Нишонахо ва маълумот дар бораи вич спид

Савол ба мутахассиси со ҳ аи тиб Лола Шавкатовна

Сабаб ва пайдоиши Вируси норасоии масунияти одам дар чист?

ВНМО (ВИЧ) – Ин вируси норасоии масунияти одам мебошад. Ба оилаи вирусони ирти ҷ о ӣ (Retroviridae), ҷ инси лентивирус ҳ о (Lentivirus) дохил мешавад. Номи Lentivirus аз мазмун ӣ калимаи лотини lente-суст ӣ асос ёфтааст .

Барои лентивирус ҳ о инчунин давраи дурударози ни ҳ он ӣ хос аст . ВНМО–аз ҳ ама вируси омухташуда дар ҷ а ҳ он мебошад . Одамони бо ВНМО зиндагикунандаро, инчунин ВНМО – мусб ӣ ( мусб ӣ +), ё ин ки мубталои ВНМО меноманд.

ВНМО – соли 1983 дар ду лабаратория аз ҳ амдигар новобаста кашф гардидааст .

  • Дар Институти Пастер дар Фаронса та ҳ ти ро ҳ барии Люк Монтанье .
  • Дар Институти миллии бемори ҳ ои саратон дар ИМА та ҳ ти ро ҳ барии Роберт Галло .

Тад қ и қ отчиён пешни ҳ од намуданд , ки вирус ҳ ои аз ҷ ониби он ҳ о ҷ удошуда метавонанд боиси гирифтории Бемории пайдошудаи норасоии масуният (СПИД) гарданд . Дар соли 1986 маълум гардид , ки вирус ҳ ои аз ҷ ониби му ҳ а ққ и қ они Фаронсав ӣ ва Амрико ӣ дар соли 1983 кашфнамуда комилан ба ҳ ам мутоби қ анд . Нахустноми вирус ҳ о бекор карда шуда , як номи умум ӣ ВНМО пешни ҳ од карда шуд.

1) Тамос бо хун ( ҳ ангоми истифодаи сузандору ҳ о , хунгузарон ӣ , та ҷҳ изот ҳ ои тиббии тамизношуда )

2) Ало қ аи ҷ инс ӣ ( ҳ ангоми ало қ аи ҷ инс ӣ бо шахсони бегона бе истифода аз рифола )

3) Аз модар ба кудак ( ҳ ангоми ҳ омиладор ӣ , таваллуд , ширмакон ӣ )

Дар ҳ амаи моеъ ҳ ои биологии организм вирус ву ҷ уд дорад , ва дар 4- моеъҳоеи , ки нисбат ба ди гар моеъ ҳ о кансентратсияаш баланд мебошад ва сат ҳ и сироятёби нисбатан зи ёд аст.

3) Тарашу ҳ оти ма ҳ бал

Дар айни замон чунин намуди ташхисгузарон ӣ ву ҷ уд дорад :

1. Тести о ҷ ил ӣ

2. Анализи Имуноферменти

3. Имунаблот (Муаян кардани РНК вирус)

Мар ҳ илаи ноаён ӣ — аз 3 то 6 мо ҳ ро дар бар мегирад . Шахс метавонад сироят ёфта бошад, аммо дар муддати то 3 ё 6 мо ҳ мав ҷ уд будани вирус дар хун ҳ ангоми ташхиси лабаратори муайян карда намешавад.

Давраи инкубатсион ӣ аз 2 то 10 сол бе ягон аломат ҳ ои клиник ӣ давом меёбад, то пайдоиши Бемории пайдошудаи норасоии масуният

БПНМ (СПИД) – бемории пайдошудаи норасоии масуният. Мар ҳ илаи охирини сирояти ВНМО ин Бемории пайдошудаи норасои мебошад, ки метавонад бо гузашти аз 2 -15 сол вобаста ба ҳ олати масунияти инсон инкишоф ёбад . Барои БПНМ инкишофи баъзе намуд ҳ ои бемории саратон , сироят ҳ о ва дигар аломат ҳ ои вазнини клиник ӣ хос аст .

Оиди пешгирии Вируси норасоии масунияти одам каме ҳарф мезадед?

Чорабина ҳ о оиди кам кардани ха тари сироятёб ӣ аз ВНМО .

Риоя намудани тарзи ҳ аёти солим .

Истифодаи та ҷҳ изот ҳ ои тиббии яккарата .

Доштани тан ҳ о як ҳ амхоба ва истифодаи рифола ҳ ангоми ало қ аи ҷ инс ӣ бо шахсони бегона.

Муоинаи ҳ атмии шахсони аз му ҳ о ҷ ирати ме ҳ нат ӣ , ма ҳ бас , баргашта , нашъамандони инек қ ион ӣ .

Муоинаи ҳ атмии нико ҳ шавандагон то а қ ди нико ҳ .

Агар зани ҳ омила гирифтори ВНМО бошад , ҳ атман муоли ҷ аи зидди ретровируси гирад . Зан ҳ ое , ки табобати зидиретровирусиро гирифтаанд , ҳ ангоми таваллуд хавфи сироятёбии тифл то 2% мебошанд.

Барои табибон : Дар ҳ олати руй додани ҳ одиса ҳ ои нохуш дар ҷ ои кор ӣ зина ба зина гузаронидани чорабини ҳ ои зерин зарур аст .

А. Тамос бо хун ё дигар ма ҳ лул ҳ ои биологи дар ҳ олати осеб дидани пуст сурохшав ӣ , буридани пуст:

  • кашидани тарафи берунаи дастпушак ҳ ои кори ба дарун .
  • интизор шудан то ҳ олате , ки хун равад
  • бо собун дар зери оби равон шуста, хушконида ва баъд бо спирти этилии 70% , перекиси водородии 3% ҳ ангоми сурохшав ӣ , ва ма ҳ лули йоди 5% дар ҳ олати бур идан тоза кардани дастон, дар болои захм часпаквара қ монда , пушидани ангуштпушак лозим мебошад .

Б. Афтидани хун ва биомавод ҳ о ба луобпарда ҳ о :

  • ковокии да ҳ онро аввал бо об ва баъд бо спирти этилии 70% чай қ онед .
  • Ковокии биниро бо об шуста баъд бо ма ҳ лули 1% протаргол тоза кунед ё ма ҳ лули 20-30 % албутсиро чаконед .
  • Чашмонро бо дастони покиза бо об ё кислотаи борий 1% шуед ва баъд ма ҳ лули 20-30 % албутсидро чаконед .

Роҳҳои табобати ин бемори чи гуна аст?

Дар айни замон дору ҳ ое , ки барои боздоштани афзоиши сирояти ВНМО дар бадан равона карда шудаанд, мав ҷ уданд . Ин муоли ҷ аро –меноманд . Яъне , одами ВНМО — мусбат ҳ ангоми сари ва қ т сар кардани таъиноти зиддиретровирус ӣ метавонад умри дароз ва пурба ҳ о ба сар барад. Таиноти зидиретровирус ӣ аз 3 намуди дорувори иборат аст:

1. Ламивудин т/б 150мг

2. Зидавудин т/б 300мг

3. Невирапин т/б 200м

Зане, ки аз 3-мо ҳ зиёд табобати зидиретровирусиро гирифта бошад ва сат ҳ и имуни ( СД 4+ аз 350 ҳ у ҷ айра ) баланд бошанд ва сарбори вируси аз 500 копи дар як микролитри хун паст бошад зан метавонад к ӯ даки солим таваллуд кунанд.

Зан ҳ ое, ки табобати зидиретровирусиро гирифтаанд, ҳ ангоми таваллуд хавфи сироятёбии тифл то 2% мебошанд .

Зан ҳ ое, ки табобати зидиретровирусиро нагирифтаанд хавфи сироятёбии тифл аз 30-40 % мебошад.


Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар Тоҷикистон аз се то чаҳор нафар ба ВИЧ – вируси норасоии масунияти бадан – олуда мешудааст. Аммо коршиносон теъдоди воқеии гирифторони ин вирусро бештар аз ин ҳисоб мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки на ҳамаи мубталоёни ВИЧ ба пизишкон муроҷиат менамоянд.​

Дилафрӯз надонист, чӣ гуна ба ВИЧ мубтало шуд

Дилафрӯзи 23-сола дар ҳоле аз гирифториаш ба ВИЧ огоҳ шуд, ки тифли шашмоҳа дар батнаш мурд ва пизишкон хостанд, кӯдаки норасидро аз шиками модар берун оранд. Он замон ташхиси хуни ӯ нишон дод, ки ба вируси норасоии масунияти бадан олуда шудааст.

"​Тобистони соли гузашта издивоҷ кардам. Шавҳарам муҳоҷири корӣ дар Русия буд. Дар аввал намедонистам, ки олудаи ин вирус аст. Вақте табибон гуфтанд, ки маҳз аз роҳи иртиботи ҷинсӣ бо ӯ сироят ёфтаам, шавҳарам иқрор кард, ки мубталои ин вирус буд", - нақл кард Дилафрӯз.

Ҳоло табибон ба ин зан ҳомилашавиро иҷозат надода, хостанд, ки аввал ҳамроҳи шавҳараш табобат гирад.


Ба монанди Дилафрӯз дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар бадани 321 нафар ин дарди бедармон ошкор шуд. Рақаме, ки дар нигоҳи аввал намешавад ба он бовар кард. Аммо воқеият чунин аст, ки ҳар моҳ дар як кишвари хурди Тоҷикистон дастикам сад нафар олудаи ин вирус мешаванд.

Муҳоҷирон -- қишри осебпазир

Мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, дар миёни олудашудаҳо аз се ду нафарашон тавассути иртиботи ҷинсӣ аб ин беморӣ печидаанд. 90 дарсади онҳо аз 15 то 49-солаанд. Ба гурӯҳи осебпазир дар баробари ин вирус, мӯътодони маводи мухаддир, муҳоҷирони корӣ ва ҳам онҳое дохил мешаванд, ки иртиботи бебандубори ҷинсӣ доранд. Теъдоде ҳам аз роҳҳои номаълум ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.


ВИЧ/СПИД яке аз бемориҳои хатарноки қарни 20 унвон мешавад, ки табибону олимон то ҳол барои табобати он доруеро кашф накарданд. Аввалин мавриди гирифторӣ ба ВИЧ-СПИД дар Тоҷикистон 27 сол пеш сабт шуд. Тоҷикистон дар миёни чанд кишвари камшумори ҷаҳон аст, ки ин вирус дар он дар муддати 10 соли гузашта 25 дарсад афзудааст. Аз замони пайдо шудани беморӣ дар кишвар, то кунун беш аз 2400 нафар ҳалок шудаанд. Танҳо дар як соли гузашта, 1207 ҳолати сироятёбӣ ба ин вирус ошкор шудааст.

"Тоҷикистон бояд худаш сармоягузорӣ кунад"

Табибон мегӯянд, дар сурати саривақт ошкор шудани нишонаҳои олудагии хун ба ин вирус, ҷони нафарони зиёдро мешавад наҷот дод. Муолиҷаи СПИД хароҷоти калонро талаб мекунад ва танҳо як марҳилаи табобаташ то 8000 доллар арзиш дорад. Барои кумак ба гирифторони СПИД дар Тоҷикистон аз солҳои 90-ум созмонҳои байналмилалӣ дасти ёрӣ дароз кардаанд.


Ахиран созмонҳои байналмилалӣ эълон карданд, ки сармоягузорӣ дар барномаҳои мубориза бо ВИЧ-СПИД дар кишварҳои минтақаро ба тадриҷ коҳиш хоҳанд дод. Таҳлилгарон ҳам мегӯянд, Тоҷикистонро зарур аст, ки худаш барои сармоягузорӣ ба ин барномаҳо омода шавад, дар акси ҳол бо чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад омад.

Мақомот мегӯянд, то кунун даҳҳо барномаи ҷилавгирӣ аз бемории мазкурро қабул кардаанд ва соли 2017 Стратегияи миллии мубориза бо ВИЧ-СПИД барои солҳои 2017-2020 тасвиб шуд. Ба қавли мақомот, ҳадафи ниҳоии онҳо ошкор кардани тамоми гирифторон ва муолиҷаи онҳо аст, то зиндагии комил дошта бошанд.

Мақомот: "Гирифторӣ ба ВИЧ/СПИД коҳиш ёфтааст"

Дилшод Сайбурҳонов, муовини раиси Маркази мубориза бо бемории вируси норасоии масунияти бадан, рӯзи 28-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин сироятёбӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта даҳ дарсад камтар аст. Ин ҳамсӯҳбати мо сатҳи сироятёбии сокинон ба ин вирусро ташвишовар намедонад ва мегӯяд, сатҳи эпидемия нисбат ба кишварҳои ҳамсоя дар Тоҷикистон пасттар аст.


"Агар дар Русия ба сад ҳазор аҳолӣ 700 нафар, Украина 670 ва Қазоқистон 143 нафар сироятшуда рост ояд, дар Тоҷикистон ба 115 нафар баробар мебошад. Дар муқоиса ба меъёри Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Тоҷикистон чандон дар сатҳи баланд нест", - гуфт ӯ.

Аз сӯи дигар, кишварҳоеро, ки Дилшод Сайбурҳонов номбар кард, дар муқоиса бо Тоҷикистон чандин миллоин бештар аҳолӣ доранд.

Чанде пеш Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз мақомоти дахлдор хост, дар фурудгоҳҳо, истгоҳи роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ нуқтаи ташхиси фаврии тиббӣ ташкил кунад. Пешниҳоди ташхиси муҳоҷирони тоҷик ҳангоми бозгашт ба ватан дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии кишвар онҳоро “афроди осебпазир аз нигоҳи сироятёбӣ ба бемории ВИЧ” номидааст.

Шумораи умумии гирифторони вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ СПИД) наздики 8 ҳазорро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 5 ҳазору 220 нафарашон бо табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шудаанд. Зимнан, дар Барномаи миллии муқовимат ба эпидемияи вируси масунияти бадан, ки барои солҳои 2017-2020 тасвиб шудааст, аз афзоиши гирифтории кӯдакон ба ин вирус аз роҳҳои номаълум изҳори нигаронӣ шудааст.


Фоҷеаи ҷаҳонӣ. Мудҳиштар аз онро таърихи башар зиёд дида, вале ин маргест тадриҷӣ. Мубталоёни ВНМО роҳи дигаре ҷуз марг надоранд. Вале ба умеде, муъҷизае ҳаёт ба сар мебаранд. Ин афрод медонанд, ки муолиҷа намешаванд, вале ба ҳаёт, ба оянда бо дили гарм дида медӯзанд. Ҳеч касе дар олам ҳақ надорад касеро ба марг маҳкум кунад. Ва то ҳастем, онҳо низ канори моянд. Бигзор бо мо бошанд, ҳамеша ва то абад. Бигзор биханданд, аз лаҳзаҳои хуш лаззат баранд. Дар ғам ғамгин, дар шодӣ шод бошанд. Онҳо канори мо буданд ва хоҳанд буд. Онҳо як тане аз моянд.

Фалсафаи Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ВНМО низ дар ҳамин нуҳуфта. Мубориза бо беморӣ, на ки бо муталошудагонаш. Инсоният соле як рӯз – аввали моҳи декабрро чун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ин фалокати қарн таъин кардааст, то ҳамагон эътироз кунанд: Нест бод ВНМО!

Пӯшида нест, ки СПИД ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. Беморӣ, ки ҳамчун аломати норасоии масъунияти бадан муайян карда мешавад, аз аввали солҳои 80-и асри XX маълум аст. Имрӯзҳо тибқи маълумоти СММ ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар ба вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синнашон аз 14 то 20 сола ташкил медиханд.

Аз рӯзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон тақрибан 60 млн, нафар одамон ба он сироят шуда, 20 млн нафари онҳо ба халокат расиданд. Ва ин хеле ташвишовар аст.

Ба ВИЧ, занҳо, мардҳо ва кӯдакон гирифтор шуда метавонанд. Барои ВИЧ-СПИД синну сол ва миллат вуҷуд надорад. Одамоне, ки ба вируси ВИЧ дучор шуданд, давоми чандин сол худро тамоман солим ҳис мекунанд. Як нишонаи беморӣ низ ноаёнии он аст. Вале худи одам барои атрофиёнаш хатарнок аст ва метавонад бемориро фаъолона паҳн кунад. Аз сироят то пайдо шудани аломат ва нишонаҳои клиникӣ аз 1 то 5 ва 10 сол гузаштанаш мумкин аст.

Одамон ба ин беморӣ бо ин роҳҳо сироят мешаванд:

  1. Ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсоне, ки гирифтори вируси ин беморӣ мебошанд. Он аз мард ба зан, аз зан ба мард, аз мард ба мард гузашта метавонад.
  2. Ҳангоми хунгузаронӣ бо воситаи хуне, ки дар таркибаш ин вирус вуҷуд дорад. Бештари мубталоён нашъамандонанд, бахусус истеъмолкунандагони тазриқии маводи мухаддир. Бо як сӯзандору чанд нафар мухаддирот истеъмол мекунанд ва агар дар он ҷамъ 10 нафар бошаду яке сироятшуда, пас он даҳ тан ҳатман сироят меёбанд.
  3. Аз модари дорандаи ин вирус ба кӯдак ҳангоми ҳомила, таваллуд ва шир додан аз пистон.

Бештар киҳо гирифтори ин беморӣ мегарданд?

ВИЧ-СПИД дар байни шахсоне, ки ба гурӯҳи хатар таааллук доранд, бештар дида мешавад. Инҳо бештар нашъамандонанд, ки героинро тазриқӣ истеъмол мекунанд ва занону мардоне, ки даст ба фоҳишагӣ мезананд, бо афроди зиёд ҳамхобагӣ мекунанд.

ВИЧ-СПИД бо ин роҳҳо сироят намешаванд;

  • ба воситаи асбобҳои рӯзгор
  • нафаскашӣ, сулфидан
  • оғӯш гирифтан, бӯсидан
  • ҳангоми неш задании хашарот ё газидан
  • ҳангоми бо гирифтори ВИЧ-СПИД вохӯрӣ кардан

Соли гузашта дар Тоҷикистон 1422 ҳолати нави сирояти вируси норасоии масунияти бадан ошкор карда шудааст. Ба ин тартиб, ҳар рӯз дар Тоҷикистон то чаҳор нафар ба ин вирус гирифтор мешудаанд.

Масъулини Вазорати тандурустӣ гуфтанд,ки аксари шаҳрвандон дар Тоҷикистон ё 72,6 дарсад бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба вируси норасоии масъунияти одам сироят ёфтанд. Ба қавле, дигар гирифторшудагон ба вируси норасоии масъунияти бадан аз роҳҳои тазриқӣ, аз модар ба кӯдак ва аз роҳҳои номаълум гирифтори ин вирус шудаанд.

Ҳар инсон бояд худро аз хатарҳои сироят шудан ба ин бемориҳо ва вирусҳои ҳалокатовар ҳифз кунад!

Исроил Иброҳимов,

мутахассиси шӯъбаи маркетинг

ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ.

Дар ин мавзуъ дар Китобхонаи миллӣ боз метавонед матолиби зеринро ҳам мутолиа намоед:

Бо забони тоҷикӣ:

Нақшаи миллии арзёбӣ ва баҳодиҳии Барномаи мубориза бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2010. – Душанбе, 2007. – 164 с.

Курси таълимӣ оид ба масоили ВИЧ ва СПИД барои пешвоёни мусулмон: Роҳнамо барои мураббиён. – 2008. – 132 с.

ВИЧ / СПИД аз дидгохи ислом. – Душанбе, 2009. – 72 с.

Сафар, М. Агар хомӯш бинишинӣ, гуноҳ аст: Якуми декабр Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди Вич СПИД // Ҷумҳурият. – 2008. – 2 декабр.

Абдуҳамидов, Н. ВИЧ ва ҳуқуқҳои инсон оиди ВИЧ ва СПИД // Тоҷикистон. – 2009. – 11 июн.

Воҳидов, У. Спидро пешгирӣ бояд кард: Оиди ин беморӣ // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2011. – 30 ноябр.

Бобоев, Н. СПИД - вабои аср: Оиди роҳҳои пешгирии бемории Вич / СПИД // Хуросон. – 2017. – 9 феврал.

Замон, С. ВИЧ / СПИД - бемории марговар: Оиди мубориза бар зидди бемории ВИЧ / СПИД // Паёми донишҷӯ. – 2018. – №6. – феврал.

Сайбурҳонов, Д. Беморӣ рӯ ба коҳиш аст: Мусоҳибаи рӯзноманигор Б. Холмуродов бо муовини директори Муассиаи Давлатии "Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам (ВНОМ) перомуни ВИЧ СПИД // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2018. – 12 апрел.

БПНМ –СПИД - бемории хавфнок: Омилҳои паҳншавии ВНМО // БПНМ // Ҳисори Шодмон. – 2018. – 27 апрел.

Аз Спид эҳтиёт бошед!: Маълумоти умумӣ дар бораи ВНМО / БПНМ // Гулхани Восеъ. – 2018. – 18 май.

Маҷидова, А. Сухани бемор дар дами марг: Дар бораи ВИЧ СПИД // Шуѓл ва муҳоҷират. – 2018. – 11 декабр.

Гадоев, И. Масъулиятро фаромӯш насозед: Оиди бемории сироятии ВНМО // Навиди Балх. – 2019. – 1 март.

Раупов, Ф. Ба саломатӣ муносибат набояд дуюмдараҷа бошад: Дар бораи бемории вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) // Садои мардум. – 2019. – 5 март.

Ҳайдар, С. Табобату пешгирии сатҳи ҷаҳонии ВНМО дар Тоҷикистон: Дар бораи вируси норасоии масъунияти одам // Самак. – 2019. – 13 ноябр.

Бо забони русӣ:

Диксон, П. СПИД и ты. – Бишкек, 2006. – 144 с.

Клинические рекомендации: Вич - инфекция и СПИД. – Москва: ГЭОТАР-Медиа, 2007. – 128 с.

Вич-инфекция и СПИД. – Москва: Вич-инфекция и СПИД. – 2014. – 528 с.

Бекназаров, М. "Ежедневно 7000 людей инфицируются ВИЧ" Интервью М Очилдиева с секретарем Национального координаионного комитета по профилактика и борьбе с ВИЧ СПИДам Республика Таджикистана М.Бекназарова // ВечернийДушанбе. – 2011. – 1 июня.

Мансуров, Ш. Нравственность - главное оружие против СПИДа: Беседовала Яна Якубова с врачем - иммунологом Шахло Мансуровой // Рекламная газета. – 2018. – 4 января.

Ризвоншоева, А. СМИ играют немаловажную роль в борьбе с вирусными заболеваниями "Борьба со спидом" // Народная газета. – 2018. – 14 ноябр.

Таҳияи Ҳусния Назарова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ



80 дарсади сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам дар кишварҳои ИДМ, нерӯи корӣ буда, 75 дарсади онҳоро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд, — чанде қабл ба чунин хулосаи амиқ омада буданд коршиносон.

Натиҷаҳои як назарсанҷии ахир муайян намудааст, ки муносибати аксарият нисбат ба афроди бемор дар коргоҳҳо ҳамоно тағйир наёфтааст. Ҳудуди 50 дарсади пурсидашудаҳо гуфтанд, ки аз ҳамкорони бемори худ ҳазар мекунанду бояд ин гурӯҳи одамон аз кор ронда шаванд…

Тибқи омор ҳам, беш аз нисфи гирифторони бемории СПИД тариқи сӯзандору ва қариб 30 дарсади дигар аз тариқи робитаи ҷинсӣ гирифтори ВИЧ шудаанд. Аммо таҳлилҳо нишон додаанд, ки хатари олудашавӣ ба сирояти СПИД дар ҳама соҳаҳо ва касбу кори гуногун, аз ҷумла дар сохтмон ҳам кам набудааст.

ВНМО / БПНМ чист ва чиро мефа ҳмонад?



Марҳилаи охирини сирояти ВНМО ин Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ) мебошад, ки метавонад бо гузашти 2-15 сол вобаста ба ҳолати масунияти инсон инкишоф ёбад. Барои БПНМ инкишофи баъзе намудҳои бемории саратон, сироятҳо ва ё дигар аломатҳои вазнини клиникӣ хос аст.

Бар асоси омори ҷаҳонӣ ҳудуди 40 миллион нафаре, ки ба вируси норасоии масунияти бадан олуда шудаанд, дар бахшҳои мухталифи иқтисод фаъолияти корӣ доранд. Аз ин ҷост, ки ахиран Созмони ҷаҳонии кор чиҳати боло бурдани огоҳии сохтору корфармоён дар роҳи пешгирӣ аз ин беморӣ ва таъмини солимии кормандон давраҳои кӯтоҳмудати омӯзиширо ба роҳ монд.


Собир Аминов, ҳамоҳангсози созмони байналмилалии меҳнат дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи аслӣ аз ташкили ин ҳамоиши минтақавӣ бо ҷалби диққати корфармоён ва кормандони ҳифзи иҷтимоӣ ба ин масъала, фароҳам овардани шароити бехатари корӣ аст.

Дар Тоҷикистон борҳо масъалаи ҷилавгирӣ аз густариши бемории вируси норасоии масунияти баданро бо раҳбарони созмонҳои иҷтимоӣ ва рӯҳониён баҳс кардаанд.

Ба гуфтаи масъулин, аз сабабе, ки кормандони соҳаи тиб бештар бо хун тамос доранду хатари гирфторшавии онҳо ба бемории СПИД зиёд аст, солҳои охир таваҷҷӯҳи аслӣ маҳз ба ин самт равона шуда, шароити бехатариро дар соҳаи тиб бештар ба роҳ мондаанд.


High school students make a formation in the shape of a red ribbon during a campaign to mark World AIDS Day in Seoul, South Korea. (Ahn Young-joon/Associated Press)

Хориҷ кардани корманди бемор аз кор ҳам амали ғайриқонунӣ аст. Корфармоён бояд танҳо вобаста ба шакли кор ба кормандон тамоми шароити заруриро ҷиҳати ҷилавгирӣ аз сирояти ВИЧ-СПИД фароҳам оварда, дар боло бурдани сатҳи огоҳии кормандон оид ба ин беморӣ мусоидат кунанд. Барои он, ки шахс тавонад бехатарии худро риоя кунад вай ҳатман бояд шароит ва маълумот дошта бошад. Таъмини кормандон бо маводҳои пешгирикунанда ва афзудани дониши онҳо оид ба ин беморӣ вазифаи аслии корфармо аст. Дар ҳар маврид шахс бояд пеш аз ҳама қоидаҳои бехатариро донад, барои мисол дар бораи он, ки дар кадом маврид бо хуни шахси бегона тамос кардан мумкин аст ва барои ин ҳатман бояд аз воситаҳои бехатарӣ дастпӯшакҳо, айнак, бинибанд истифода кард.

Бо тасвиби як санади вижа Созмони ҷаҳонии кор оид ба масъалаҳои СПИД дар соҳаи меҳнат, тамғагузорӣ, табъиз, аз кори хориҷ кардани афроди мубтало ба ВИЧ-ро маҳкум кардааст. Аммо гуфта мешавад, дар Тоҷикистон ҳастанд ҳолатҳое, ки бо сабаби беморӣ, сироятёфтагон ба кор қабул намешаванд.


Натиҷаҳои як назарсанҷии ахир муайян кардааст, ки муносибати аксарият нисбат ба афроди бемор дар коргоҳҳо ҳамоно тағйир накардааст ва ҳудуди 50 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки аз ҳамкорони бемори худ ҳазар мекунанду бояд ин гурӯҳи одамон аз кор ронда шаванд.

Бо ин ҳол омори расмӣ мегӯяд, ки дар Тоҷикистон то 1-уми апрели соли 2011, 3 ҳазору 51 нафар бо ҷисми олуда ба вируси норасоии масунияти бадан ё Вич-СПИД ба қайд гирифта шудаанд, ки беш аз 80 дарсади онҳо ҷавонон, нерӯи аслии корианд.

Таърихи пайдошавии вируси норасоии масъунияти бада н


Аввалин маротиба маълумот дар бораи олудашавӣ аз ин беморӣ соли 1979 пайдо шудааст. Соли 1983 профессорон Люк Монтанье ва Роберт Галло – яке аз Фаронса ва дигаре аз ИМА вируси норасоии масунияти баданро маълум кардаанд. Соли 1984 бошад, нахустин системаҳои лаборатории барои муайян ва ошкорсозии беморӣ кушода шуд. Солҳои 90-уми асри ХХ СПИД тамоми сайёраро фаро гирифт. Тибқи пешгӯии Созмони ҷаҳони тандурустӣ шумораи беморон дар соли 2017 ба 35 — 45 миллион нафар хоҳад расид. Ҳамзамон, тибқи маълумоти омор то 1.10.2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман 1333 нафар гирифтори бемории ВИЧ/СПИД ба қайд гирифта шудааст. Ба ин бемории марговар дар чунин ҳолатҳо гирифтор шудан мумкин аст:

  1. Ҳангоми истифода бурдани сӯзандоруҳои умумӣ ва дигар асбобҳое, ки бо хуни шахси сироятшуда дар алоқа қарор доштанд.
  2. Ҳангоми алоқаи ҷинсии ҳимоянашуда, бо шарики ҷинсии сироятшуда, ки дар вақти алоқаи ҷинсӣ.
  3. Аз модари мубталошудаи ин сироят метавонад ба кӯдак ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва синамаконӣ гузарад. Шахсе, ки ба ин беморӣ гирифтор мешавад, метавонад солҳои дароз бе нишона зиндагӣ кунад. Ин беморӣ нишонаҳои зоҳирӣ надорад, баъди чанд вақт метавонад системаи худмуҳофизатии одамро суст кунад.


Мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон шахс (ё корманди тиббӣ) аз шахсони бо ВНМО сироятшуда ҳуқуқи талаб кардани маълумоти зарурӣ оид ба бемори бе розигии онҳо надорад. Ҳангоми вуҷуд доштан ё пайдо шудани нишонаҳои клиникии бемории ВНМО/БПНМ дар шахсоне, ки ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд, табибон бояд онҳоро барои гузаштани ташхиси ВНМО равон кунанд. Ҳангоми мусбат будани ташхиси хун, шахс метавонад худаш статусти худашро ба духтури табобатиаш ошкор кунад.

— То чӣ андоза махфӣ будани номи гирифторони беморони ВНМО ба манфиат аст?


Дар асоси моддаи 11-уми Қонуни мазкур маълумот дар бораи сирояти ВНМО ё мубталои ин беморӣ сирри тиббӣ буда, онро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз мекунад.

ВНМО бо чунин роҳҳо интиқол меёбад: тавассути хун ва дигар моеъҳои организм: нутфа, тарашшӯҳи маҳбал, сафро (мавриди алоқаҳои ҷинсии ҳифзнашудаи хелҳои гуногун, гузаронидани хуни сироятшуда, тавассути сӯзандоруҳои тамизнашуда аз модар ба навзод ҳангоми таваллуд, ҳангоми истифодабарии асбобҳои тиббии тамизнашуда ва мавҷудияти ҷароҳат дар пардаҳои луобии пизишк ва ё бемор), шири пистон (ҳангоми ширмакконї).

ВНМО интиқол намеёбад: тавассути оби даҳон ва арақи бадан; бо роҳи дастфишурӣ ва дигар алоқаҳои рӯзмарра: оғӯшгирӣ, сӯҳбат, сулфа/атсазанӣ; тавассути нешзании ҳашарот ва газидани ҳайвонот; тавассути ашёи маишӣ ва молҳои канселярӣ; ҳангоми ташрифи якҷоя ба ҳавзи шиноварӣ/душ/ҳаммом/ошхона, ҳангоми истифодабарӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ ва бехабарӣ аз хурокхурии якҷоя.

Дар Тоҷикистон то соли 2008 яке аз роҳҳои паҳнгардидаи интиқолёбии вирус ин сӯзандору буд, тавассути асбобу олотҳои тамизнашудаи истифодабарандагони маводҳои нашъаовар. Айни замон афзоиши интиқоли вирус бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, тавассути алоқаҳои ҳифзнашудаи шаҳватӣ мушоҳида шудааст.

Рамзи ҳаракати глобалӣ бар зидди паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ин — Тасмаи сурх мебошад.

Коршиносон ва табибони Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид (ООН) оид ба мубориза алайҳи СПИД тахмин мекунанд, ки то соли 2030 паҳншавии ин маризии марговар боздошта мешавад. Аз маърӯзаи ин Созмон, ки дар гузарвожаи расмии он ҷойгир шудааст, бармеояд, ки дар солҳои наздик хатари паҳншавии (эпидемияи) СПИД манъ карда мешавад.


Дар маърӯза ҳамчунин гуфта шудааст, ки барои ин бояд тарзҳои нави мубориза бо “вабои асри ХХ” истифода бурда шавад. Барои ҷорӣ кардани технологияҳои нави мубориза бояд 35 миллиард доллари ИМА сарф карда шавад. Вале, ин маблағгузорӣ метавонад 21 миллион нафарро аз марг наҷот диҳад ва 28 миллион нафарро аз гирифторӣ ба ин маризӣ эъмин дорад. Ин амалҳо метавонанд зиёда аз 24 миллиард доллари ИМА-ро сарфа намоянд, ки ҳамасола барои хариди доруворӣ равона карда мешавад.


Танҳо дар соли 2014-ум 2,1 миллион одам гирифтори СПИД шудаанд. Нисбат ба соли 2001 ин нишондод зиёда аз 38 фоиз камтар мебошад. Ҳамзамон, дар давраи солҳои 2005-2013 миқдори фавтидагон аз СПИД 35 фоиз кам шудааст.

СПИД (аз русӣ: синдром приобретённого иммунного дефицита аломмати норасоии масъунияти бадан) бемориест, ки онро вируси норасоии масъунияти бадан ВИЧ ба вучуд меорад.

СПИД-ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. Бемори, ки хамчун аломати норасоии масъунияти бадан муайян карда мешавад, аз аввали солхои 80-и асри XX маълум аст. Имрузҳо тибки маълумоти Барномаи Муттахидаи СММ оид ба мубориза алайхи СПИД хар руз дар чахон 16 хазор нафар аз вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, Ки такрибан 50%-ро чавонони синнашон аз 14 то 20 сола ташкил медиханд.

Аз рузи пайдо шудани ин бемори дар ҷаҳон такрибан 60 млн. нафар одамон аз вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ) сироят ёфтанд, Ки аз онхо 20млн. нафар ба халокат дучор шуданд.

ВИЧ ва СПИД — ЧИСТ?

СПИД — (аломати норасоии масьунияти бадан) бемориест. ки онро вируси норасоии масьунияти Балан ВИЧ ба вучуд меорад.

ВИЧ — (вируси норасоии масьунияти бадан) барангезандаи бемории СПИД мебошад. Хангоми ба вучуди одам дохил гаштани вирус на хама вакт нишонахои бемори дида мешавад. аммо он шахсон метавонанд дигаронро сироят кунанад. ВИЧ- бевосита ба хучайрахои системаи худмухофизати (иммунии) инсон зарар мерасонад. Вирус хучайрахои системаи иммунии оринизмро хароб карда, вайро аз кобилияти таббии х^дмухофизат махрум месозад. )

Хуни инсон аз заррачахои сафеди хч н (лейкоиитҳо) ва заррачаҳои сурхи хун (эритротситҳо) иборат мебошад. Лейкоцитхо ба системаи иммуни тааллук дошта. организми инсонрр аз микроб) вирусхои касалиовар мухофизат мекунанл, Вале вируси норасоии масьунияти бадан бевосита ба таркиби лейкоиитхо ва лимфоиитхо ворид гашта, онхоро нобуд месозад. Барон хамив системаи хулмухофизати одам сует мегардад. Он кадаре. ки вируси ВИЧ лейкоцитхоро зиёд нобуд кунад, хамон кадар системаи иммунии инсон хароб мегардад.

Суcт ва хароб гаштани иммунитети инсон боиси авч гирифтани хар гунна беморихои сирояткунанда шуда метавонад. СПИД- ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. Бемори. ки хамчун аломати норасоии масьунияти бадан муайян карда мешавад. аз авали солхои 80 асри XX маьлум аст. Имрузхо тибки маьлумоти Барномаи Муттахидаи СММ оид ба мубориза алайхи СПИД хар руз дар чахон 16 хазор нафар аз вируси норасоии масьунияти бадан сироят меёбанд, ки такрибан 50%-ро чавонони аз 14 то 20 сола ташкип медиханд.

Аз рузи пайдо шудани ин бемори дар чахон такрибан бОмлн. нафар одамон аз вируси норасоии масьунияти бадан (ВИЧ) сироят ёфтанд, ки аз онхо 20млн. нафар ба халокат расиданд.

НИ Ч-l 11Г//Х iuuuiivaii \ja ^ пли , п , v/ март дар чахон ворид шудааст. ибтидои шидемияи ВИЧ-СПИД дар мамолики муштаракул манофеь ба кайд гирифта шудааст. То 80%-и ходисаҳои сирояти ВИЧ-СПИД дар МММ ба нашьамандон, ки моддахои нашьаоварро ба воситаи сузаидору ба рагхои хун мегузаронанд, ба кайд гирифта шудааст. алхол дар Чумхурии Точикистон 305 нафар. дар вилояти Суғд 88 нафар. дар шахри Исфара 22 нафар шахсони гирифтори ВИЧ ба кайд гирифта шудаанд. Чи тавр вирус сироят мекунанд?

Ба ВИЧ, занхо. мардхо ва кудакон гирифтор шуда метавонанд. Барои ВИЧ-СПИД синну сол ва миллат вучуд надорад. Одамоне, ки ба вируси ВИЧ дучор шуданд дар давоми чандин сол худро тамомант солим хис мекунанд. Вале худи и\) одам барои атрофиёнаш хатарнок аст ва метавонад бемориро фаьолона пахн кунад. Аз сироятшави то пайдо шудани аломат ва нишонахои клиники аз 1 то 5 ва 10 сол гузаштанаш мумкин аст. Роҳҳои гирифторшави ба бемории СПИД Асосан се рохи гирифторшавии вирус вучуд дорад:
Хангоми алокаи чинси бо шахсоне. ки гирифтори вируси ин бемори мебошанд. Бемории СПИД аз мард ба зан, аз зан ба мард. аз мард ба мард гузашта метавонад.
Хангоми хунгузарони бо воситаи хуне. ки дар таркибаш вируси СПИД вучуд дорад. Хангоми истифодаи сузандорухои тамьиз нашуда, Во ин рох бештар нашьамандон гирифтор мешаванд. Азбаски онҳо бо як сузандору ба якчанд нафар шахсон моддахои нашьаоварро мегузаронанд.
Аз модари дорандаи ин вирус ба кудак хангоми хомила, таваллуд ва макконидани навзод.

Бештар кихо гирифтор\ ин бемори мегарданд?

ВИЧ — СПИД дар байни шахсоне. ки (хатарноук таааллук доранд. бештар дид Бо нашьамандоне, ки моддахои нашь сузандолрухо мегузаронанд ва ин асбоб намекунанд, бо занҳои сабукфикр ва фс шахсоне, ки бо одамони камшинос алокаи чинси мекунанд бо гомос (шахсоне, ки алокаи чинси мард бо ME биосексуалистхо (алокаи чинси ҳам бо бо зан).

ВИЧ-СПИД бо дигар рох сироят намешаванд
1.ба воситаи асбобхои рузгор
2.бе воситаи нафаскаши. сулфидан
3.ба огуш гирифтан. бусидан
4.хангоми неш задании хашарот ё газидг
5.хангоми бо гирифтори ВИЧ-СПИД во> кардан
6.шахсоне, ки ба гирифтори ВИЧ-СПИД мекунанд

Читайте также:

Пожалуйста, не занимайтесь самолечением!
При симпотмах заболевания - обратитесь к врачу.