Корхонаи нави кори пахта

Дар зудтарин фурсат дар ноҳияи Айнӣ сохтмони корхонаи коркарди маъдани гаронбаҳо оғоз меёбад, ки иқтидораш ҳамсон бо корхонаи коркарди тиллои “Зарафшон” дар ноҳияи Панҷакент мешавад.

Ширкати “Талко Голд”, ки 50 дарсади саҳмияҳояш моли Чин шудааст, масъули ин тарҳ мебошад ва ҳазинаи сохтмони ин корхона 200 миллион доллар гуфта мешавад. Дар корхонае, ки дар наздикии маҳалли конҳои тиллову нақраи Кончочи дар ноҳияи Айнӣ бунёд мешавад, беш аз ҳазор мутахассис ҷойи корӣ хоҳанд ёфт.

Ахиран Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Ли Фэн, мудири ширкати “Талко Голд”, ширкати вобаста ба корхонаи алюминийбарории Тоҷикистон мулоқот карда, дар он эълон шуд, ки дар зудтарин фурсат сохтмони ин корхона шурӯъ мешавад.

Ба иттилои маркази матбуотии ҳокимияти вилояти Суғд, қарор шудааст, ки то охири соли 2019 умури сохтмонӣ анҷом ёфта, аввали соли 2020 тавлиди маҳсулот оғоз меёбад. Аз вазорати саноат ва технологияи навини Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки феълан ҷалби мутахассисон ва коргарон барои оғози корҳои сохтмонӣ идома дорад ва дар зудтарин фурсат дар ин бораи иттилои расмӣ пахш хоҳад шуд.

Тарҳе ба бузургии кони тиллоӣ "Зарафшон"

Аммо Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд мегӯяд, ки корҳои омодагӣ барои иҷрои ин тарҳ ниҳоӣ шудааст ва қарор аст тибқи тарҳ ин корхонаи мисли корхонаи тиллобарории “Зарафшон” хеле бузург шавад. Вай афзуд, дар вилояти Суғд, ки аз лиҳози саноати коркарди маъдан дар Тоҷикистон пешрафта дониста мешавад, тасмими сохтмони корхонаи нави муштарак бо Чинро иқдом нек арзёбӣ мекунанд.

Ба гуфтаи вай, ин корхона бо сармояи 200 миллион доллар сохта мешавад ва дар он асосан ҳудуди ҳазор мутахассиси тоҷик ҷойи корӣ ва маоши муносиб хоҳанд ёфт. "Ба ин манзур тасмим шуд, ки Донишкадаи саноати кӯҳкории Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон (собиқ Чкаловск) якҷо бо устодони чинӣ барои ин корхона мутахассисони варзида омода мекунанд",-гуфт Музаффар Юнусов.

Музаффар Юнусов афзуд, ки феълан дар вилояти Суғд корхонаҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ ба мисли “Зарафшон”, “Зарнисор” ва “Аперелевка” фаъолият мекунанд, ки бархе аз онҳо бо сармояи ҷониби Чин фаъол шудаанд. Донишкадаи саноати кӯҳкории Тоҷикистон асосан барои бароварда сохтани ниёзҳои ин корхонаҳо мутахассис омода мекунад.

"Танҳо чиниҳо ба кор ҷалб нашаванд. "

Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари иқтисодии тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 22-юми май гуфт, ки Тоҷикистон аз захираҳои ғании маъдан бархӯрдор аст, аммо мутаассифона ба танҳоӣ наметавонад аз онҳо истифода кунад. Ба эътиқоди ҷаноби Исмоилиён, Тоҷикистон феълан барои иҷрои чунин тарҳҳо на зарфияти зеҳнӣ ва на фанниву молӣ дар ихтиёр дорад.

Вай афзуд: “Хуб аст, ки Тоҷикистон муштарак бо ширкатҳои хориҷӣ ба истихроҷу коркарди маъданҳои зеризаминӣ иқдом мекунад. Аммо тарси ман аз он аст, ки ба гунаи тарҳҳои дигари муштарак бо Чин дар ин корхона низ асосан мутахассисони чинӣ ба кор ҷалб мешаванд. Ба умед ҳастам, ки дар қарордоди ниҳоӣ теъдоди дақиқи кормандон аз ҳар ду кишвар мушаххас шуда бошад. Ин нукта бояд ба суди Тоҷикистон бошад”.

Дар гузашта Игор Сатторов, сухангӯи ширкати “Талко” ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “Талко-Голд” - ширкати тавлидкунандаи алюминий дар Тоҷикистон барои оғози истихроҷ ва коркарди конҳои тиллову нуқраи Кончочу, сармоягузор меҷӯяд. Ба иттилои вай, соли 2016 ҳукумати Тоҷикистон барои кӯмак дар ҳоли бӯҳронӣ ба ширкати алюминийи кишвар конҳои маъданҳои нодир дар ноҳияи Айниро дар ихтиёр гузошта буд.

Ҳамчунин ҳукумати кишвар иҷоза додааст, ки “Талко” барои ҷалби сармояи хориҷӣ то 50 дарсади саҳмияҳои “Талко Голд”-ро дар ихтиёри маблағгузорони хориҷӣ гузорад ва инчунин аз бархе сабукиҳои молиётӣ низ бархӯрдор шавад. Тибқи баровардаҳои муқаддамотии мутахассисон, дар конҳои Кончочу 55 тонна тилло, 44 тонна нуқра, 184 тонна симоб, 268 ҳазор тонна сурма ва 205 ҳазор тонна флюарит, маҳфуз аст. Барои оғози истихроҷи ин маъданҳо ва коркарди онҳо 50 миллион доллари амрикоӣ зарур аст.

Таваҷҷуҳи Чин ба захираҳои зерзаминии Тоҷикистон

Феълан Тоҷикистон аз Чин ҳудуди 1,2 миллиард доллар қарздор мебошад. Бештаре аз корхонаҳои муштараки тавлиди семент дар Тоҷикистон бо сармояи Чин сохта шудаанд. Феълан ширкати алюминии Тоҷикистон "Талко" якҷо бо Чин ба сохтмони коргоҳи нави тавлиди алюминий бо сармояи 1,5 миллиардӣ машғул аст ва ҳадаф дорад аз ин кишвар боз ҳудуди 4 миллиарди сармояи дигари ин кишварро ҷалб созад.

Мақомоти Пекин ҳамчунин ба ниҳодҳои қудративу интизомии Тоҷикистон кӯмакҳои фаннӣ ироа карда, баргузории тамринҳои муштаракро ҳадафи худ қарор додааст. Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Чин баъд аз соли 2002 тақвият пайдо карданд.

Соли 2015 соҳибкори ватанӣ Даврон Ахмедов корхонаи коркарди пахтаро бо иқтидори 20 ҳазор тонна дар як сол таъсис дода буд. Акнун бо ба даст овардани фоидаи соф соҳибкорон дар шафати корхонаи коркарди пахта коргоҳи истеҳсоли равған бунёд намуданд.

Дар корхонаи навтаъсис, ки иқтидори коркарди 65 тонна ашёи хомро дар як шабонарӯз дорад, 25 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар ин ҷо аз ашёи хоми зағер, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол карда мешавад, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор меравад.

Хати истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ ва бастубанд иборат мебошад. Равғани босифати растанӣ дар зарфҳои 2, 3 ва 4-литра ҷой дода шуда, ба бозорҳои ноҳияи Спитамен ва шаҳри Хуҷанд бароварда мешавад. Таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои пешрафтаи русӣ ва чинӣ ворид карда шудааст.

Дар корхонаи коркарди пахта, ки дар ҳаминҷо сохта шудааст, то 50 нафар бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд. Пахта аз хоҷагиҳои пахтакори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ворид мегардад.

Баъди ифтитоҳи корхонаи нави равғанбарорӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни кори он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот изҳори сипос карда, ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.

Дар назди корхонаи нави истеҳсоли равған Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Нексигол” шинос шуданд.

Соли 2009 зимни як сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Спитамен Сарвари давлат аввалин агромағозаро ифтитоҳ карда, барои вусъати корҳо ва мусоидат ба пешрафти соҳаи боғдорию кишоварзӣ ба роҳбарияти ноҳия барои ҷудо намудани замин ба ширкати ватанӣ супориш дода буданд.

Ҳамин тавр бо дастури Президенти мамлакат ба Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Нексигол” 5 гектар замин ҷудо карда шуд, ки айни ҳол дар он боғи интенсивӣ бунёд гардида, якчанд навъи себ ва шафтолу парвариш карда мешавад.

Барои истифодаи самараноки замин хоҷагидорон дар байни қаторҳо қулфинай, карамҳо, помидор, қаланфур ва ҷуворимакка кишт мекунанд.

Зимни ифтитоҳи агромағоза ба роҳбарияти ҷамъият супориш дода шуда буд, ки аз ширкатҳои пешрафтаи хориҷӣ маҳсулот ворид намоянд.

Ҳамаи молу маҳсулоти мағоза, ки ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад, барои парвариши зироат ва боғдорию сабзавоткорӣ хеле муфид аст. Аз ин мавод ҷиҳати беҳтар кардани тухмии зироат, нест кардани ҳашароти зараррасон ва эмин нигоҳ доштани дарахтон васеъ истифода мебаранд.

Аз тарафи ширкат бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни ҳол дар 12 шаҳру ноҳия филиали агромағоза кушода шудааст.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ҷамъияти мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори меҳнаткашон баҳои арзанда дода, онҳоро барои истифодаи имкониятҳои мусоиди боду ҳаво ва хоки зархези сарзамин ҳидоят карданд.

Дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави истеҳсоли равғанро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “25-солагии Истиқлолият” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшиданд.

Дар ин ҷо нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмон ва иқтидору имконияти истеҳсолии 9 корхонаи нави саноатӣ, ки ба истиқболи шоистаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони қариб 9 гектар бо саҳми ширкатҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохта мешаванд, муаррифӣ карда шуд.

Иқдоми мазкур, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории судманди давлат бо бахши хусусӣ амалӣ карда мешавад, ширкатҳои ватанӣ ва соҳибкорони инфиродӣ асосан корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, коргоҳи дӯхти либосҳои мардона, занона, кӯдакона ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, корхонаи маҳсулоти ордӣ, коркарди меваи хушк ва афшура аз мева, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва қаннодӣ, корхонаи истеҳсоли профилҳо ва конструксияҳои металлӣ, корхонаи коркарди сангҳои ранга ва худҷило, корхонаи истеҳсоли маснуоти ҳифзкунанда, васлкунандаҳои барқӣ ва таҷҳизоти барқӣ, корхонаи истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳоро бунёд менамоянд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо инобати талаботи аҳолӣ ва афзоиш бахшидани иқтидори содиротии мамлакат дар ин корхонаҳо молу маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир истеҳсол карда шуда, дар марҳилаи аввал беш аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Калонтарин корхонаи дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе бунёдшаванда – корхонаи коркарди пахта то ҳадди ниҳоӣ ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин мебошад, ки бо харҷи 50 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 2000 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Дар маҷмӯъ, барои бунёду муҷаҳҳазгардонии нуҳ корхонаи нави саноатӣ сарфи қариб 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкорон изҳор доштанд, ки дар шароити имрӯза воридоти технологияи нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонӣ таъмин гардад. Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла тавлиди молу маҳсулоти рақобатпазир таъкид гардид, ки дар корхонаҳои Минтақаи саноатии “Душанбе” технологияи муосири истеҳсоли бонуфузтарин ширкатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Германия, Италия, Белгия, Кореяи Ҷанубӣ ва Туркия васлу насб карда мешаванд.

Масъулони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат”, “Шаҳзода”, “Грин Голд”, “Норд Азия Металл”, “Асрори Санг”, “Ноқили Талко” ва “Технологияи барқӣ ва бехатарӣ” ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки марҳила ба марҳила то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корхонаҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз таъсиси минтақаҳои саноатию иқтисодӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, коркарди ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, афзоиш бахшидани иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави истеҳсоли равғанро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “25-солагии Истиқлолият” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Соли 2015 соҳибкори ватанӣ Даврон Ахмедов корхонаи коркарди пахтаро бо иқтидори 20 ҳазор тонна дар як сол таъсис дода буд. Акнун бо ба даст овардани фоидаи соф соҳибкорон дар шафати корхонаи коркарди пахта коргоҳи истеҳсоли равған бунёд намуданд.

Дар корхонаи навтаъсис, ки иқтидори коркарди 65 тонна ашёи хомро дар як шабонарӯз дорад, 25 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар ин ҷо аз ашёи хоми зағер, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол карда мешавад, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор меравад.

Хати истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ ва бастубанд иборат мебошад. Равғани босифати растанӣ дар зарфҳои 2, 3 ва 4-литра ҷой дода шуда, ба бозорҳои ноҳияи Спитамен ва шаҳри Хуҷанд бароварда мешавад. Таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои пешрафтаи русӣ ва чинӣ ворид карда шудааст.

Дар корхонаи коркарди пахта, ки дар ҳаминҷо сохта шудааст, то 50 нафар бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд. Пахта аз хоҷагиҳои пахтакори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ворид мегардад.

Баъди ифтитоҳи корхонаи нави равғанбарорӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни кори он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот изҳори сипос карда, ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.

Дар назди корхонаи нави истеҳсоли равған Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Нексигол” шинос шуданд.

Соли 2009 зимни як сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Спитамен Сарвари давлат аввалин агромағозаро ифтитоҳ карда, барои вусъати корҳо ва мусоидат ба пешрафти соҳаи боғдорию кишоварзӣ ба роҳбарияти ноҳия барои ҷудо намудани замин ба ширкати ватанӣ супориш дода буданд.

Ҳамин тавр бо дастури Президенти мамлакат ба Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Нексигол” 5 гектар замин ҷудо карда шуд, ки айни ҳол дар он боғи интенсивӣ бунёд гардида, якчанд навъи себ ва шафтолу парвариш карда мешавад.

Барои истифодаи самараноки замин хоҷагидорон дар байни қаторҳо қулфинай, карамҳо, помидор, қаланфур ва ҷуворимакка кишт мекунанд.

Зимни ифтитоҳи агромағоза ба роҳбарияти ҷамъият супориш дода шуда буд, ки аз ширкатҳои пешрафтаи хориҷӣ маҳсулот ворид намоянд.

Ҳамаи молу маҳсулоти мағоза, ки ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад, барои парвариши зироат ва боғдорию сабзавоткорӣ хеле муфид аст. Аз ин мавод ҷиҳати беҳтар кардани тухмии зироат, нест кардани ҳашароти зараррасон ва эмин нигоҳ доштани дарахтон васеъ истифода мебаранд.

Аз тарафи ширкат бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни ҳол дар 12 шаҳру ноҳия филиали агромағоза кушода шудааст.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ҷамъияти мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори меҳнаткашон баҳои арзанда дода, онҳоро барои истифодаи имкониятҳои мусоиди боду ҳаво ва хоки зархези сарзамин ҳидоят карданд.

Чаро фаъолияти 4 корхонаи пахта боздошта шудааст? Оё хатҳои технологии онҳо ҷавобгўи талаботанд? Мавсими қабули пахта наздик, масъулон чӣ тадбирҳоро амалӣ менамоянд?

Инак, барои деҳқонон, махсусан пахтакорони вилоят маъракаи муҳим — саривақту беталаф ғундоштани ҳосили бо арақи ҷабин рўёнидаашон фаро расид. Ин як тарафи масъала бошад, дигараш, бояд онҳо ҳосили ҷамъоварда-ашонро барои коркард ба заводҳои пахтақабулкунӣ супоранд. Оё имрўз корхонаҳои пахтатозакунии вилоят ба қабули дастранҷи марди деҳқон омодаанд?

Бо ин суол мо ба сармутахассиси Сарраёсати кишоварзии вилоят Отабек Ҳоҷиев муроҷиат намудем. Ў оиди вазъи омодагии корхонаҳои пахтатозакунии вилоят чунин ибрози ақида кард:

— Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, гурўҳи корӣ таъсис дода, аз 29 июл то 4 августи соли ҷорӣ рафти омодагии корхонаҳои пахтатозакунии вилоятро барои қабул ва коркарди пахтаи ҳосили соли 2015 мавриди таҳлил ва омўзиш қарор додем.

Дар натиҷа маълум гардид, ки корхонаҳои пахтатозакунии вилоят аз ҳисоби ҳосили соли 2014 ба миқдори 97295 тонна пахтаи хом бо вазни кондитсионӣ захира ва коркард намуда, аз он 34516 тонна нахи соф гирифтаанд. Баромади миёнаи нах 35,7 фоиз (меъёр 34,7 фоиз) буда, 55054 тонна чигит ё 56,9 фоиз (меъёр 57,2 фоиз), 1434 тонна тибит 1,5 фоиз (меъёр 1,7 фоиз), 772 тонна торак ё 0,8 фоиз (меъёр 0,7 фоиз) ва 580 тонна пати сиклонӣ ё 0,6 фоиз (меъёр 0,5 фоиз) истеҳсол гардидаанд.

Имсол низ майдони кишти навъҳои хориҷӣ боз ҳам васеъ карда шуд. Аз натиҷаҳои коркарди ниҳоии пахтаи ҳосили соли 2014 аён гардид, ки баромади нахи пахтаи навъҳои хориҷӣ нисбат ба навъҳои ватанӣ баланд буда, он қиёсан аз 36,7 то 40,7 фоизро ташкил намуд.

Алҳол дар вилоят 33 корхонаи коркарди пахта мавҷуд буда, иқтидори истеҳсолии онҳо дар як сол зиёда аз 400 ҳазор тонна пахта мебошад. Аз ин миқдор хатти технологии коркарди 12 адади он бо таҷҳизотҳои муосири муҳаррикҳояшон каммасрафи истеҳсоли давлатҳои Чин, Олмон, Туркиё ва ИМА муҷаҳҳаз шудааст. Дар ин корхонаҳо 2545 нафар фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 305 нафар кормандони доимӣ, боқимонда 2240 нафар кормандони мавсимианд.

Нақшаи омодагии боқимонда 21 корхонаи коркарди пахта ҳангоми санҷиш аз 15 то 95 фоизро ташкил дод. Ин коргоҳҳо барои қабул ва коркарди пахтаи ҳосили нав сари вақт базаи моддӣ-техникиро омода намуда истодаанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Идоракунии кормандони корхонахои тиҷорати

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-11-14

Нақша:

1. Мохият ва принсипхои асосии идоракунии кормандони корхонахои тичорати
2. Технологияи ташаккул ва идоракунии кадрхои корхонахои тичорати
3. Идоракунии ташкил ва хавасмандгардонии мехнати кормандони корхонахои тичорати.

Адабиётҳо:

1. Идоракунии кормандон яке аз бахшхои мухими менечменти корхонахои тичорати ба хисоб меравад. Он мачмуи усулхои бо хам алокамнди иктисоди, ташкили ва ичтимои мебошад, ки самарабахш истифода бурдани неруи кори ва кобиляти зехнии кормандонро дар бар мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки хусусияти хоси корхонахои тичорати ин микдори зиёди амалиёти мехнати мебошад, ки асосан бо хизматрасонии харидорон оиди фуруши мол вобастаги дорад.
Бинобар ин, максади асосии идоракунии кормандони корхонахои тичорати хусусияти мазакурро ба назар гирифта, ташаккули шумора ва хайати кормандон, таъмини шароити мусоид барои ба даст овардани сатхи баланди хосилноки ва самаранокии мехнат, окилона истифода бурдани потенсиали мехнати ва такомули хавасмандгардонии мехнатро дар бар мегирад.
Низоми идоракуни кормандони корхонахои тичорати аз се кисмати таркиби иборат аст, ташаккул, истифода ва устувории хайати кормандон.
Мохияти ташаккули кормандон дар муайян кардани эхтиёч ба микдору хайати кормандон, накшагирии кадрхо, хостагари, чобачогузори, бастани шартномахо ва гайра ифода меёбад.
Истифодаи кормандон мунтазам тайёр кардани кадрхои касби, бехсозии мухити маънави- рухи, таъмини кормандон ба чои кори, фарохам сохтани мехнат ва гайраро дар худ маттахид месозад.
Устувории хайати кормандон бештар ба масоили такмил додани чараёни идоракуни, ташаккули низоми одилонаи музди мехнат, баходихи ба натичахои мехнати кормандон алокаманд мебошад.
Бо максади идоракунии самаранокии чараёни ташаккул ва истифодаи кормандони корхонахои тичорати, онхоро аз руи нишонахои гуногун тасниф мекунанд. Масалан, аз руи категория кормандони корхонахои тичоратиро ба кормандони идоракунанда, кормандони савдою - амалиёти ва кормандони ёрирасон чудо мекунанд.
Дар навбати худ, аз руи нишонаи вазифаю мансабӣ ба хайати кормандони идоракуни рохбарон (менечерон) ва мутахассисон дохил мешаванд.
Чараёни идоракунии кормандони корхонахои тичорати ба шартхои зерин такя мекунад:

  • низоми ташаккул ва истифодаи кормандони корхонахои тичорати бояд аз стратегияи рушди он замина гирад. Идоракунии кормандон бояд дар алокаманди бо стратегияи идоракунии гардиши мол, рушди базаи модди- техники, молияви ва гайра хамоханг гардад;
  • максади асосии идоракунии кормандон бояд усутвории хайати кормандони корхона бошад;
  • интихоб ва хостагирии кормандон бояд тарики гузаронидани озмун сурат гирад. Пеш аз хама ин шарт ба кормандони кироя – менечерон ва мутухассисон дахл дорад. Вале ин маънои онро надорад,ки дар чараёни ба кор кабул кардани фурушандагон истифодаи озмун шарт нест;
  • дар чараёни ташаккул ва истифодаи кормандон бо назардошти имконияти корхонаи тичорати хавасмандгардонии мехнатии онхоро низ ба эътибор гирифтан зарур аст;
  • дар раванди идоракунии кормандони корхонахои тичорати бояд санадхои меъёри- хукукии танзими давлатии шугли ахоли ва музди мехнат низ ба инобат гирифта шаванд.

Шартхои номбаргирдида ба коидаи кабули кормандон ба кор, таъмини шароити зарурии мехнат, риояи андозаи музди мехнати хадди акал, таъмини пардохтхои ичтимои ва гайра дахл доранд.

2. Кадрхо омили асоси ва басо такдирсози фаъолияти корхонахои тичорати ба хисоб мераванд ва сифати мехнату кобиляти кордонии онхоро баъзан андозагири кардан хеле душвор аст. Аз ин ру, накшагири ва конеъ намудани эхтиёчи корхонахои тичорати бо кадрхо ва хайати онхо вазифаи хеле масъулиятнок ва аввалиндара ба шумор меравад.
Бо ибораи дигар, тахлил, накшагири, чалб, интихоб, хостгири ва чобачогузории окилонаи кадрхо омили мухим дар рохи рушди иктисодии корхонахои тичорати мебошад.
Ташаккули кадрхои корхонаи тичорати тавассути аз як катор амалиёту мархилахои бо хам пайванд амали мегардад.
1. Муайян намудани эхтиёч ба кадрхо мархилаи аввал ва такдирсози ташаккули кормандони корхона ваз амина барои накшагирии кадрхо мебошад.
2. Накшагирии кадрхо чузъи таркибии чараёни накшагирии фаъолияти иктисоди- ичтимоии корхона буда, барои чавоб ёфтан ба саволҳои зайл кумак мерасонад:

  • чи микдор корманд, кай ва барои кадом сохтори корхонаи тичорат зарур аст?
  • бо кадом рох кадрхои заруриро ба корхона чалб намудан бехтар аст?
  • чи тавр кадрхоро бо дар назардошти кобилят, донишу маълумот, махорат ва тачрибаи кориашон пурсамартар истифода бурдан мумкин аст?
  • амали кардани чунин чорабинихои тархрезишуда чи кадар харочотро талаб мекунад?

Раванди накшагирии эхтиёч ба кадрхо тахлили амики ду самти он: эхтиёч ба микдор ва таркиби вазифагию ихтисосии кадрхоро муттахид менамояд.
Эхтиёч ба микдори зарурии кадрхо дар асоси тахлили сохтори ташкилии корхонаи тичорати, тартиботи технологияи фуруш, пешбинии микдори кормандон ва гайра мукаррар карда мешавад. Вале мухимтарин омил, албатта, мавчуд будани чои кор дар корхона аст.
Дар чараёни накшагирии сифати кадрхо, пеш аз хама сатхи тахсилот, донишу малака ва ақлу фаросати касбӣ, маданият ва шарту шароитҳои барои ишғоли вазифа, ки ба талаботи корхона ҷавобгӯ аст, дар навбати аввал санҷида шуда, ба инобат гирифта мешавад.
3. Омӯзиш ва таҳлили вазъи бозори меҳнат. Дар раванди омӯзиши вазъи бозори нерӯи корӣ таҳлили иттилооти зерин ба мақсад мувофиқ аст:

  • сатҳи шуғлнокии аҳолӣ дар минтақа (мамлакат, шаҳр, ноҳия ва ғ.);
  • сатҳи музди меҳнат;
  • муассисаҳои таълимие, ки ба омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон машғуланд;
  • ҳолати демографӣ;
  • зеҳнияти миллӣ ва хусусияти маданӣ – иҷтимоии аҳолии маҳал.

4. Ҷалби номзадҳо ба корхона. Ҳадафи асосии ин марҳила ташкил намудани захираҳои эҳтиётии онҳо ба ҷойҳои корӣ бо назардошти тағйиротҳои ташкилӣ ё кадрӣ дар оянда, хусусан дар мавриди ба нафақа баромадани баъзе кормандон, хотима ёфтани мӯҳлати шартномаҳои меҳнатӣ, афзудани сатҳи автоматикунонӣ ва механикикунонии ҷараёнҳои истеҳсолот, дигаргун шудани самти фаъолияти хоҷагӣ ва ғайра мебошад.
Манбаъҳои зиёди дохилӣ ва берунии ҷалби кормандон ба ҷойҳои корӣ мавҷуданд, ки онҳоро ҳамаҷониба аниқу баррасӣ кардан аҳамияти амалӣ дорад.
Манбаъҳои дохилӣ кормандони худи корхона ё ташкилот ба шумор мераванд, дар мамолики хориҷӣ, масалан, Ҷопон, ҳангоми пайдо гаштани ҷои холи корӣ одатан пеш аз ҳама дар байни кормандони корхона озмун эълон мекунанд. Танҳо дар ҳолати натиҷаҳои манфии озмун, ба он мутахассисон аз берун ҷалб карда мешаванд. Чунин амал муҳити иҷтимоии дохилиро беҳтар месозад ва вафодории кормандонро нисбати корхонаи худ қавитар мегардонад.
Ба манбаъҳои берунии ҷалби кормандон ба корхона марказҳои шуғл, агентии кадрҳо, ҷустуҷӯи мустақил тавассути васоити ахбори умум ва ғайра шомиланд.
5. Интихоб ва ба кор қабул кардани кадрҳо. Ин раванди муҳим дар корхонаҳо одатан зинаҳои зеринро дар бармегирад: сӯҳбати пешакӣ бо номзад; пур кардани пурсишнома; гузаронидани санҷишҳои махсус ва ҳатмии тестӣ; талаб кардани тавсияҳо ва таҳлили одилонаи онҳо; азназаргузаронии тиббӣ; қабул ба ко рва ҷобаҷогузории кадрҳо аз рӯи ҷадвали мансабии корхона.
Яке аз чорабиниҳои муҳими интихоб ва ба кор қабул кардани кадрҳо ин гузаронидани озмун барои ишғоли вазифаи кори холӣ мебошад, ки он имконият медиҳад то ба корхона мутахассисону коргарони ҳақиқатан баландихтисос, кордон ва меҳнатдӯсту поквиҷдон ҷалб карда шаванд. Пас аз ба кор қабул намудани кадрҳо марҳилаи мутобиқшавии онҳо бо ҷои кор ва шароити меҳнат дар корхона оғоз мегардад, ки он вобаста ба дониш, қобилият ва маҳорати кормандон одатан аз ду моҳ то як солу шаш моҳро дар бар мегирад.
6. Баҳодиҳӣ ба натиҷаи кори кормандон ва аттестатсияи онҳо. Дар натиҷаи гузаронидани чунин чорабиниҳо аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳою ӯҳдадориҳои худ ва ба талаботи корхона ҷавоб дода тавонистани кормандон муайян карда мешавад.
Вазифаи дигаре, ки дар раванди идоракунии кормандон нақши хос дорад ва ба рушди фаъолияти хоҷагии корхона таъсири бевосита мерасонад, ин коркарди барномаи ҳавасмандгардонии меҳнат мебошад, ки он шакли моддӣ ва маънавиро ба худ муттаҳид месозад.
Ба зарурати омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо омилҳои зерин таъсир мерасонанд: ҷорӣ намудани техника ва технологияи муосир, тадбиқи усули нави фурӯши мол, тараққии имконоти иртиботӣ ва ғайра; босуръат болоравии рақобати бозорӣ; омӯзонидани кадрҳои дохилӣ нисбати аз берун ҷалб кардани чунин мутахассисон хароҷоти камтарро талаб мекунад.
Ҳамин тавр, барои таҳия ва асоснок намудани сиёсати кадрҳо дар корхонаҳои тиҷоратӣ ба менеҷерон зарур аст, ки дар раванди ҷалб намудан, интихоб, ҷобаҷогузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва бозомӯзии кормандон ба усулу воситаҳои хосу судманд ва пешқадами менеҷмент такя намоянд.

3. Истифодаи самараноки меҳнати кормандони корхонаҳои тиҷоратӣ то андозае бо коркарди низоми чорабиниҳо доир ба баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат таъмин гардонида мешавад.
Ҳосилнокии меҳнат гуфта, таносуби байни натиҷаҳои асосии фаъолияти корхонаҳои тиҷоратӣ ва хароҷоти меҳнати кормандон дар давраи муайян фаҳмида мешавад.
Мақсади асосии идоракунии ҳосилнокии меҳнат дар корхонаҳои тиҷоратӣ дарёфт ва амалӣ гардонидани захираҳои имконпазири афзоиши сатҳи он мебошад.
Барои расидан ба ин мақсад, роҳбарияти корхонаҳои тиҷоратӣ бояд чунин вазифаҳоро ба пуррагӣ амалӣ намоянд:
1. Муайян намудани он нишондиҳандаҳое, ки ҳосилнокии меҳнати кормандони корхонаҳои тиҷоратиро ифода менамоянд.
Ҳам натиҷаҳо ва ҳам хароҷоти меҳнат дар корхонаҳои тиҷоратӣ бо нишондиҳандаҳои гуногун инъикос ёфта метавонанд.
Ба қатори нишондиҳандаҳои асосии баҳодиҳии натиҷаҳои меҳнат дар корхонаҳои тиҷоратӣ инҳо дохил мешаванд: ҳаҷми фурӯши мол; ҳаҷми фурӯши гурӯҳҳои алоҳидаи молҳо; ҳаҷми пешниҳоди хизматҳои пулакӣ, сатҳи ҳосилнокӣ ва самаранокии меҳнат.
Барои баҳо додан ба хароҷоти меҳнат чунин нишондиҳандаҳо, ба монанди шумораи миёнаи кормандони категорияҳои алоҳида, маблағи умумии фонди музди меҳнат ва ғайраро истифода бурдан мумкин аст.
2. Ҷустуҷӯ ва баҳодиҳии захираҳои имконпазири афзоиши ҳосилнокии меҳнати кормандон. Ҳалли ин вазифа бо истифода аз усулҳои таҳлил амалӣ мегардад. Дар ҷараёни гузаронидани чунин таҳлил системаи нишондиҳандаҳои асосӣ ва ёрирасони ҳосилнокии меҳнат истифода мешаванд. Дар ҷараёни ҷустуҷӯи захираҳои имконпавзири баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат бояд дар назар дошт, ки он зимни риояи шартҳои зерин ба даст меояд:
а) натиҷаҳои фаъолияти кормандон баланд мегардад, хароҷоти меҳнат кам мешавад;
б) натиҷаҳои фаъолияти ниҳоии кормандон меафзояд, вале хароҷоти меҳнат тағйир намеёбад;
в) натиҷаи фаъолияти кормандон меафзояд, хароҷоти меҳнат низ меафзояд, вале бо суръати пасттар;
г) натиҷаҳои меҳнат тағйир намеёбанд, хароҷоти меҳнат паст мешавад;
д) натиҷаҳои меҳнат паст мешавад, хароҷоти меҳнат низ паст мешавад, вале бо суръати баландтар.
Ҳар яке аз ин моделҳои дарёфти захираҳо барои баланд бардоштани сатҳи ҳосилнокии меҳнат ва самаранокии меҳнат, метавонад дар марҳилаҳои алоҳидаи тараққиёти он истифода шавад.
3. Таҳияи чораҳо доир ба амалӣ гардонидани захираҳои рушди ҳосилнокии меҳнат дар корхонаҳои тиҷоратӣ. Ин марҳила одатан бахшҳои зеринро дар бар мегирад:
а) ташкилӣ. Ба ин бахш, пеш аз ҳама тадбирҳо оиди ташкили сохтори ташкилии корхона, такмили шаклҳои махсусгардонии молҳо, тадбиқи шаклҳои пешқадами ташкили меҳнат, ташкили тартиби (реҷаи) корӣ дохил мешаванд.
б) техникӣ. Ба таркиби онҳо чораҳо доир ба баланд бардоштани сатҳи механикикунонии меҳнати кормандон, ҷорӣ намудани мошину таҷҳизоти пурмаҳсул ва ғайра шомиланд.
в) технологӣ. Онҳо дар худ чораҳоро оиди ҷорӣ кардани технологияи пешқадами ҳаракати мол, тадбиқи усулҳои пешқадами фурӯши молҳо ва намудҳои нави хизматҳои иловагиро муттаҳид месозанд.
г) иқтисодӣ. Ба онҳо чораҳо оиди ташкили низоми иштироки кормандони кироя дар пешрафти фаъолияти корхона дохил мешавад.
д) иҷтимоӣ. Ба қатори онҳо тадбирҳо оиди таҳкими интизоми меҳнатӣ, такмили шароити меҳнат ва маишати кормандон, фароҳамсозии муҳити солими рӯҳӣ ва ғаӣра шомиланд.
Ҷорӣ намудани ин тадбиру чораҳо бо дар назардошти марҳилаҳои гуногун дар ҷараёни идоракунии кормандони ба баланд бардоштани сатҳи ҳосилнокӣ ва самаранокии меҳнат мусоидат мекунад.
Дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ нақши ҳавасмандгардонии меҳнат дар ҷараёни идоракунӣ беш аз пеш меафзояд.
Мақсади асосии идоракунии ҳавасмандгардонии меҳнат таъмини рушди даромади кормандон ва рӯҳбаландии онҳо мебошад.
Идоракунии ҳавасмандгардонии меҳнат як қатор чораҳои бо ҳам алоқамандро муттаҳид месозад:

  • интихоби шакл ва системаи музди меҳнат;
  • таҳияи системаи ҳавасмандгардонии иловагии фаъолнокии меҳнатии кормандон;
  • инфиродӣ намудани ҳавасмандгардонии моддии кормандони баландихтисос;
  • нақшагирии воситаҳо барои ҳавасмандгардонии меҳнат.

Тадбиқи самараноки ин гуна чораҳо, бешубҳа кормандонро барои меҳнати пурмаҳсул ҳавасманд месозад.

Саволҳои семинарӣ:

Читайте также:

Пожалуйста, не занимайтесь самолечением!
При симпотмах заболевания - обратитесь к врачу.