Дар точикистон коронавирус даромадай

Имрӯз коронавирус ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука овардааст, ки бо гумони ғолиб ҳеҷ ҷанг ё вабое то ба ин ҳад наоварда буд. Ҳоло танҳо дар 16 давлати дунё ин вирусро ба қайд нагирифтаанд ва яке аз онҳо Тоҷикистон аст. Бо вуҷуди он ки дар кишвари мо то ҳол сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале сару садоҳои зиёд, паникаҳои беасос, болоравии нархҳо, карантинкунониҳо (ба хотири санҷишу пешгирӣ) мавҷуданд, ки дар зер доир ба онҳо мегӯем.

Карантин: мешавад ё не?


Дар бобати паникаҳои зиёди сокинони кишвар, ки ҳамагӣ дар мавриди карантин шудан ё нашудани кишвар ҳадс мезаданд, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода гуфт, ки ҳеҷ баҳона ё сабабе барои эълони карантин, бахусус, карантини саросарӣ нест, барои барои карантинкунонии кишвар асос лозим аст. Хушбахтона, то имрӯз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст ва ҳоло карантин дар назар нест.

Се фавти пурсадо

Якум. 31-уми март як марди 60-сола дар Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов фавтид. Ин фавт ба бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа карданд ва таҳти карантини пурра қарор гирифтани беморхонаи мазкур сабаб шуд. Ин ба ҳолате оварда расонд, ки аз бемористон ягон табибу парастор ё бемор ва ҳатто заноне, ки чанде пеш таваллуд кардаанд, ҳаққи берун омадан надоранд. Қабули беморон ва аёдаткунандагон манъ шуд. Иловатан 29 нафаре, ки бо марди фавтида дар беморхона дар тамос будаанд, ба карантин фаро гирифта шуданд, ки 9 нафари калонсол ва 9 кӯдак аъзои оилаи ин мард буда, 11 нафари дигар кормандони тиббии бемористоне мебошанд. Мақомоти тандурустии вилоят гуфтанд, санҷишҳо то ҳоло мавҷудияти вируси коронаиро дар тани ин афрод ошкор накардаанд. Ба карантин гирифта шудани ин афродро мақомоти тандурустии вилояти Суғд як чораи эҳтиётӣ ва пешгирикунанда меноманд.

Дуюм. Рӯзи 11-уми апрел дар Беморхонаи бемориҳои сили вилояти Суғд сокини 61-солаи ноҳияи Шаҳристон Шодмон Раҷабов вафот кард ва хешовандони марҳум ба карантин гирифта шуданд.

Гуфта мешавад, ки Шодмон Раҷабов рӯзи 8-уми апрел дар беморхона бистарӣ шуд. Раҷабов баъди ба сауна (ҳаммом) рафтан худро бад ҳис карда, ба Беморхонаи ноҳияи Шаҳристон муроҷиат мекунад. Аммо дар он ҷо ба ӯ гуфтанд, ки вазъи саломатияш хуб аст. Ӯ ба хона омада, боз худро бад ҳис кард. Баъд аз муроҷиаташ ба беморхонаи вилоятӣ, зимни муоина дар ӯ бемории сил ошкор шуд ва аъзои оилаи ӯ дар Беморхонаи сироятии ноҳияи Шаҳристон ба карантин гирифта шудаанд.

Сеюм. Шоми 12-уми апрел, соати 21:30 корманди Беморхонаи марказии вилоятии ба номи Б.Воҳидови шаҳри Бохтар Алимова Оишамоҳ, соли таваллудаш 1962 бо ташхиси сили иртишоҳи қисми мобайнии ҳар ду шушҳо (инфильтративный туберкулёз), гипертерофияи меъдачаи чапи дил, атеросклерози шоҳраг фавтид, хабар дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ.

Дар пасманзари ин се фавт сару садоҳои хеле зиёд баланд шуданд ва бисёриҳо ҳадс мезаданд, ки мумин аст коронавирус ба Тоҷикистон омадаву шахсони фавтида сироятёфта бошад. Вале Вазорати тандурустӣ ин ҳамаро рад карда, гуфт, ки дар нафарони фавтидан коронавирус ба қайд гирифта нашуда буд.

Омори вазорат


Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, аз 1-уми феврал то 13-уми апрели соли равон 7560 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз шумораи зикршуда то санаи 13-уми апрел 5724 кас ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, айни ҳол 1836 нафари онҳо зери назорати карантинӣ қарор доранд. Аз оғоз то имрӯз 326 нафар шаҳрвандони хориҷӣ низ ба карантин фаро гирифта шуданд, ки айни замон 5 нафари онҳо дар карантин қарор доранд.

Нархҳо боло рафатанд, аммо

Ҳукумати Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ба овозаҳои камбуди маҳсулоти ғизоӣ бовар накунанд. Ба гуфтаи онҳо, захираи хӯрокворӣ дар кишвар кофист. Аммо нархҳо дар бозорҳо ҳамарӯза боло мераванд.

Баъзе маҳсулот, аз қабили сирпиёз (чеснок), лимӯ (лимон) ва занҷабил бар асари афзоиши талабот ба онҳо дар робита ба пешгирии сирояти коронавирус қимат шуданд (доир ба нарху навои бозор дар саҳ. 7 муроҷиат кунед).

Намозро дар хона хонед


Инчунин имомхатибон дар мавъизаи худ ба масъалаи намозгузорӣ дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ, аз ҷумла роҳравҳои атрофи масоҷид дахл намуда, ин амалро дар шароити феълӣ маҳкум карданд:

Суруд дар бораи коронавирус


Бахшида ба мавзӯи коронавирус дар Тоҷикистон суруд сабт шуд. Тарона муроҷиат ба Худост бо дархости муҳофизат аз ин беморӣ. Мусиқии таронаро овозхон Баҳодур Илҳомӣ таҳия кардада, муаллифи шеъри он шоираи шинохтаи тоҷик Фарзона аст.

Онро худи муаллиф Баҳодур Илҳомӣ, инчунин Шермуҳаммад Шерматов, Дилрабо Қурбонова, Нозимҷон Бойназаров, Низомҷон Азимов, Баротҷон Шерматов ва Илёс Очилов иҷро мекунанд.

10 000 ниқоби ройгон



Дастикам 15 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия, ки дар миёнашон муҳоҷирони корӣ низ ҳастанд, ба вируси корона мубтало шудаанд. Мақомот мегӯянд, ҷойи воҳима нест, чун дар Русия ҳазорон нафар мубталои коронавирусанд. Бархе аз муҳоҷирон аз дастрасӣ надоштан ба хадамоти тиббӣ дар Русия шикоят доранд.

Як мақоми баландпоя дар сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 14-уми апрел бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи омори эҳтимолии онҳо гирифтории дастикам 15 нафар аз шаҳрвандони кишвар дар Русия ба бемории КОВИД-19 тасдиқ шудааст.

Ин рақам ба гуфтаи масъули сафорати Тоҷикистон метавонад аз ин бештар бошад. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, чанд нафар аз муҳоҷирони сироятшудаи тоҷик беҳбуд ёфта, чанде дигар дар беморхонаҳо бистарӣ мебошанд.

Дар рӯзҳои ахир ҳадди ақал ду нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба Радиои Озодӣ тамос гирифта, гуфтанд, ба вируси корона мубтало шудаанд. Номи ин афрод ба Ковид-19 бар асоси қонун ва хоҳиши худашон ифшо карда намешавад.

Як муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ӯ дар яке аз бозорҳо фурӯшанда буд ва аз сироят ба коронавирус зиёд эҳтиёт намекард.

"Аввал гулӯям сахт дард кард, баъд ҳароратам баланд шуд. Сурфа сар шуд. Даҳ рӯз дар хона табобат кардам, ягон дору фоида накард. Аҳволам аз ҳад бад шуд, ба Ёрии таъҷилӣ занг задам. Омада, маро бурданд ва ташхисҳои коронавирус мусбат баромад", - гуфт ин муҳоҷири тоҷик.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:



Феълан кор намекунад

Ӯ гуфт, аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дархост мекунад, дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои коронавирус ҳатман ба Ёрии таъҷилӣ занг зананд.

Ҳамсуҳбати мо, ки мушкили нафаскашӣ дошт ва базӯр суҳбат мекард, гуфт, ҳоло дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Маскав зери назорати пизишкон аст. Як муҳоҷири дигареро, ки бо ӯ ддар як хона зиндагӣ мекард, низ ба беморхона бурдаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як иттилоия аз муҳоҷирон хостааст, дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои коронавирус ба Ёрии таъҷилӣ бо рақамҳои 103 ва 112 занг зананд.



Феълан кор намекунад

Бархе аз муҳоҷирон гуфтан, як сабаби муроҷиат накардан бовар надоштан ба табибон дар Русия аст.

Муҳаммад, муҳоҷири тоҷик, рӯзи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди ҳашт рӯзи дард аз ҳарорати баланд ва сурфа, саранҷом тавонист падари солхӯрдаашро дар бемористон бо аломатҳои олудагӣ ба коронавирус бистарӣ кунад.

Ин муҳоҷир мегӯяд, "чанд рӯзи охир ҳарорати бадани ӯ то 40 дараҷа мерасид, се дафъа Ёрии таъҷилиро даъват кардем, вале танҳо дору навиштанду бас. Дар рӯзи аввал ваъда доданд, ки фардо тести коронавирус мегиранд, аммо наомаданд, падарамро ҳам ба беморхона бурдан нахостанд".

Таҳлилгарони дар бораи масоили муҳоҷирон мегӯянд, муҳоҷирони тоҷик дар баробари мушкили коронавирус қишри осебпазиранд.

Абдулло Давлатов, пизишки тоҷики муқими Маскав гуфт, сарфи назар аз ин муҳоҷирон бояд вазъиятро дуруст дарк кунанд. Ӯ гуфт, дармонгоҳҳои Русия мувазаффанд, ба ҳар нафар сарфи назар аз шаҳрвандиаш кумаки тиббӣ расонанд.

Вале Давлатов мегӯяд, бархе аз муҳоҷирон бо сабаби нобоварӣ ва ҳам тарс, ки ба сарашон мушкилии дигаре наояд, аз муроҷиат ба дармонгоҳҳо худдорӣ мекунанд: "Чанд нафар дар нимашаб занг заданд, гуфтам ба ёрии таъҷилӣ занг занед. Мегӯянд, мо занг задем, ёрии таъҷилӣ гуфтааст, баъди ду соат мебиёем. Аз ин чиз ранҷиданд, ҳол онки ҷойи ранҷиш нест. Мушкилоти табиӣ аст, баъзе аз ҳамватанони мо даррав меранҷанд, ки мо рус нестем ва барои ҳамон гуфтанд ду соат пас меоянд. Ҳозир барои мардуми бумии Маскав ҳам чунин аст", - таъкид кард Давлатов.

Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, то ҳол ягон мавриди гирифтор шудани сокинон сабт нашудааст. Аммо хабари сирояти чанд муҳоҷири тоҷик дар Русия метавонад боис ба нигаронии наздиконашон дар ватан шавад.

Тибқи омори ахир беш аз 21 ҳазор нафар дар Русия ба бемории ҳамагири КОВИД-19 мубтало шуда, 170 тан ҷон додаанд. Беш аз 1600 нафари дигар шифо ёфтаанд.

Дар Русия тақрибан як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо дар шароити коронавирус бекор ва бе сармоя мондаанд.


Дар моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Чин хурӯҷи пневмония сабт карда шуд, ки он бо таъсири намудани номаълуми коронавирус ба вуҷуд омадаст. Аввалин шахсони ба ин бемори дучоршуда, меҳмонони бозори маҳсулотҳои баҳрии ҳамин минтақа мебошанд ва баътар аниқ шуд, ки ин намуди вирус аз одам ба одам мегузарад.
Аз рӯйи охирон маълумотҳо моҳи феврал дар Чин зиёда аз 85000 одамон бемории коронавирус шуда, зиёда 2700 нафар фавт кардаанд. Берун аз Чин одамони ба коронавирус дучоршуда зиёда аз 4000 ташкил медиҳад, ки дар давлатҳои ба монанди Итолиё, Эрон, ИМА, Канада, Русия, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Австралия ва ғайра қайд карда шудаанд.

Синдроми респиратории осиёи наздик (СРОН) вируси бемории респираторӣ буда, бо тасири коронавируси нав ба амал омадааст, ки он бори аввал дар Арабистони Саудӣ соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд.
Коронавирусҳо оилаи калони вирусҳое, ки имконияти ба амал овардани бемориро аз шамолхурии одӣ то ба синдроми респиратории вазнин дорад.
Аломатҳои одии СРОН ин таби баланд, сулфа ва нафасгирӣ мебошад. Аммо, бисёр ҳолатҳои ин бемори дар лабораторияҳо ҳамчун бемориҳое, ки бе ягон аломатҳо ба вуҷуд омадаанд қайд шудаанд.
Тақрибан 35-40% беморони бо СРОН сабт шуда, фавт намудаанд. Бисёри ҳолатҳои гузариши ин вирус аз як шахс ба шахси дигар танҳо ҳангоми алоқаи зич, мисол ҳангоми расонидани тиббӣ бе воситаҳои муҳофизатӣ мегузарад.
Тахмин карда мешавад, ки хурӯҷи вирус бо расонидани ёрии тиббӣ вобаста, асосан дар Арабистони Садуӣ, АМА ва Кореяи Ҷанубӣ бисёр мебошад.

Аломатҳо (Симптомҳо)

Зуҳуроти клиникии сирояти СРОН аз набудани ягон аломатҳо ва ё аломатҳои респирптории сабук то бемории бемориҳои шадиди роҳи нафас ва фавт иборатанд.
Расми хоси СРОН ин асосан табларзаи баланд, сулфа ва нафасгирӣ меошанд ва одатан, аммо на ҳамеша пневмония ошкор карда мешавад. Аломатҳои гастроэнтрологӣ, аз ҷумла дарунравӣ низ сабт карда мешаванд. Дар ҳолати вазнини ин беморӣ ҳабси нафас пайдо мешавад, ки вентилятсияи механикӣ ва кӯмакро дар шаъбудаи реаниматсионӣ талаб мекунад. Ба назар расида истодааст, ки нн вирус асосан дар байни одамони калонсол, онҳое, ки систмеаи иммунитети паст дошта ва шахсони гирфитори бемориҳои музмин (хроникӣ), аз қабили саратон, бемориҳои музмини шуш ва диабет мебошанд бемории шадидро ба амал меоранд.

Сарчашмаи вирус

СРОН вируси зоонотикӣ, яъне вирусе, ки байни ҳайвоноту одамон мегузарад. Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки одамон тавассути алоқаи мустақим ва ғайримустақим бо шутурони сироятёфта сироят меёбанд.
Пайдоиши ин вирус то ҳол пурра маълум нест, аммо тибқи таҳлили геномҳои гуногуни вирус, чунин ҳисобида мешавад, ки он дар байни “кӯршапаракҳо” сарчашма гирифта, ба шутурҳои якпокка гузариш намудааст.

Роҳи гузариш

Гузариш аз ҳайвон ба одам: Маълумоти пурраи аниқ оиди гузариш вуҷуд надорад, аммо шутурони якпок мумкин аст, ки сарчашмаи асоси СРОН ва манбаи сироят ба одамон бошад. Дар шутурҳо дар якчанд кишварҳо, аз ҷумла Миср, Оман, Қатар ва Арабистони Саудӣ ташхис шудаанд.
Гузариш байни одамон: ин вирус ба одамон бо осонӣ гузариш намекунад, агар ягон алоқа вуҷуд надошта бошад, масалан ҳангоми расонидани ёрӣ бе воситаҳои муҳофизатӣ. Дар муассисаҳои тиббӣ гурӯҳҳо ба вуҷуд омадаанд, ки дар он ҷой гузариш байни одамон бештар аст, хусусан агар усулҳои пешигрӣ ва назорати сироят ба таври кофӣ иҷро нашуда бошанд. Гузариши сироят аз одам ба одам маҳдуд буда, дар байни аъзоёни оила, беморон ва кормандони соҳаи тиб рух медиҳад.

Пешгирӣ ва табобат

Айни замон ягон, доруи мушаххас ё ваксина барои ин беморӣ вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, якчанд ваксинаҳо ва доруҳо таҳия шуда истодаанд. Имрӯзҳо, табобат аз таъин кардани терапияи нигоҳубин, вобаста ба ҳолати бемор иборат аст.
Ҳамчун як чораи умумӣ, ҳар касе, ки ба фермаҳо, бозорҳо, говхонаҳо ва ё ҷойҳои дигар, ки намудҳои дигари ҳайвонтҳо ҳастанд, ҳангоми ба ин ҷойҳо ташриф овардан, бояд ҷораҳои мумии гигиениро риоя намуд, аз ҷумла шустани дастҳо пеш аз он ки ба ҳайвонҳо расидан мебошд.
Истеъмоли маҳсулоти хом ё нокифоя пухташудаи ҳайвонотӣ, аз ҷумла шир ва гӯшт, бо хатари сироятёбӣ бо микроорганизмҳои гуногун алоқаманд аси, ки аз он одамон метавонанд касал шаванд. Маҳсулоти дуруст пухта ё пастеризатсияшудаи ҳайвонот, ки хӯрдан бехатар аст истеъмол кардан мумкин мебошад.

Абдураимзода Ш., Сардори қисми тиббии факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.

Аз панҷ кишвари Осиёи Миёна дар сетоаш вируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст ва аз ин рӯ, дар бораи ҷаншнгирии анъанавии Навруз-21 март маҷоли сухан гуфтан ҳам набуд. Аммо тоҷикистониён (ва ҳамчунин туркманҳо) тарки анъанаи деринаи худ накарданд ва Наврузро бо ҷашнҳои ҳамагонӣ ва раҳпаймоиҳои пурдабдаба пешвоз гирифтанд. Расонаҳо дар мавриди кароновирус ба тоҷикистониён чӣ гуфтанд, ки онҳо дилпурона дар Навруз ба сайру гашт баромаданд? Дар ин бора матлаби моро мутолиа намоед

Хабарҳои нахустини оид ба коронавирус -COVID-19 дар ВАО-тоҷик ҳануз дар моҳи январ пайдо шуданд, замоне ки ин беморӣ дар Осиё шуруъ ба паҳншавӣ дошт. Расонаҳои маҳаллӣ ба сустӣ дар бораи навъи ҷадиде аз вирус менавиштанд, ки ба Чину Корея ҳамла мекунад. Ин матлабҳо қариб ки мавриди таваҷҷуҳи аудитория қарор намегирифтанд, масалан, дар сомонаи “Азия-Плюс” ба матлаби нахустинаш бо пайванд ба “Медуза”, ки ба мавзуи короновирус бахшида шуда буд, ҳамаги 575 корбар таваҷҷуҳ намудааст. Кӣ гуфтан метавонист, ки ҳамагӣ якунимоҳ баъд матлабҳо дар ҳамин мавзуъ дар сомонаи басташудаи “Азия-Плюс” то 40 ҳазор бинанда пайдо мекунанд. Дар ин мавзуъ ба зудӣ дар сомонаи нашрия ба андозае матлаб ҷамъ шуд, ки “Азия-Плюс” рубрикаи махсусе бо номи “Ҳама чиз дар бораи короновируси чинӣ” кушод ва то рузи душанбе-23 март алакай матнҳои ҷамъоваришуда 23 саҳифара ташкил доданд

Дар айни ҳол ҳамаи рӯзноманигорони тоҷикро лозим меомад, ки дар шароити ниҳоят шадид кор кунанд: аз аввали моҳи март, мақомоти марбута бо хабарнигорон дар бораи он, ки дар ҷумҳурӣ чӣ ҳодиса рӯй медиҳад, иттилоъ намедоданд, аммо бо вуҷуди хомӯшии комил давлат як қатор чораҳо низ андешид, масалан, бемористонҳоро омода намуд ё фурудгоҳҳоро баст. Пайдо кардани коршиносони салоҳиятдор оид ба ин мавзӯъ он қадар осон набуд, илова бар ин, ҳазорҳо хабару иттилоияҳои қалбакӣ-дуруғин бар сари ВАО афтоданд, ки сарфаҳм рафтанашон кори осон набуд.

Муддати тӯлоние дар расонаҳои Тоҷикистон ҳикояҳои инсонии марбут ба коронавирус вуҷуд надоштанд. Вақте дар аксари кишварҳо шаҳрвандони воридшударо дар ҳолати карантин қарор медоданд, Тоҷикистон низ аз ин кор пайравӣ намуд. Аммо агар дар дигар давлатҳо одамоне, ки дар карантин буданд, бо хабарнигорон бо майли том тамос мегирифтанд, дар Тоҷикистон то охирин лаҳзаҳо расонаҳо намедонистанд, ки бо мардум вақти дар карантин буданашон чӣ рух медиҳад.

Ин сукутро сомонаи нави Your.tj шикаст: 17 март дар он қиссаи Таҳмина Нағзибекова нашр шуд, ки баъди бозгашт аз Амрико ва ҳамзамон дар вазъи бордорӣ ба карантин уфтода, гирифтори шароити ваҳшатноке гардид. Ин қиссаро билофосила дигар расонаҳо ҳам нашр намуда, дар бораи саргузашти Таҳмина нақл карданд. Масалан,”Азия-Плюс” ҳамин қиссаро баъди Your.tj бо тафовути якчанд соат нашр кард. Дар ҳар ду ҳолат ҳам Таҳмина аз шароити ғайриинсонии истироҳатгоҳи аз замони шуравӣ ба мерос монда, ки дар он мусофирони ба тозагӣ баргаштара ҷой дода буданд, дар бораи дағалии кормандони тиб ва набудани оби нушокӣ нақл мекард.


Таҳмина Нағзибекова, АП

Тахминан як руз баъд Таҳмина дар саҳифаи фейсбукиаш бар бораи он хабар дод, ки ӯро ба ҳуҷраи дигар гузаронидаанд, ки шароиташ андаке беҳтар аст. Пас аз се рузи нашри қиссаи Таҳмина, “Азия-Плюс” матлаби дигаре аз минтақаи карантин нашр намуд, ки дар он шароити буду бошро комилан баръакс тавсиф мекарданд. Қаҳрамони мақола Ситора Ҷонмамадова дар бораи он нақл мекард, ки чи тавр кормандони тиб хушмуомилаанду чи тавр дар онҷо ғизои болаззат медиҳанд. Алакай баъди Навруз “Радиои Озодӣ” нақл кард, ки ба лутфи танқид дар ВАО тахминан шароити будубоши 5оо тоҷикистонии дар карантин бударо беҳтар намудаанд.

Пас аз он ки Тоҷикистон парвози тайёраҳоро манъ кард, нашрияи Your.tj ба гирдоварии достонҳои тоҷикистониёне шуруъ кард, ки вобаста ба карантин ба Ватан баргаштан наметавонанд.

Ҳангомаҳо ва навбат барои хариди орд


Радиои Озодӣ

ВАО хабар медоданд, ки дар заминаи чунин воҳимаҳо нархи маводи ғизоии асосӣ якбора баланд гардид.

Озмоишҳо


Муллораҷаб Юсуфӣ

Чунин озмоишро хабарнигорони Your.tj низ гузаронданд: хабарнигор аз чанд озмоишгоҳи Душанбе бо баҳонаи тамос доштанаш бо шаҳрванди Итолиё, ки аз сафари Бадахшон баргаштааст, дидан кард ва тавонист озмоишҳоро бисупорад. Дар ҳамин ҷо хабар ҳам додаанд, ки Тоҷикистон дар ихтиёри худ 3 ҳазор тест дорад, ки онҳоро аз тариқи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Россия ба даст овардааст.

Бо ҷашнҳои оммавӣ чи бояд кард?

Аммо, воқеан, достони аҷибтарин омодагӣ ба ҷашни Навруз аст. Гап сари он аст, ки бесарусомонӣ дар бозорҳои маводи ғизоӣ пас аз он оғоз ёфт, ки Вазорати илм ва маъорифи кишвар тасмим гирифт роҳпаймоиҳоро оид ба омодагӣ ба ҷашни Навруз ва 30- солагии истиқлоли кишвар таваққуф кунад ва тасмимашро ҳамчун пешгирӣ аз интишори короновирус номид. Тоҷикистониён алайҳи раҳпаймоиҳо бо иштироки донишҷуён солҳо боз бидуни натиҷа дар расонаҳо мунтазам мегуянд, вале пас он ки мақомот ногаҳон довталабона онро манъ карданд, мардум фикр карданд, ки вазъ дар кишвар тамоман бад аст.


Радио Озодӣ

Дар нимаи рузи 13 март вазири тандурустии ҶҚ Елжан Биртанов дар нишасти хабарии махсус ба журналистон оид ба сабти аввалин ҳолати гирифторӣ ба короновирус дар кишвар хабар дод. 15 март оид ба аввалин ҳолати COVID-19 мақомоти Узбекистон эълон карданд. 18 март дар мавриди бақайдгирии ҳолатҳои гирифторӣ бо короновирус мақомот Қирғизистон гуфтанд.


НИАТ “Ховар”

19 март журналистон хабар доданд, ки рузи 20 март дар кишвар масҷидҳо барои намозгузорон кушода мешаванд. 20 март расонаҳои ватанӣ дар бораи он хабар доданд, ки СҶТ ба мақомоти Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки аз маросимҳои оммавӣ худдорӣ намояд, аммо субҳи 22 март ҳамаи каналҳои телевизионии давлатӣ пахши мустақими ҷашни ботантанаи Наврузро бо иштироки президенти кишвар-Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорон тоҷикистониён ба сифати тамошобинону иштирокчиён шуруъ намуданд. Дар шаҳрҳои кишвар гуруҳ -гуруҳ одамон бо либосҳои идона сайру гашт мекарданд, тамоми консерту ҷашнвораҳои қаблан эълоншуда баргузор мешуданд. Аксарияти журналистони тоҷик аз паси ҷашнҳои дурударозӣ наврузӣ рафтанд, ба истиснои ВАО давлатӣ ва мухбирони нашрияҳои мустақил аз нақл дар бораи ҷашн худдорӣ намуданд.


Коронавирус як намуди вирусест, ки сироятҳои роҳи нафасро ба вуҷуд меорад, ки одатан ҳалим аст, аммо дар баъзе ҳолатҳо марговар аст. Ягон ваксина ё доруҳои зидди вирусӣ вуҷуд надоранд, ки барои пешгирӣ ё табобат тасдиқ карда шудаанд. Коронавирусҳо вирусҳои бо геномҳои яктарафаи РНК-и мусбӣ ва бо нуклеокапсидҳои симметрияҳои мушак мебошанд. Коронавирусҳо дар солҳои 1960 кашф карда шуданд; Қадимтарин кашфиётҳо вируси сирояти бронхит дар чӯҷаҳо ва ду вирус аз холигоҳи бинии беморони инсон бо хунукии муқаррарӣ буданд, ки баъдан инсон coronavirus 229E ва коронавируси OC43 номида шуданд. Гумон меравад, ки коронавирусҳои зиёде мавҷуданд, ки ба ҳайвонҳо сироят мекунанд, танҳо баъзеҳо то ба ҳол тавассути ғизо ба инсон интиқол ёфтаанд. Коронавирус метавонад дар баъзе ҳолатҳо ба нокомии узвҳо оварда расонад ва ин боиси марговар мегардад.

Намудҳои коронавирусҳо

Ҳафт штамми коронавирусҳои инсонӣ мавҷуданд:

  1. Коронавируси инсон 229E (HCoV-229E) - як навъи якранг, мусбат ва дорои вируси РНК дар насли Алфакоронавируси subfamily Coronavirinae, дар оилаи Coronaviridae, аз амри Нидовиралес. Дар баробари коронавируси инсон OC43, он дар байни вирусҳое мебошад, ки барои хунукии умумӣ масъуланд
  2. Коронавируси инсон OC43 (HCoV-OC43) - як зерсохторҳои вируси РНК-и мукаммалгашта дар намуди Betacoronavirus 1 (генетик Betacoronavirus, subfamily Coronavirinae, оилаи Coronaviridae, фармоиш Нидовиралес)
  3. Коронавируси шадиди нафаскашии шадид ва нафаскашӣ (SARS-CoV, SARSr-CoV) - вирусест, ки синдроми шадиди роҳи нафасро (SARS) ба вуҷуд меорад
  4. Коронавируси инсон NL63 ё HCoV-NL63 - як намуди Алфакоронавирус аст, ки пеш аз ҳама дар кӯдакони хурдсол, пиронсолон ва беморони масунияти гирифтори бемориҳои шадиди роҳи нафас пайдо мешавад
  5. Коронавируси инсон HKU1 (HCoV-HKU1) - вируси мусбати яктарафаи РНК бо генофонди HE, ки онро ба гурӯҳи 2 ҷудо мекунад ё Betacoronavirus
  6. Коронавирус, ки ба синдроми нафасии синдроми нафасии Шарқӣ наздик аст (MERS-CoV) ё EMC / 2012 (HCoV-EMC / 2012) - як вируси нави мусбӣ-яктарафаи РНК-и генетикии Betacoronavirus мебошад
  7. COVID-19 ё koronavirus Wuhan, ё 2019 нав коронавирус (2019-nCoV) - вируси сироятёфтаест, ки сирояти нафасро ба вуҷуд меорад ва шаҳодати интиқоли одам ба одам мебошад, ки онро мақомоти маҳаллӣ бори аввал дар Вуҳан, Ҳубей, Чин муайян кардаанд.

COVID-19 (коронавируси Вуҳан)

Синдроми шадиди роҳи нафаскашии коронавирус 2 (SARS-CoV-2), ки қаблан бо номи нав коронавируси 2019 (2019-nCoV) ном дошт, вируси яктарафаи РНК-и мусбӣ мебошад. Он дар байни одамон сироятовар аст ва сабаби бемории коронавирус 2019 (COVID-19) мебошад. Эмкунӣ нест. Дар санаи 31 декабри соли 2019, шиддати нави коронавирус, ки аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт расман 2019-nCoV таъин шудааст, дар шаҳри Вуҳани Чин гузориш дода шуд, ки барои хуруҷи коронавируси Вуҳан 2019–20 масъул аст. Штамми Вухан ҳамчун штамси нави Betacoronavirus аз гурӯҳи 2B бо

70% шабеҳи генетикӣ ба SARS-CoV муайян карда шуд.

SARS-CoV-2 ба коронавирусҳои маъруф генетикаи генетикӣ дорад, ки эҳтимол дорад, зоотехникӣ дар камонҳо ба вуҷуд оянд, гарчанде ки ба назар мерасад як обанбори фосилавӣ ба монанди панголин. Аз нуқтаи назари таксономӣ SARS-CoV-2 ҳамчун штамми намудҳо гурӯҳбандӣ мешавад, ки бо коронавируси ба синдроми шадиди роҳи нафас алоқаманд аст. SARS-CoV-2 сабаби сар задани идомаи идомаи коронавируси 2019-20, фавқулоддаи фаврии тандурустии ҷамъиятии нигарониҳои байналмилалӣ, ки дар шаҳри Ухани Хитой пайдо шудааст. Аз ин сабаб, баъзан вирус ба ғайрирасмӣ, дар байни лақабҳои дигар, ҳамчун “коранавируси Вуҳан” номида мешавад.

Интиқоли коронавирус

Нишонаҳои коронавирус

Гумон меравад, ки Коронавирус фоизи калони ҳамаи хунукиҳои маъмулиро дар калонсолон ва кӯдакон меорад. Одамони калонсол ва онҳое, ки мушкилоти асосии тиббӣ ба монанди фишори баланди хун, мушкилоти қалб ё диабет доранд, эҳтимол дорад, ки бемориҳои ҷиддӣ инкишоф ёбанд. Одамон метавонанд бо вирус дар муддати 1 то 14 рӯз пеш аз пайдо шудани нишонаҳо бемор шаванд. Баъзе одамон мубтало мешаванд, аммо ягон нишона инкишоф намеёбанд ва худро бад ҳис намекунанд. Баъзе аз нишонаҳои коронавирус инҳоро дар бар мегиранд:

  1. табларза
  2. Бӯйҳои хунук
  3. Сулфаи шадид / сулфаи хушк
  4. Нафаскашии душворӣ / кӯтоҳии нафас
  5. Аденоиди варам дард / гулу
  6. Синдроми шадиди роҳи нафас
  7. Ноустувории гурда
  8. Тайфӣ
  9. Ачҳо ва вазнин
  10. Бузургии нохуш
  11. Diarrhea
  12. Бронхит, ё бронхити мустақими вирусӣ ё бронхит дуюмдараҷа
  13. Пневмония, ё пневмонияи мустақими вирусӣ ё пневмонияи дуюмдараҷаи бактериявӣ

Ташхиси коронавирус

Коронавируси Вуҳан бо истифодаи реаксияи занҷири полимеразаи воқеӣ (RT-PCR) озмуда мешавад. Техника барои муайян кардани RNA вирусӣ дар намунае, ки аз бемор ҷамъ оварда мешавад, истифода мешавад. Намунаи он метавонад аз варамҳои гулӯ, намунаҳои сулфа ё ҳатто намунаи хун бошад, агар бемор сахт бемор бошад.

Пешгирии коронавирус

Тавсияҳои стандартӣ барои пешгирии сироятҳои минбаъда иборатанд аз:

  • Дастҳоро мунтазам ва бодиққат бо рубои спирти дастӣ тоза кунед ё бо собун ва об шустед.
    Чаро? Шустани дастҳои худро бо собун ва об ё истифодаи рублҳои спиртӣ, вирусҳоеро, ки дар дасти шумо ҳастанд, мекушад.
  • Дар масофаи на камтар аз 1 метр (3 фут) аз байни худ ва касе, ки сулфидан ё snes мекашад, ҷойгир шавед. Вақте ки касе сулфа мекунад ё газ мекунад, онҳо аз бинӣ ё даҳонашон қатраҳои моеъ доранд, ки метавонанд вирус бошанд. Агар шумо хеле наздик бошед, шумо метавонед дар қатраҳо нафас гиред, аз ҷумла вируси COVID-19, агар шахси сулфида бемор дошта бошад
  • Ба чашмҳо, бинӣ ва даҳон даст нарасонед. Дастҳо ба бисёр ҷойҳо мерасанд ва метавонанд вирусҳо гиранд. Пас аз сироят ёфтан, дастҳо метавонанд вирусро ба чашм, бинӣ ё даҳонатон интиқол диҳанд. Аз он ҷо, вирус метавонад ба бадани шумо ворид шавад ва шуморо бемор кунад
  • Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо ва одамони гирду атроф гигиенаи хуби нафаскаширо риоя кунед. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми сулфидан ё хӯрдан даҳон ва бинии худро бо оринч ё хамираи худ пӯшонед. Он гоҳ матоъҳои истифодашударо фавран ихтиёр кунед. Қатраҳо вирусро паҳн мекунанд. Бо риояи гигиенаи хуби нафас шумо одамони гирду атрофатонро аз вирусҳо, аз қабили сармо, зуком ва COVID-19 муҳофизат мекунед
  • Агар худро бад ҳис кунед, дар хона монед. Агар шумо табларза, сулфа ва нафаскашии мушкил дошта бошед, ба духтур муроҷиат кунед ва пешакӣ занг занед. Дастурҳои мақомоти маҳаллии тандурустиро риоя кунед. Мақомоти маҳаллӣ ва маҳаллӣ дар бораи вазъияти минтақаи шумо маълумоти навтарин ба даст меоранд. Пеш аз занг задан ба провайдери тиббии шумо имкон медиҳад, ки шуморо зуд ба муассисаи тиббии дуруст равона кунед. Ин инчунин шуморо муҳофизат мекунад ва ба паҳншавии вирусҳо ва дигар сироятҳо кӯмак мекунад
  • Дар бораи нуқтаҳои охирини COVID-19 иттилоъ диҳед (шаҳрҳо ё маҳалҳои аҳолинишин, ки дар он COVID-19 васеъ паҳн мешавад). Агар имконпазир бошад, аз сафар ба ҷойҳо дурӣ ҷӯед, хусусан агар шумо шахси калонсол бошед ё гирифтори диабети қанд, дил ё шуш бошед. Шумо эҳтимолияти сайд кардани COVID-19 дар яке аз ин маҳалҳо зиёдтар доред

Чӣ гуна коронавирус мекушад

Аксари ҷабрдидагони коронавирус аз мушкилот, аз он ҷумла пневмония ва варам дар шуш мемуранд. Пневмонияи шадид метавонад одамонро бо роҳи "дар" моеъ ғарқ кардани шуш ба ҳалокат расонад. Вирус инчунин варами системаи нафаскаширо ба вуҷуд меорад, ки метавонад шушро ба оксигени хун интиқол дода, боиси нокомии узвҳо ва дар ниҳоят марг гардад.


Видеоролики обновлены до 16 апреля (смотрите ниже)

Пандемия вируса COVID-19 уже охватила 199 стран. В мире зарегистрировано 872893 случаев заболевания, из них 43271 имели летальный исход. Таджикистан до сих пор остается в стороне от мировой эпидемии.

По состоянию на начало апреля 2020 года случаев заражения коронавирусной инфекцией в стране не зарегистрировано.

Противоэпидемический штаб усилил контроль в приграничной зоне. Все приезжающие люди помещаются на обязательный 14-дневный карантин в санатории и инфекционные клиники в Душанбе, Варзобе, Согдийской и Хатлонской областях и других районах.

Министерство здравоохранения республики сообщило, что за все время на карантин были размещены 6159 человек. Тех, кто самовольно покидает карантинную зону, полиция принудительно вернет в больницу. Административная или уголовная ответственность за побег пока не грозит.

Департамент по экономическим и социальным вопросам ООН опубликовал статистику. Согласно этому исследованию, в стране низкий процент пожилого населения, для которого эпидемия особенно опасна.

  • 35% населения составляют несовершеннолетние дети
  • 35% молодежь до 24 лет
  • 19% людей в возрасте до 59 лет
  • 11% приходится на пожилых людей

Средняя продолжительность жизни составляет 73,7 лет. В Италии, наиболее пострадавшей от коронавируса, этот показатель гораздо выше – 83,5 года.

Туризм в Таджикистане не сильно развит. По сравнению с европейскими государствами, страну меньше посещают иностранные туристы. Местные аэропорты принимают небольшое количество пересадочных рейсов, а стоимость билетов довольно высокая. Такая отстраненность от мирового туризма могла пойти на пользу стране, так как инфекция распространилась по миру в основном вместе с путешественниками. Местные жители путешествуют мало по сравнению с другими странами. Позволить отпуск за границей могут позволить себе немногие. Значительная часть населения уезжает на заработки за рубеж, и возвращается домой один раз в год.

Основные транзитные международные пути проходят через Казахстан и Китай, которые были закрыты в самом начале распространения вируса. Обязательный карантин для въезжающих из-за рубежа был введен уже в конце декабря, когда в КНР только заговорили о вероятной эпидемии.

Уровень здравоохранения в стране ниже, чем в Европе и Северной Америке. Есть вроятность, что если на территории Таджикистана есть заболевшие, эти случаи не были диагностированы. Но это только предположения самих граждан Таджикистана. Кроме того, во многих случаях заболевание протекает без симптомов или в легкой форме простуды. Многие люди лечатся дома и не обращаются к медикам как и во многих странах. Диагностика респираторных заболеваний и пневмонии применяется не во всех медицинских учреждениях. В больницах наблюдается нехватка оборудования и экспресс-тестов для диагностики Sars-Cov-2. Было только 2000 тест-систем на 10 миллионов человек. Не все врачи умели правильно обращаться с ними. В последние дни в Таджикстан привезли большую партию средств защити и оборудования, а медики проходят срочное обучение для обеспечения качественного лечения.

В декабре в стране зафиксировали вспышку острого гриппа. Признаки были нетипичными для этой болезни: сильная лихорадка, кашель и рвота. Некоторые эпидемиологи утверждают, что большая часть населения уже переболела инфекцией COVID-19 и выработала иммунитет.

Вирусолог Михаил Фаворов считает, что существенную помощь оказало окуривание помещений сухой травой гармала, которую традиционно используют в Средней Азии. Она эффективно обеззараживает помещения. Весомый вклад в борьбе с вирусом внесли и религиозные привычки — перед чтением молитвы мусульмане совершают омовение. Люди пять раз в день тщательно моют руки, лицо и ноги, чем снижают риск заражения многими инфекциями.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон распорядился принять срочные меры по подготовке специалистов высокого уровня. Учреждения сферы здравоохранения должны быть готовы к приему множества больных с осложнениями пневмонии. Клиники получат современное медицинское оборудование и несколько аппаратов ИВЛ. Начато строительство больницы на 300 коек в Дангаринском районе. Во всех поселках будут созданы медицинские центры. Министерство социальной защиты начало набор группы волонтеров для проведения разъяснительных работ среди населения.

Занятия в школах, вузах и детских садах продолжаются, так как до сих пор не было выявлено ни одного случая заражения коронавирусом. Правительство ограничило проведение общественных мероприятий, чтобы избежать большого скопления граждан. Пятничные намазы в мечетях запрещены.

Россия отправила Таджикистану 20 000 тестов для выявления COVID-19. КНР передала наборы реагентов для выявления коронавируса для 2000 исследований, а также 1000 защитных комбинезонов и 500 бесконтактных термометров.

Читайте также:

Пожалуйста, не занимайтесь самолечением!
При симпотмах заболевания - обратитесь к врачу.