatibi shahramonro az in hodisa boxabar kardam va xohish kardam,ki dar jymma dar bayni mardym difo az payombar kyned ammo afsys,ki haftao oyanda dar mimbar yagon inson az payombar difo nakard az in sabab az shymo xohish menamoyam,ki xydaton ,zero mo digar gayraz shymo digar ahli ilmi hakgyro nameshinosem az minbar javob gardoned ba in sagi lain bain myallimi kofir,az shymo kasam ba xydo xohish menamoyam,ki az mimbar difo namoed,

Посух

Додари азиз дар ин мавзуъ дар ҷумъаҳои гузашта суҳбат шудаги ҳаст. Шумо хаста нашавен аз сухани чунин кофирону мунофиқон зеро ягом зараре дар мақому поки Расули акрам (Муҳаммад саллалоҳу алайҳи васалам) наметонан расонан.

Матни Суоли 12

бо арзи салом ва дуруди бепоён

банда чавоби саволи додаамро гирифтам аммо ба чуз истифода аз норво будани макадро фахмидам вале чойхои дигарро тавзех надодед иншоаллох ки дар чавоби баъдиям ки мунтазираш хастам фарохтар ба саволам чавоб дихед

саволи навбатии ман.

1 .Оё факат чои истифода хамон замини киштзор хасту халос?

2 . Ман фахмидам ки гунох асту кори шайтон ва холо касе ки гунакор хаст ба ин кор , Барои рафъи (чуброн) ин гунох ва пок сохтани худ чи кор кунад

Бисьёр сипосгузорам аз касоне ки ин сайти исломиро пешниход кардан чунки фикр мекунам хеле аз бародарон хастанд мехоханд ба саволхои худ чавоб ёбанд чун баъзе аз саволхо хаастан ки ба хотири хичолат шахс наметавонад ч дар чои чомеа ё вучуди рафики сеюм гуяд монанди Салмон бародар ки аввалинбор ин суолро аз ман карда буд вале далоили конеъкунда надоштам

Худо хофизи шумо то чавоби баъди

Посуx

Бародари азиз истифода кардан дар ин ҷо ба маънои ҷимоъ кардан аст, ки ҷавобашро гирифтед. Аммо истифода кардан ба маънои буса кардан ва бози кардан пеш аз ҷимоъа(ҳамхобаги)-ро дар назар дошта бошед, бале метавонед аз ҳамдигар чи хеле ки хоҳед лаззат баред ва агар дар назар дошта бошед бусидани шармгоҳро бале метонед, бусса кунед фақат бусса, ба шарте ки олат олуда ба наҷосат набошад, аммо олуда ба наҷосат бошад шармгоҳ ҷоиз нест .

Касе ки чунин амали зишта анҷом дода бошад, барои ҷубронаш тавба лозим аст тавбаи насуҳо - тавбаи содиқона, ки дигар ин амали зиштро анҷом намедиҳад.

Матни Суоли 11

Салом бобои Эшон, Шахсе,ки намоз мехонад ва аз дини Ислом бохабараст ва медонад,ки зино кардан гунох аст, вале зино мекунад. Хукми ин шахс аз нигохи ислом чист? Бо ехтиром мухлиси шумо,

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоши вабаракотуҳ

Чунин шахс фосиқ ва муртакиби гуноҳи бузург аст, агар ҳалол нашуморад, аммо ҳалол шуморад кофир ва занаш талоқ аст.

Матни Суоли 10

Асалому алайкум бобои Эшон илтимос ба суоли чавоб гуед .

Дар махалаи мо бисёри занхо дар кади куча бе ягом зарурат менишинанд дар бораи чунин занхо аз нигохи Ислом чавоб гуед.

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Аз назари ислом Шиштани занҳо дар кучаҳо ҷоиз нест. Зеро Расули акрам ( алайҳиссалом ) манъ кардагиан мардҳора аз шиштан дар роҳҳо. Зан ҳам дар ин манъ дохил аст.

Матни Суоли 9

Ассалому алейкум ва рахматуллохи ва баракатух Бобои Эшончон! Хамду сано он Худоеро ки моро мусулмон офарид ва дуруду рахмати у ба рухи поки Паёмбарамон ва ба пайравони у то рузи киёмат бод. Худовад аз шумо рози бошад.

1) Бобои Эшончон дар Россия дар банк пул монда ва рибояшро гирифтан, мумкин хаст ?

2) Ва агар то имруз буд дар банк , рибояшро дар кучо сарф кардан чоиз хаст?

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоши вабаракотуҳ

Бародари азиз мондани пул дар бонкҳои русия ҷоиз аст ба шарте ки аз сокинони онҷо боши ва ғар аз ин бонк дигар бонк набошад, монанди бонкҳои исломи. Аммо гирифтани прасент аз ин бонкҳо ҷоиз аст аммо барои худ сарф накун ба камбағалову муҳтоҷо бидеҳ. Нагузор фойда барои банкҳо шавад. Худованд ҳамаи шумора дар паноҳи худ нигаҳбон шавад.

Матни Суоли 8

Ассалому алайкум эшони Нуридинчон

аз Шумо эхтиромона хохиш менамоям ба ин саволи ман чавоб гуед.

Оилаи ман худашро сухт ва баъдаз 4 руз ин дунёро падруд гуфт вале ахли байти вай мурдаро аз беморхона ба хонаи худ бурданд ва оилаи моро ба хонашон рох надоданд.

Хатто маро ба чанозааш рафтан намонданд аз Шумо пурсидани хастам ки бе розигии шавхар чаноза кардан мум кин аст ва хукми он чунон аст ба ман баён намоед. боки дар панохи Худованд нигахдоратон бод

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоши вабаракотуҳ

Бародари азиз , дар ҷанозаи зан розигии шавҳари у аз назари ислом шарт нест . Аммо барои он ки соҳибони майит шумо ва наздикони шуморо дар ҷаноза роҳ надоданд аз назари шаръ нодуруст ва хато аст ва дар назди Парвардигор ҷавобгу ҳастанд.

Матни Суоли 7

бо арзи салом ва дуруди бепоён

суоли ман дар бораи равобит байни зану шавхар хаст

андозаи истифода (лаззат бурдан аз хама чо) байни зану шавхар аз нигохи ислом дар чи сатх аст?

яъне чахорчубаи истифода аз хамдигар

лутфан чавоб бо далоил

Посух

Матни Суоли 6

Assalomu alekum ustod! hamkori man millatash rus gairi islom korhoi manro oson mekunad man metavonam bad az namoz dar hakki vai duo hair kunam az kabili .baraka yobad hudo rahmatat kunad?

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

Бародари азиз аз ҳама беҳтар ин, ки шумо дар ҳаққи у аз Худованд хоқед, ки уро ба ислом мушарраф гардонад. Ин беқтар аст. Аммо худи шумо кушиш кунед, ки то он қамкоратонро ба ислом ташвиқ кунед. Зеро Паёмбари Худо (салом ва дуруди Худо бар у) фармудааст: "Агар Худованд ба дасти ту як нафарро ба ислом ҳидоят кунад бехтар аст барои ту аз (садҳо) шутурони сурхму (ки дар он замон аз беҳтарин ва гаронтарин молу сарват ба ҳисоб мерафт)". Худованд шуморо нигаҳбон бошад.

Матни Суоли 5

Salomu alaykum eshoni Nuriddin. Man yak suole doshtam. Man az davlatam berun zindagi basar mebaram va niyat kardam ki pisari kaloniamro qori quron kunam shavharam xudo barakatash dihad dar digarjo kor mekunad dar yak hafta yak bor farzandonashro mebinad az shumo nasit mexoham chixel farzandamro qorii quron kunam bo chi uro ba shavqmand kunam ki chashmash ba quron chaspad. pisaram 6 sola ast duoyash kuned. Iltimos savolamro dar hamin sait javob gued. tashakuri zied.

Посух

Модари исломӣ! Худованд шуморо ба он нияту ҳадафе, ки доред муваффақ гардонад. Фарзанди шуморо низ Худованди бузург, тани солиму умри дароз ва хизматгори ислом гардонад. Модари азиз, шумо фарзандатонро бештар ба шунидани наворҳои исломӣ аз қориҳои машҳури дунё амсоли Миншовӣ, Абдулбосит, Гомидӣ ва дигарон шавқманд кунед. Барои қории Қуръон шуданаш беҳтар ин аст, ки уро ба назди ягон қории хубу мухлис фиристед. Воқеъан модари азиз, шумо дар назди худ ҳадафи хубе гузоштед. Худованд шуморо ба ин ормонатон бирасонад. Зеро Паёмбари бузургвор дар ҳидисхои худ фазилати волидайнеро, ки фарзанди худро ҳофизи Куръон мекунад зикр намудааст. Аз он ҷумла дар ҳадисҳо омадааст, ки кассе фарзанди худро ҳофизи Қуръону амалкунандаи ба он мекунад Худованд чунин падару модарро дар рузи қиёмат тоҷе аз нур бар сарашон мегузорад. Худованд шуморо аз ҷумлаи онҳо карор диҳад.

Матни Суоли 4

assalamy alekym ustodi aziz man yake az myxlison va myhibboni shymo ,ystodi aziz man mexoham talimi ylymi hadis namoyam yane mexoham dar sohai hadis mytaxassis bishavam ammo baze az barodaron izhori nigaroni az on kardaand,ki in soha sohai salafihost,man shikor kynam ystodi aziz hayronam?

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

На бародари азиз! Он шахсе, ки ба шумо инро гуфтааст хато кардааст. Зеро шариати мо ду масдари асосӣ дорад, ки Куръону Ҳадис аст. Шумо метавонед ба ҳамон кассе, ки шуморо чунин гуфтааст, бигуед, ки чаро худи моро аҳли суннат мегуянд? Аҳли суннат ин ба ибораи дигар худ пайрави ҳадис аст. Бузургони мазҳаби мо аксаран муҳаддис буданд. Мисли Мавлоно Абдулҳай ва Мулло Али Қорӣ ва дигарон. Бародари азиз насиҳати ман ба шумо ин, ки шумо дар соҳаи ҳадис таълим гиред. Аммо кушиш намоед, ки ҳеч гох ба масоили фаръие, ки ихтилофбарангез аст даст назанед. Худованд шуморо муваффақ гардонад.

Ман аз шумо хохиш дорам,ки дар боби мавзуи Эшонро мепартофтед

Посух

Матни Суоли 2

Ассаламу алайкум варахматуллох Эшони Нуриддинчон устоди азиз мо чавонони нохияи Мастчох бисёр Шуморо мухлиси мекунем ва аз Шумо пайрави намуда шуморо дуст медорем. Эшончон мо як суол дорем оиди музика имрузхо музика ба дарачаи авло расидааст ва мо худ якин медонем ки у чизи нопок аст оё барои чавони мусалмон музика халол аст?

Посух

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Мусиқие, ки имрузҳо аз родиёву телевизион пахш мешавад ва ҷавононро ба воситаи он ба фаҳшу фуҷур мекашонад ба иттифоқи назари олимон ҳаром аст. Воқеъан мусиқиҳои имруза бештар аз 99% ба ин шакланд.

Аммо баъзе аз олимони муосир мусиқие, ки дар он панду насиҳат ва моилкунандаи ба тақво ва парҳезгориро истисно намудаанд. Мисли фақеҳи муосир устод Қарзовӣ.

Матни Суоли 1

Az Shoomo hohish doram ba in savol javob dihed !

Az rui shariat shart Ravost ? Baini 2 - dasta shart kardaand va footbol bozi kardaand, dastai boi doda tashkili kunad !

На, бародари азиз! Ин шарт дар шариат ҳаром аст. Зеро ҳамчун қимор ба ҳисоб меравад. Аммо агар тарафи саввум ин ҷоизаро монад, хоҳ пул бошад ва ё хоҳ ташкили чуноне, ки худи шумо гуфтед, барои барандаи мусобиқа он ҷоиза ҳалол аст. Яъне ба ибораи дигар барои бозии ду даста як нафар ё як муассиса ҷоиза гузорад. Зеро дар ин ҳолат қимор вуҷуд надорад.

Читайте также:

Пожалуйста, не занимайтесь самолечением!
При симпотмах заболевания - обратитесь к врачу.